«Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Суббота, 10.12.2016, 19:35
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1815
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

«Баёноти сайёҳи ҳиндӣ»
Бандубасти қиссаи «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» аз муқаддима ва қисмати ва сужет асосӣ, ки «Шурўъ» ном дорад, иборат мебошад. Асар таассуроти сайёҳи ҳиндӣ аз сафари шаҳри Бухоро ва туманҳои қисми ғарбии он мебошад. Қисса бо чунин суханони сайёҳ оғоз мешавад: «Чанд сол пеш аз ин яке аз мардуми Бухороро дидам ва аз чигунагии аҳволи ин шаҳр пурсидам, он қадар мадҳу сано гуфт, ки аз он дам эътиборан зиёрати он шаҳрро воҷибаи зиммаи худ шумурдам».
Сайёҳ аз Ҳиндустон ба Бухоро сафар мекунад ва чанд моҳ дар ин шаҳр ва атрофи он монда, аз вазъияту аҳволи аморати Бухоро воқиф мегардад. Дар муқаддима сайёҳ мардуми Бухороро ба се қисм – уламо, умаро ва аҳолӣ ҷудо мекунад ва дар бораи ҳар кадоми ин табақаҳо мухтасар маълумот медиҳад.
Қисмати «Шурӯъ»-ро шартан ба ду фасл ҷудо кардан мумкин аст: фасли аввал фаъолияти сайёҳи ҳиндӣ дар шаҳри Бухоро; фасли дуввум сафари сайёҳ ба туманҳои Бухоро. Воқеа аз Когон оғоз меёбад. Сайёҳ дар Когон аз қатора фуромада, ҷониби Бухоро роҳ мегирад. Ӯ бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ сӯҳбат мекунад, ба мазор, масҷид ва мадрасаҳо меравад, аз вазъи таълиму тарбияи мактабҳои Бухоро пурсон мешавад, дар мурофиаҳои қозихонаҳо ширкат мекунад ва ғайра. Барои дурусттар огоҳӣ пайдо кардан аз вазъияти мамлакат ба қисме аз туманҳои Бухоро чун Қаршӣ, Шаҳрисабз, Самарқанд сафар мекунад ва дар роҳ ба аҳволи кишоварзону косибон низ шинос мешавад. Дар охир сайёҳи ҳиндӣ аз Когон «озими ватани мубораки худ мешавад». Қиссаи «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» бо байти Саъдӣ ҷамъбаст мешавад:

 

Муроди мо насиҳат буд, гуфтем,
Ҳаволат бо Худо кардему рафтем.

Ин байт аз номи нависанда оварда мешавад ва гувоҳ бар он аст, ки прототипи сайёҳи ҳиндӣ худи Фитрат мебошад. Адиб аз номи сайёҳи ҳиндӣ бисёр нуқсонҳои иҷтимоию сиёсӣ ва ақибмонии фикрии сокинони кишварашро баён карда, роҳҳои ҳалли ин камбудиҳоро низ пешниҳод намудааст.
Образҳои қисса бисёр нестанд. Дар баробари сайёҳи ҳиндӣ - ҷавони маликсимо дар ҳалли зиддиятҳои асар саҳми муносибдорад. Дар лаҳзаҳои алоҳидаи асар фаъолият ва муносибати қозӣ, мирзо, домулло, тоҷир, табиб, духтури рус низ мушоҳида мешавад. Сайёҳи ҳиндӣ таҷрибаи бойи зиндагӣ дорад ва бо ҳама рӯйдод дар муқоиса баҳо медиҳад. Сайёҳи ҳиндӣ аз нахустин лаҳзаҳои ба Бухоро ворид гардиданаш ба чиркиниву ифлосиҳои шаҳр дучор меояд. Аз ҷумла, ифлосию бадбӯйии Ҳавзи Девонбегӣ, ки машкобон аз он об гирифта ба ҳавлиҳо барои хӯрдан мебаранд, сайёҳро ба ҳайрат меорад. Байни ў ва ҳамсӯҳбати бухороияш чунин гуфтугӯ ба вуқӯъ мепайвандад: «Ман: Бубинед, ҳамин қадар одам дар ин ҳавз вузӯ мегиранд: мазмаза мекунанд, бинӣ меафшонанд, пойҳои лойолуди худро мешўянд. Агар ахлоти ин сартарошхонаҳо, сарой, самоворхонаҳо, калла ва моҳипазиҳоро ҳам ҳисоб кунем, дар ҳар рўз тахминан ним ман чирк ба ин ҳавз медарояд.
Мулло: ғарази шумо аз ин гуфтугӯ чист? Оё мехоҳед, ки оби ин ҳавзро нахӯрем?
Ман: Оби ин ҳавзро нахӯред, намегӯям; дар ин ҳавз таҳорат накунед, бинӣ наафшонед, пой нашӯед, ахлот наандозед, зеро оби ин ҳавз барои ошомидан аст, бояд покиза бошад».
Суханони сайёҳ ба як ҷавони бухороӣ таъсири амиқ мегузорад ва ў сайёҳро ба хонаи худ ҷой дода, минбаъд роҳбаладии меҳмонро ба ўҳда мегирад. Ҷавони маликсимо сайёдро сараввал ба мадрасаҳо шинос мекунад. Аз сухани ҷавон маълум мешавад, ки Бухорои ибтидои асри ХХ 200 мадраса ва 300 мактаби ибтидоӣ доштааст. Вале вазъи таълим ба дараҷаи гўшношунид паст будааст. Ҷавон гузаштаи пурифтихору имрўзи фалокатбори Бухороро дар соҳаи илму фарҳанг бо таассуф чунин қайд мекунад: «Инак Бухорои шариф, ки чорсад ҳазор олим ба атрофи олам фиристодааст, ин гуна асбоби қавияи илмияро соҳиб буда, фақат ҳоло оҳ. Бо камоли бадбахтӣ иқрор мекунам, ки ҳоло ин осмони хуршеди маданият, ин биҳишти олами инсоният, ин байтулмаъмури дунёи фазоил, ин дарсхонаи ҷаҳони маориф бо вуҷуди ин ҳама асбоби тараққӣ замингири тангнои ҷаҳолат ва асири силсилаи мазаллат гашта, ин воситаи ҳаёти Шарқ бо будани ин ҳама васоити зиндагӣ гиребон ба панҷаи аҷал супорида». Ҷавони маликсимо Бухорои давраи Сомониён ва баъдинаро ба Бухорои аҳди Манғития муқобил мегузорад ва ба воситаи тасвирҳои муболиғаомез, тавсифӣ, тазодӣ, такрор дар асрҳои охир ба пояи пасти фарҳангию иҷтимоӣ расидани Бухорои амириро бо сўзу гудоз таъкид менамояд. Махсусан, ифодаҳои маҷозии «замингири тангнои ҷаҳолат», «асири силсилаи мазаллат», «гиребон ба панҷаи аҷал супоридан» рўҳи навмедона ва хотири озурдаи ҷавони маликсиморо ба таври возеҳ ошкор месозад.
Сайёҳи ҳиндӣ ва ҷавони маликсимо чун намояндаи зиёиёни давраи нав фаъолияти амир ва дигар намояндагони дарборро зери тозиёнаи сахти танқид мегиранд. Ҳам сайёҳи ҳиндӣ ва ҳам ҷавони маликсимо аз таърихи иқтисодиёту фарҳанги Аврупои ғарбӣ ва Русия огоҳии комил доранд ва роҳҳои аз вартаи ҳалокат раҳондани Бухорои амириро ҷустуҷў менамоянд. Сайёҳи ҳиндӣ як сабаби қафомонии ҷомеаи Бухорои амириро дар набудани табибони донишманду касбӣ медонад. Вақте ки ӯ бемор мешавад, ҷавони маликсимо ду табиби маҳаллиро меорад, вале ҳеҷ кадоми онҳо ба дарди сайёҳ дармон бахшида наметавонанд. Зеро худ дар ҷое нахондаанд ва дар Бухоро ҳам мадрасаи тиббӣ вуҷуд надорад.
Баъд ҷавони маликсимо ба назди бемор духтури русро меорад ва ин духтури донишманд сайёҳро табобат мекунад. Фитрат образи духтури донишманди русро ҷолиб меофарад ва ба воситаи гуфтугӯйи ӯ бо сайёҳи ҳиндӣ муқобилияти хурофотпарастони Бухороро ба ҳар як навигарӣ ё дастовардҳои илмӣ нишон медиҳад. Духтури рус бо тамоми ҳастӣ ба аҳолӣ хизмат кардан мехоҳад. Лекин хурофотпарастон ӯро кофир гуфта, табобаташро аз рӯйи шариати ислом нораво медонанд. Ба таъбири образноки духтур, «дар Бухоро бисёр одамон ҳастанд, ки аз кӯчае, ки ман як бор гузашта бошам, намегузаранд».
Духтури рус бисёр мехоҳад, ки дар Бухоро ҳам чун дар Аврупо аҳолӣ ба тозагӣ таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Кўчаҳоро тоза нигоҳ доранд. Дар мактабҳо ва мадрасаҳо аз илми тиб дарс хонанд ва табибони таҳҷоӣ ба воя расанд. Вале мардум на танҳо ба сухани ў гўш намедиҳанд, ҳатто ба ў муқобилат мекунанд. Духтури рус ба тамасхур ба ёд меорад: «Ҳатто чанд сол пеш аз ин, бинобар насиҳати ман, ҳукумати Бухоро рӯфтани кўчаҳоро амр карда буд, мардуми Бухоро дилтангӣ карда мегуфтанд:
«Ин кофир кӯчарӯбиро бароварда, хайру баракаро аз Бухоро парронид».
Сайёҳи ҳиндӣ дар сафари туманҳои Бухоро ба мирзои қозихонаи Қаршӣ ва қозии Шаҳрисабз барин одамони хайрхоҳу донишманд ва дилсўзи халқу ватан ҳамсўҳбат мешавад. Онҳо ягона роҳи аз сатҳи пасти зиндагӣ баромаданро дар кўшиш, омўхтани илму дониш ва ибрат гирифтан аз фаъолияти мардуми Аврупо мебинанд: «Агар шумо дар мактабҳои Аврупо хонда, аз хусуси ин ки аврупоиҳо тилгироф, телефун, шамандуфар, киштии ҳавоиро аз куҷо ва ба чӣ тариқ дуруст мекунанд, огоҳӣ ёбед, он вақт ба тафсири ҳамин як ояти қуръонӣ воқиф хоҳед шуд ва хоҳед фаҳмид, ки мо, мусулмонҳо, чӣ қадар неъматҳоро пушти по задаем».
«Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» ба жанри сафарнома тааллуқ дорад ва чун қиссаи «Мунозара» ба равияи муколамаву мубоҳаса ва сўҳбату муҳовара эҷод гардидааст. Забони асар сода, равон ва оммафаҳм буда, ба баёни масъалаҳои иҷтимоӣ, илмию динӣ ва фалсафӣ мувофиқат мекунад. Масалан, дар сухани зане асосан ҷумлаҳои сода мушоҳида мешавад: «Ман дирўз нон мепўхтам. Як нонро аз танур бароварда дар болои суфа мондам. Дар ин вақт аз даруни хона овози гиряи бачаам баромад. Ба хабар гирифтан рафтам»...
Умуман, қиссаи «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» яке аз аввалин намунаҳои насри бадеии оммафаҳм дар адабиёти давраи нави тоҷик мебошад.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (09.04.2013)
Просмотров: 420 | Комментарии: 1 | Теги: «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru