Пятница, 29.03.2024, 01:19
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Ҳаёт ва фаъолияти Дақиқӣ - Иншо

Ҳаёт ва фаъолияти Дақиқӣ

Нақша:

Муқаддима

1.      Мухтасари тарҷумаи ҳоли Дақиқӣ

2.      Мероси адабии ӯ

3.      Хулоса

Дақиқӣ яке аз намояндагони бузурги адабиёти асри X ба ҳисоб меравад. Аз руйи маълумоти сарчашмаҳо маълум мешавад, ки Абӯмансур Муҳаммад бинни Аҳмад Дақиқӣ аз суханварони боистеъдоди замони худ будааст. Соли таваллуди Дақиқӣ маълум нест. Дақиқӣ соли 978 вафот кардааст. Аз сабаби он ки дар вақти маргаш 47-сола будааст, бино бар ривояти тазкиранависон соли таваллуди ӯро 931 донистаанд. Мувофиқи гуфтаи тазкирнависон, гузаштагони Дақиқӣ аз Самарқанду Марв будаанд. Яке аз ҳамсаронаш – шоир, олими бузург Абӯрайҳони Берунӣ шаҳри Балхро чун зодгоҳи Дақиқӣ ёд мекунад. Тибқи қарори Муассисаи исмии байналмиллалии назди Созмони Милали Муттаҳид 1000-солагии шоир шаҳри Балх аст. Бо сабаби он ки шоир нисфи ҳаёти худро дар шаҳрҳои Самарқанд, Марв ва Тӯс  гузаронидааст, ӯ бо номи самарқандӣ, марвазӣ ва ё тӯс низ ёд карда мешавад.

      Дақиқӣ аз илмҳои замони худ хуб огоҳ будааст. Аз санъати мусиқӣ низ бархӯрдор буда, овози хушу фораме низ доштааст, ба қавле сарояндаи хубе ҳам будааст. Ба забономӯзӣ шавқу ҳаваси зиёде доштааст. Ӯ забонҳои арабӣ, паҳлавӣ ва суғдиро хеле нағз медонист. Дақиқӣ дар пайравии оини бобоёнаш мазҳаби зардуштиро парастиш  мекард. Дақиқӣ дар масъалаи аз нав зинда кардану ба назм даровардани достонҳои каҳрамонӣ ва таърихи халқҳои эронинажод, ким о тоҷикон низ аз он қабилем, хизмати арзандае кардааст. Тавре медонем, шоҳноманависӣ аз замонҳои пеш анъанаи хубе дошт. Дақиқӣ низ пеш аз Фирдавсӣ ба супориши амири Сомонӣ Абулқосим Нӯҳ бинни Мансур, ки солҳои 975-997 ҳукмронӣ кардааст, ба сурудани "Шоҳнома” оғоз намуда буд. Дақиқӣ ҳанӯз дар ҷавонӣ ҳамчун шоири бузургу тавоно, дӯстдори халқу ватан ва сарсупурдаи фидоии обу хоки сарзасини диёри худ шинохта шуда буд. Аз ин рӯ, назми "Шоҳнома” ба ихтиёри ӯ супорида шуд. Дақиқӣ қисмати достони Гуштоспро ба назм медарорад, ки он дорои ҳазор байт буд. Мазмун ва мундариҷаи достонро шарҳу эзоҳи подшоҳии Гуштосп, пайдоиши Зардушт, ҷангҳои мазҳабии Гуштосп ва Арҷосп, ки шоҳи Тӯрон будааст, ташкил медиҳад. Ба хотири он ки шоир дар достонаш саргузашти Гуштоспро ривоят мекунад, "Шоҳнома”-и ӯро "Гуштоспнома” низ мегӯянд. Забони "Гуштоспнома” хеле содаву равон буда, мавзӯи Ватан, истиқлолият, муҳофизати Ватан, шаъну шараф ва номуси халқ ба миён гузошта шудааст. Баъд аз марги Дақиқӣ ҳам навиштани назми "Шоҳнома” қатъ нашуд. Ба ин амр Фирдавсии бузург қамар баста, кори оғознамудаи Дақиқиро давом дод. Фирдавсӣ қисмати назмкардаи Дақиқиро аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷаи писандида, онро айнан ба "Шоҳнома”-и худ ҳамроҳ кард.

Дақиқӣ дар намудҳои дигари шеър: қасида, ғазал, рубоӣ наз асарҳои барҷаста офарида, соҳиби девони азиме будааст. Қасидаю ғазалҳои Дақиқӣ аз намунаҳои беҳтарини назми асри X-и тоҷикро ташкил медиҳанд. Дар ин ду навъи шеър машҳур будани худро чунин ифода менамояд:

Маро ҷӯяд зи чандин шеъри шоҳон

Зи чандин ошиқона шеъри дилбар.

Дақиқӣ дар ашъори худ аз санъатҳои бадеӣ ба таври фаровон истифода намудааст, ки хеле ҷолиб аст. Ҳамаи воситаҳои эҷоди бадеии шоир содаву заминӣ, фаҳмо ва даркшаванда мебошанд:

Шабе сиёҳ бад-он зулфакони ту монад,

Сапедрӯз ба покии рухсори ту монад.

Хулоса, ашъори ӯ имрӯз ҳам ҷовидонӣ аст. Асари ҷовидонии ӯ бо номи "Гуштоспнома”, ки як қисми "Шоҳнома”- и Фирдавсиро ташкил медиҳад, сармашқи кори шоирон дигар гардидааст.

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (12.02.2013)
Просмотров: 939 | Комментарии: 1 | Теги: Ҳаёт ва фаъолияти Дақиқӣ - Иншо | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru