Четверг, 28.03.2024, 18:56
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Бунёди сохтмонҳои азим бунёди рушди кишваранд - Иншо
Бунёди сохтмонҳои азим бунёди рушди кишваранд.

Пешрафти давлатро бе сохтмонҳои азим тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Давлатҳои тараққикарда дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Ҳангоми мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон яке аз давлатҳои қафомонда ба шумор мерафт, соҳаи саноат инкишоф наёфта буд. Маскав аз сохтани иншоотҳои азим дар ин ҷумҳурӣ дурӣ меҷуст. Дар даврони Шӯравӣ сохтани Нақби Анзоб ва нерӯгоҳи барқии Роғун ба нақша гирифта шуда буданд, вале бо ҳар баҳона оғози кор ба қафо партофта мешуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ба  вилояти Суғд қариб шаш моҳ роҳи автомобилгард баста мешуд. Рафтуомад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ душвор буд. Интиқоли бор аз Кӯлоб ба Қурғонтеппа мушкилӣ дошт. Мардуми ин минтақа ба роҳи оҳан ниёз доштанд. Вазъи роҳҳои водии Рашт низ дилсардкунанда буданд. Ҳамаи ин масъалаҳо доғи рӯз ба ҳисоб мерафтанд, вале дар ҳалли ин мушкилот кӯшише ба харҷ дода намешуд.
Инак, 9 сенябри соли 1991 Тоҷикистони мо истиқлолият ба даст овард. Мардуми шарифи кишвар шаҳди меваи соҳибдавлатиро баъди ҳазор сол аз нав чашиданд. Соҳибихтиёрӣ моро водор сохт, ки дар ободкории ватани азизамон камари ҳиммат бибандем. Масъалаҳои сохтани нерӯгоҳҳои барқӣ, нақб ва роҳҳои автомобилгард, корхонаҳои калони саноатӣ акнун мебояд ҳалли худро меёфтанд. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ин сохтмонҳои азимро саривақт ва устокорона тарҳрезӣ намуд, ки саҳми сарвари давлат дар он беҳамтост. Дигар роҳи қафогардӣ набуд. Дар як вақти кӯтоҳ бо кӯмаки ҳамзабонон (Ҷумҳурии Исломии Эрон)  дар Нақби Анзоб корҳои асосӣ анҷом дода шуданд, ки рафтуомади солонаро миёни марказ ва шимоли кишвар таъмин менамояд. Таъмири ин роҳ низ муташаккилона идома дорад. Роҳи оҳани Кӯлоб- Қӯрғонтеппаро ба истифода доданд. Ба таъмири роҳҳои воҳаи Рашт диққати махсус дода мешавад. Роҳи автомобилгард ба ВМБК аз нав сохта шуд. Комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқии хурду калон аз рӯйи нақшаи мувофиқ дуруст ба роҳ монда шуданд. Бо ҳамкории кишвари бо мо дӯст - Россия ду агрегати нерӯгоҳи Сангтӯда I ба истифода дода шуданд. Албатта ин иншоотҳои бузург дар пешрафти иқтисодии кишвар таккони ҷиддӣ мебахшанд ва ояндаи давлати мо дурахшон аст. Ҳамзамон сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз гардид ва дар сурати аз рӯйи нақша сурат гирифтани корҳо бояд то соли 2012 он мавриди истифода қарор гирад. Ин иншооти бузурги аср дар як сол то 17 миллиард киловат қувваи барқ тавлид менамояд ва мо метавонем ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯшем.
Мувафаққиятҳои даврони истиқлол зиёданд. Дар давоми 10-15 сол иншоотҳои калони саноатӣ низ сохта шуданд. Қариб дар ҳар як ноҳия корхонае мавриди истифода қарор гирифт. Коркарди пахта акнун дар дохили кишвар  сурат мегирад.
Ба ободиву зебогии пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе ҳам эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Биноҳои зиёди замонавӣ дар ҳама кӯчаҳои он қомат афрохтаанд ва ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам менамоянд. Хулоса, кишвари азизамон рӯ ба тараққӣ мениҳад ва комёбиҳо дар ҳама бахш назаррасанд. Ҳар як фарди солимфикр бояд дар ин ободкориҳо ҳиссаи арзандаи худро гузорад. Ин қарзи шаҳрвандии мост.


Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 815 | Комментарии: 1 | Теги: БУНЁДИ СОХТМОНҲОИ АЗИМ БУНЁДИ РУШДИ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru