Среда, 24.04.2024, 12:43
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 7
Гостей: 7
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Аҳамияти шарҳиҳолии қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - Иншо

Аҳамияти шарҳиҳолии қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Нақша:
Муқаддима

1.      Мухтасари ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир

2.      Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» ва мундариҷаи он

3.      Қисмҳои қасидаи «Шикоят аз пирӣ»

4.      Хулоса

Устод Рӯдакӣ бо хизмати илмиву адабӣ ва мақому манзалати таърихии худ на танҳо асоси адабиёти тоҷикро, балки асоси кулли адабиёти форсизабонони ҷаҳонро тарҳрезӣ намедааст.

Бинобар ин, Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро тамоми форсизабонони дунё, дар ҳақиқат, чун поягузори адабиёти зуд мешиносанду эътироф менамоянд.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти имрӯза ба дунё омадааст. Номи аслии ӯ Ҷаъфар буда, дар андак замон ба дараҷаи бузургтарин мардони номвари ҷаҳонӣ шинохта шуд. Абӯабдуллоҳ номи эҳтиромии ӯст. Аз гуфтаи баъзе сарчашмаҳо маълум мегардад, ки Рӯдакӣ дар кӯдакӣ саводи комил бароварда, ҳанӯз аз синни ҳаштсолагӣ ба эҷоди шеър пардохтааст. Ӯ дар мадрасаи шаҳри Самарқанд таҳсил намуда, илми балоғат, луғат, ҳикмат, таърих, риёзат ва нуҷумро ба дараҷаи олӣ аз худ намудааст. Баъдтар ба шаҳри Бухоро омада, ар дарбори Сомониён хизмат намудааст. Рӯдакӣ пас аз гирудорҳои рӯзгор боз ба деҳаи худ баргашт. Баъди се соли бозгашт, яъне соли 941 шоир аз олам даргузашт. Мероси адабии шоир басе рангин мебошад. Рӯдакӣ ҳарчанд ашъори ниҳоят зиёд эҷод карда бошад, то имрӯз аз он ашъори бешумор ба мо байтҳои пароканда аз достону маснавиҳои «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Даврони офтоб», қасидаҳои «Модари май» ва «Шикоят аз пирӣ» боқӣ мондааст.

Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» дорои 34 байт буда, аз нигоҳи мавзӯъ шарҳиҳолӣ мебошад ва дар айёми пириву рӯзҳои сахти шоир эҷод гардидааст. Дар қасида шоир лаҳзаҳои муҳимтарини рӯзгори худ ва пастию баландиҳои онро ба ёд овардаастю Устод Рӯдакӣ ҳаёти гузаштаи ширини афсонавӣ ва рӯзгори ҳозираи талхи воқеии худро як-як пеши назар оварда, аз овони ҷавонӣ бо ҳасрат ва аз даврони пирӣ бо андӯҳ ёд мекунад.

Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» аз нигоҳи устухонбандӣ ба панҷ қисмат ҷудо карда шудааст. Қисмати якум шикояти шоир аз ранҷу дарди пирӣ аст. Аз рӯйи гуфтаи шоир, фалокате ба сараш меояд ва аз таъсири он дандонҳояш мерезанд. Дар ҳамин ҷо тасвири ин манзараи маҳзунро бо ҳама гуна санъатҳои рӯзгор вобаста медонад:

Маро бисуду фурӯ рехт ҳар чӣ дандон буд,

Набуд дандон, ло бал чароғи тобон буд.

Сапеду симзада буду дурру марҷон буд,

Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.

Яке намонд кунун, з-он ҳама бисуду бирехт,

Чӣ наҳс буд? Ҳамоно ки наҳси Кайвон буд.

На наҳси Кайвон буду на рӯзгори дароз,

Чӣ буд? Ман-т бигӯям: қазои Яздон буд.

Баъдан, дар қисмати сеюм шоир масъалаи ҳамеша дар ҳаракат будани одаму оламро ба қалам медиҳад. Рӯдакӣ баъди омӯхтани олами воқеӣ ба хулосае омадааст, ки олами моддӣ якранг набуда, ҳамеша дар гардиш аст:

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст,

Ҳамеша, то бувад, оин-ш гирдгардон буд.

Сониян, дар қисмати сеюми қасида, саргузашти шахсии худи шоир нақл карда мешавад. Ӯ дар ин қисмат аз ҷавониву зебоии худ меболад. Ҳанӯз аз ҷавонӣ дили шоир хазинаи ганҷи сухан буд, дар шеъру шоирӣ ном бароварда буд ва ҳамеша шоду хурсанд буду ғаму андӯҳро намедонист.

Дилам хазонаи пурганҷ буду ганҷ-сухан,

Нишони номаи мо мӯҳру шеър унвон буд.

Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад,

Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд.

Қисмати чаҳоруми қасида мақому манзалати шоирӣ ва обрӯву эътибори шоирро дар дарбори Сомониён фаро гирифтааст. Дар ин қисмат шоир ҳаёти пурифтихорри гузаштаи худро бо оҳанги ғамангез ба хотир меоварад. Ӯ дар ҷавонӣ ба дараҷаи султони шоирон расида, шоири Хуросон ва пешвои мирон гаштани худро чунин таъкид мекунад:

Шуд он замона, ки мӯяш ба сони қатрон буд,

Шуд он замона, ки рӯяш ба сони дебо буд.

Шуд он замона, ки ӯ шод буду хуррам буд,

Нишоти ӯ ба фузун буду ғам ба нуқсон буд.

Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт,

Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

Қисмати панҷуми асар танҳо аз байта иборат аст, ки ифодакунандаи азобу кулфатҳои шоир будааст:

Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,

Асо биёр, ки вақти асою анбон буд.

Ҳамин тариқ, Рӯдакӣ аввалин устоди суханест, ки аз таҷрибаи рӯзгор ҳарф задааст. Ӯ дар ин соҳа муаллиме будааст, кт ҳама бояд аз ӯ дарси ибрат мегирифтанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки мактаби ахлоқии шоир барои ҳамаи шоирону адибони баъдина мақбул гардида, то имрӯз низ аҳамияти пандомези худро аз даст надодааст. Эътибори устод Рӯдакӣ дар қаламрави форсизабонони ҷаҳон беназир мебошад.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (12.02.2013)
Просмотров: 1894 | Теги: Аҳамияти шарҳиҳолии қасидаи «Шикоят | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru