Четверг, 28.03.2024, 12:27
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Ақидаҳои ватадӯстӣ ва панду ахлоқӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ - Иншо

Ақидаҳои ватадӯстӣ ва панду ахлоқӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ

Нақша:

Муқаддима

1.      Мавқеи панду ахлоқ дар «Шоҳнома»:

А) Некӣ ва накӯкорӣ:

Б) васфи хираду дониш;

2. Афкори ватандӯстонаи шоир:

А) фидокорӣ барои Ватан;

Б) нафрат ба душман;

Хулоса

Абулқосим Фирдавсӣ соли 934 дар деҳаи хушманзараи Божи вилояти Тӯси Хуросон ба дунё омадааст.

Мероси адабии шоир «Шоҳнома»-и безавол буда, достонҳои зиёдеро фаро гирифтааст.

Ин асари бузург дорои 60 ҳазои байт буда, дар давоми 30-35 соли ҳаёти ӯ эҷод карда шудааст. Шӯҳрату эътибори Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ хеле бузург буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун асари қаҳрамониву ҳамоси шӯҳрати ҷовидонӣ касб намудааст. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и  худ ба мавзӯъҳои пандуахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некиву накӯкорӣ, ростивуростгӯйӣ, донишу хирад, танқиди ҷаҳолат ва ситамкорӣ, ҳифзи ватан ва муҳаббат ба он аҳамияти бузург будааст.

Ба ақидаи Фирдавсӣ, некиву накӯкорӣ яке аз хислатҳои наҷиби неки инсонӣ ба шумор меравад. Ӯ ба аҳли башар тавсия медиҳад, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва ба якдигар танҳо некӣ кунанд. Зеро амали неки ҳар як шахс ҷовидонӣ аст:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

Некиву накӯкорӣ, ба ақидаи шоир, аз беҳтарин хулқу атвори инсонӣ ба шумор меравад:

Набошад ҳаме неку бад пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Фирдавсӣ чунин андеша дорад, ки ҳар як амалро бо подоши мувофиқ қадр бояд кард:

Чу некӣ кунад кас, ту подош кун,

В-агар бад кунад, низ пархош кун.

Васфу ситоиши хирад, илму дониш дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар ҷойи аввал меистад. Фирдавсӣ асари бузурги худ «Шоҳнома»-ро бо ситоиши хирад шурӯъ намудааст. Донишу хирад ҳамчун чароғи раҳнамои ҳаёти инсонӣ одамонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ин ақлу хирад ва дониш ба шумор меравад. Тавоноии ҳар як инсон, обрӯ ва эътибори ӯ маҳз ба илму дониши ӯ вобастагии қавӣ дорад:

Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

 

 

Хирадро аз тамоми фазилатҳои инсонӣ беҳтару болотар мешуморад:

Хирад афсари шаҳриёрон бувад,

Хирад зевари номдорон бувад.

Фикру андешаҳои ватандӯстӣ дар «Шоҳнома» мавқеи муҳим дорад. Ҳар як инсон ҳамчун шахси ватанпарвару ватандӯст бояд барои муҳофизати марзу буми кишвару ватани худ ҳамеша омода бошад:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзорю.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Нафрату кинаву адовати беандоза нисбат ба душман яке аз хусусиятҳои аввали ватандӯстӣ ба шумор меравад:

Ҳама размро дил пур аз кин кунем,

Тани душманон ҷойи зубин кунем.

Хулоса, аз эҷод намудани достонҳои «Шоҳнома» муддати зиёде гузашта бошад ҳам, то имрӯз ин асари бузург аҳамияти тарбиявии ахлоқии худро гум накардааст. Ҳаминро бояд таъкид намуд, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар рӯзгори мо барои тарбияи насли имрӯза, бахусус ҷавонон, аз аҳамият холӣ нест:

Хирадманд бошу беозор бош,

Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.

 

 

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (12.02.2013)
Просмотров: 4407 | Комментарии: 1 | Теги: Ақидаҳои ватадӯстӣ ва панду ахлоқӣ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru