Суббота, 27.04.2024, 07:39
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 7
Гостей: 7
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Абдураҳмони Мушфиқӣ
Ба арзи ҳол ҳоҷат, Мушфиқӣ нест,
Агар авроқи девони ман он ҷост.


Шоир ва воқеанигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ будани худ ишораҳо мекунад. Шоир дар шаҳри Самарқанд ба Абдуллохон қасидае навишта, аз мулки хеш- аз Бухоро дур афтодани худро хабар медиҳад.
«Ғариби мулки хешам дар замони давлатат, шоҳо!»
Мушфиқӣ дар хурдсолӣ аввал аз падар ва сонитар аз модар ятим мемонад. Дар ин бора баъзе ишораҳои шарҳиҳолии ў гувоҳӣ медиҳанд. Чунончи:

Бо падар хурсанд будам, бевафоӣ кард умр,
Меҳр бар модар ниҳодам, ёфт модар ҳам вафот.

Мушфиқӣ аз сабаби тангии маишӣ ба хидмати яке аз ҳунармандони шаҳри Бухоро дохил шуда, аз ў бисёр дастгириҳо мебинад. Бо дастгирии ин марди шариф таҳсили ибтидоиро ба поён расонида, ба мадраса дохил мешавад.
Мушфиқӣ илмҳои ҷории замонааш: ҳикмат, ҳайат, нуҷум, рамлу ҳисоб, каломро хуб меомўзад. Хусусан умуми адабӣ ва аз миён назмро бештар дўст медорад:

Шеър оби ҳаёт аст, хуш он ном, ки монад,
Ҷовид зи оби сухани марди сухандон.

Давраи аввали сабзиш ва камолоти маънавии шоир дар шаҳри Бухоро сипарӣ мешавад. Ў шеъргўиро дар ҳамин шаҳр шурўъ кардааст.
Мактабҳои адабии Бухоро Мушфиқиро ҳамчун шоири тавоно мепазиранд, вале ҳусудони дарборӣ ўро хеле фишор медиҳанд. Шоир дар ҷавонӣ ғолибан ашъори мутоибавӣ гуфтааст, зеро даврони ятимӣ ва бепарастории ў эҷоди чунин ашъор боис гардидааст.
Мушфиқӣ соли 1564 ба Самарқанд меояд, ки шояд сабаби сафари шоир ҳамоно тангии маишӣ бошад. Шоир дар Самарқанд ба вазифаи китобдори Султон Саид пазируфта мешавад ва даҳ сол дар ин шаҳр истиқомат мекунад. Ў дар ситоиши Султон Саид чанд қасида низ эҷод кардааст ва девони якуми ғазалиёти худро низ ба ин ҳоким бахшидааст. Аз баъзе ишораҳои шоир пайдост, ки рўзгори ў дар Самарқанд низ чандон хуб набудааст:

Хони олиқадри кайвонманзилат Султон Саид,
Пеши даргоҳи ту гардуни муалло ҳеҷ нест.
Арзи ҳоли ман, ки ҳастам заррае беэътибор,
Назди хуршеди замири оламро ҳеҷ нест.
Шуд се соли рост, к-аз ҷинси ҷаву гандум маро,
Дона ҷуз дар мазраи парвину ҷавзо ҳеҷ нест.
Қуръа афкандам барои фол, мўрон саф заданд,

Нуқтаҳоро дона пиндоранду аммо ҳеҷ нест.

Ҳамин гуна ишораҳои шикоятӣ дар ашъори Мушфиқӣ хеле зиёд ба назар мерасад. Аксари ишораҳои шоир моҳияти иҷтимоӣ дошта, ҳасрати адиб аз тангии маишӣ мебошад:

Шаҳо, ту мардуми чашми саводи оламро,
Ба лутфу раҳмати ту мардуме намеёбам.
Шунидам, ки Самарқанд ҷаннати дунёст,
Чӣ одамам, ки дар ў гандуме намеёбам.

Баъзан чунин ҳолат ҳам рух додааст, ки инъомҳои хон ҳатто ба шоир ё қисман ва ё умуман намерасидаанд. Чунин муносибат Мушфиқиро водор кардааст, ки бевосита ў ба худи шоҳ муроҷиат намояд:

Подшоҳо, чакмани инъомро меҳтар надод,
Дар либоси назм бо ў гуфтугў хоҳад шудан.
Чун ба таври оштӣ чизе аз ў ҳосил нашуд,
Ҷанги чакман дар миёни мову ў хоҳад шудан.

Дар баъзе мавридҳо Мушфиқӣ ба вазири хон-Осаф ҳам муроҷиат намуда, ба ин восита шоҳу вазирро аз нобасомониҳои дохили дарбор огоҳ месозад, ки «об аз сар лой аст» ва бояд пеши чунин кирдорҳои зишт гирифта шавад:

Осафо, шаб омадам сўи висоқи худ савор,
Аспи мискини маро аз фикр сар боло нашуд.
Дар хаёли ҷав ҳамаи шаб дидам ў мепарид,
Хостам бар чашми ў коҳе ниҳам, пайдо нашуд.

Албатта, чунин шикваҳои Мушфиқӣ оҳанги ҷолиби ҳазлу шўхӣ низ гирифтаанд ва шояд яке аз сабабҳои аз мадди назари амиру вазир дур афтодани талабҳои шоир гардида бошад. Масалан, дар ин байт аз беманзилӣ чунин шикояд менамояд:

Дар Самарқанд имтиҳон кардам, ки ёбам хонае,
Беҳтар аз байти тахаллус хонае пайдо нашуд.

Аз баъзе ишораҳои шоир бармеояд, ки дар ибтидо рўзгори шоир нисбатан беҳтар буда, ҳатто муҳити дарбор низ барояш созгор будааст.

Мушфиқӣ он хушҳолиҳоро ба ёд оварда, дар як ғазали худ аз гузашти он рўзҳо афсўс мехўрад:

Хуни дил мегиряму ашки ҷигархун мехўрам,
Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехўрам.
Ваҳ, ки дар аҳди ҷавонӣ пир гаштам, Мушфиқӣ,
Чун нагардам пир аз ин ғамҳо, ки акнун мехўрам?!

Пас аз вафоти Султон Саид соли 980 (1573) бародари хурдии ў Ҷавонмардалӣ ба тахт мешинад, вале соли 1576 писарони Ҷавонмардалихон аз падар рў гардонида ба Абдуллохон забон як намуда буданд. Абдуллохон худи ҳамон сол Ҷавонмардалихонро қатл намуда, баъди чанд муддат он ду писари Ҷавонмардалихонро низ ба қатл мерасонад. Нобасомониҳо, албатта, ба Мушфиқӣ азми сафари Ҳиндустон мекунад, зеро дер боз чунин орзу дошт. Дар Мовароуннаҳр овоза шуда буд, ки гўё шоҳи Ҳиндустон Акбаршоҳ шеърпарасту шоирдўст аст. Мушфиқӣ низ соли 1577 ба Ҳиндустон меравад. Ўро Акбаршоҳ хуш пазируфта бошад ҳам, пас аз як сол, соли 1578 шоир боз ба диёри худ меояд:

Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо,
Гардид бадал рўзи сиёҳам ба шаби тор.
Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят,

Хуни ҷигарам мехўрад ин ҳинди ҷигархор.

Аз баъзе ғазалҳои Мушфиқӣ маълум мешавад, ки шоир аз сафари Ҳинд пушаймон баргаштааст:

Сафар кардам фироқи дилрабое пеши ман омад,

Намерафтам, зарурат шуд, балое пеши ман омад.
Ғаму дарди ҷудоӣ кам шавад аз қатъи манзилҳо,
Ба ҳар манзил ғаму дарди ҷудое пеши ман омад.
Ба ғурбат мурдан осон менамуду зиндагӣ мушкил,
Чӣ кори мушкиле, осоннамое пеши ман омад.

Мушфиқӣ пас аз сафари Ҳинд дар дарбори Абдуллоҳхон роҳ меёбад. Шоир дар як муддати кўтоҳ дар байни аҳли дарбор ва бевосита Абдуллоҳхон обрўю эътибор пайдо мекунад. Ў дар як муддати кўтоҳ ба мартабаи маликушшуароӣ мушарраф мешавад. Мушкилоти модии рўзгори ў низ беҳтар мегардад. Мутаасифона, ин ҳолат замоне даст медиҳад, ки умри шоир аз шаст гузашта буд. Ба ин маънӣ шоир чунин ишора мекунад:

Имтиҳон карданд пиру ҷавон,
Ҳеҷ кори фалак ба сомон нест.
Ком бахшад даме, ки ком намонд,
Нон ба вақте диҳад, ки дандон нест.

Поёни умри Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро гузаштааст. Ў соли 1588 дар ҳамин шаҳри бостонӣ аз ин олам чашм бастааст. Ўро дар ҷавори мазори Шайх Ҷамол дафн кардаанд. Дар санги мазори шоир байте аз як ғазали худи ў сабт шудааст:

Ба хоки Мушфиқӣ он дам, ки дўстон гузаранд,
Расад ба хотири эшон, ки хоксаре буд.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (09.04.2013)
Просмотров: 1278 | Комментарии: 1 | Теги: Абдураҳмони Мушфиқӣ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru