Четверг, 25.04.2024, 19:01
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 16
Гостей: 16
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Абӯалӣ ибни Сино ва эҷодиёти ӯ - Иншо

Абӯалӣ ибни Сино ва эҷодиёти ӯ

         Нақша:

            Муқаддима

1.      Мероси илмии Ибни Сино

2.      Мавқеи рубоӣ дар эҷодиёти бадеии Ибни Сино

3.      Мавзӯи панду ахлоқ дар рубоиҳои шоир

Хулоса

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик ва дар таърихи тамаддуни умумибашарӣ ҳамчун файласуф, риёзидон, олими илмиҳои табииёт, ситорашинос ва табиби ҳозиқ маълуму машҳур гардидааст. Абӯалӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Рометани наздикии Бухоро ба дунё омада, соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон вафот кардааст.

Ибни Сино аз овони хурдсолӣ ба илму дониш шавқу завқи беандозае доштааст. Бинобар ин, аз овони кӯдакӣ тамоми илмҳои замонаашро аз худ мекунад. Ҳанӯз дар синни даҳсолагӣ китоби муқаддаси «Қуръон»-ро аз бар менамояд.

Абӯалӣ ибни Сино ба илми тиб майли зиёд дошт. Ӯ дао синни 16-солагӣ ба табобати беморон шурӯъ кард. Мегӯянд, ки Абӯалӣ дар ин сину сол Нӯҳ бинни Масури Сомониро табобат кардааст. Бар ивази хизмати ӯ аз амир мехоҳад, ки аз китобхонаи шоҳии ӯ истифода намояд. Ҳамин тариқ, Абӯалӣ аз ин ганҷинаи маърафат хеле истифода намуд, ки минбаъд дар офаридани асарҳояш бетаъсир намонданд.

Мероси адабии шоир рангин мебошад. Абӯалӣ ибни Сино зиёда аз 400 асар офаридааст, ки бузургтарини онҳо «Қонуни тиб», «Донишнома», «Китобуннаҷот», «Китобушшифо» ба шумор меравад. Китобҳои ба мавзӯи тиб, фалсафа ва мантиқ бахшидаи ӯ «Қонуни тиб», «Китобушшифо» ва «Донишнома» дар мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб зиёда аз чаҳор аср аст, ки ҳамчун китоби дарсӣ ба донишҷӯён то ҳол таълим дода мешаванд.

Аз ҳаёт ва рӯзгори ин марди хирадманд қиссаву ривоятҳои аҷибе то ба мо расидааст, ки аз бузургии ин ҳакими донишманд гувоҳӣ медиҳанд. Худи шоир дар кишварҳои Ғарб бо номи Авитсенна маълуму машҳур гаштааст. Китоби «Қонуни тиб» -и Абӯалӣ ибни Сино бошад, имрӯз ҳамчун китоби рӯйимизии табибони Ғарб ва ҳаводорони илми тиб ҷойгоҳи пурифтихорро сазовор гаштааст.

Абӯалӣ ибни Синоро ҳамчун шоири рубоисаро низ хуб мешиносанд. Ҳарчанд аз Абӯалӣ ибни Сино ғайри рубоӣ асарҳои дигари насрӣ низ бо забонҳои форсӣ ва арабӣ мерос мондааст, мавқеи рубоӣ дар эҷодиёти бадеии ӯ бузургтар аст.

Рубоиҳои ӯ дар мавзӯъҳои мухталиф эҷод шудаанд. Шоир ҳамчун табиб ба ҳама дардҳову ранӯҳо даво ёфтааст. Танҳо дар масъалаи марги инсон ноилоҷ мондааст:

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Баъзе аз ҳамасрони шоир нисбат ба ӯ дар дилашон кинаву адоват мепарвариданд ва ӯро кофир мехонданд. Бузургии имони худро дар назди эшон собит намуда мегӯяд:

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,

Пас дар ҳама даҳар як мусулмон набувад.

Дар бораи дӯстиву рафоқат фикру андешаҳои ҷолиб дорад. Таъкид менамояд, ки дар шинохт ва интихоби дӯст эҳтиёткор будан лозим аст:

Бо душман ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

Парҳез аз он шакар, к ибо заҳр омехт,

Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.

Чунин рубоиҳое, ки мазмуни пандуахлоқӣ доранд, дар эҷодиёти шоир хеле зиёданд. Ақидаҳои пандуахлоқии шоир аҳамияти тарбиявии ахлоқӣ дошта, барои тарбияи насли имрӯза аз аҳамият холӣ нестанд.

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (12.02.2013)
Просмотров: 2527 | Комментарии: 3 | Теги: Абӯалӣ ибни Сино ва эҷодиёти ӯ - Ин | Рейтинг: 1.5/4
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru