АДАБ ХУСНИ ИНСОН ACT - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Четверг, 08.12.2016, 19:03
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1815
Статистика

Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

АДАБ ХУСНИ ИНСОН ACT

АДАБ  ХУСНИ ИНСОН ACT

Адаб точест аз нури илохй,

Бинех бар cap, бирав хар чо, ки хохй.

 

Адаб хусни инсон аст. Оре, шахси боадаб хамеша аз хасои-ли хамида, мисли фазлу дониш, заковат ва хунар, фарханг бар хурдор аст. Аслан ин кабил одамон фурутану бохиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Зеро хуб медонанд, ки бузур-ге гуфта:

 

Манманихо пешаи шайтон бувад,

Х,ар кй худро кам занад, мард он бувад.

 

Бешубха,  хар чо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумуь низ ба миён меояд. Х,атто дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ хукм меронад. Фарогирии адаб ба худи хар як инсон вобаста аст. Дар ин бора киссае хаст:

«Лукмони Хакимро пурсидаанд:  Адаб аз кй омухтй? Гуфт: Аз беадабон. Х,ар чй аз эшон дар назарам нописанд омад, пар- хез кардам».

 

Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки мохияти адаб худи зиндагй моро чун устоди сахтгир таълим медихад. Як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пируз меояд, мисли он ки торикии шабро нури руз махв мекунад. Бо ин маънй Абулхасани Фаррухй гуфтаасг:

 

Зи нури руз гурезад хамеша зулмати шаб,

Чу фахр пайдо гардад, нухуфта гардад ор.

 

Бузургони илму адаб ба ин масъала таваччухи хосса зохир намуда, адабро ганчи кимат ва шарафу икбол ба калам додаанд. Хикмати Аблукосим Фирдавсй далели андешаи болост:

 

Адаб бехтар aз  ганчи Кррун бувад,

Фузунтар аз мулки Фаридун бувад

 

Бадриддин Хилолй бо як илхоми шоирона хеле бамаврид мегуяд:

 

Адаб ороиши афьол бошад,

Адаб осоиши ахвол бошад.

Адаб мачмуаи хусну чамол аст,

Бахоре дар камоли эътидол аст.

 

Адаб дар назари ахли чуд бахту саодат, давлаги ноёб. зьти бору шахомат, точи сари мардон аст. Абдурахмони Ч,оми бархак гуфта:

 

Ч,он дар тани марди беадаб ларзон аст,

Сад чон бидихй, адаб харй арзон аст.

Аз беадабй касе ба максад нарасид,

Зеро ки адаб точи сари мардон аст.

 

Мутаассифона, на хама наврасону чавонон коидахои одобро риоя карда, аз руи он амал мекунанд. Вактхои охир теъдоди ин кабил чавонон ба маротиб афзуда, боиси нигаронии ахли чомеа гардидааст. Дар кучаю хиёбонхо беадабиро дида, бепарво мегузарем. Ин амали бемавкеъ ба суди чомеаи навину демократй нест.

Аз ин хотир, хамагони мо вазифадорем. ки наврасонро дар рухияи одобу ахлоки хамида тарбия намуда, завк ва кобилияти зехнии онхоро такмил дихем. Дар хар чомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтй ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барой ин сараввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб хидоят намоем. Хикмати Абдурахмони Чомй матлаби моро равшан мекунад:

 

Боядат аввал адаб андухтан.

Пас дигар касро адаб омухтан.

 

 

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (22.12.2012)
Просмотров: 4204 | Комментарии: 1 | Теги: АДАБ ХУСНИ ИНСОН ACT | Рейтинг: 1.7/3
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru