Пятница, 19.04.2024, 12:33
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ЧОЙГОХИ РАМЗХО ДАР НАВРУЗИ ТОЧИКОН - Иншо

ЧОЙГОХИ РАМЗХО ДАР НАВРУЗИ ТОЧИКОН

 

Орзуву омоли мардум на танхо шифохатан бо хондани суруду таронахо ва рубоихо, балки тавассути ичрои амалхои суннатй, расму ойинхо ва инчунин дар сурати ашё, чонварон, меваю гизохо, рангхо, аносири табиат ва амсоли инхо дар шакли рамз ё самбулхо низ баён мегарданд. Хар як чашну маросими точикон моломоли рамзу маънихои нухуфта. розхои таърихию асотирии бостонй ва мазмунх,ои печидаи хаётй мебошанд.

Рамз як навъ баёни ичтимой мсбошад, ки дар шаклх,ои лафзй, хаттй, тасвирй, ичрой ва моддй унсурхои асотирию мазхабй, адабй ва ичтимоию фархангиро дар бар гирифта, аз як фард ба фарди дигар ва аз як насл ба насли баъдй интикол ёфтаанд.

Рамзхои ин ё он чашнхоро аз лихози шакл ва навъу намудхо метавон ба гуруххо табакабандй кард ва ба таври чудогона баррасй кард. Дар ин макола мо мехохем, чанде аз рамзхои марбут ба чашни Наврузро шарх дихем ва мавкеи онхоро дар контексти таърихии ин чашни бошукухи ниёгон нишон дихем.

 

Сафедй - рамзи покй ва бегунохй

 

Аз маълумоти гирдовардаи мардумшиносону муаррихон ва пажухишхои мухаккикони фолклор бармеояд, ки дар чашни Навруз ва ойинхову суннатхои марбути он ранги сафед ахамияти бештар доштааст. Мардуми точик дар гузашта ранги сафедро хамчун рамзи покиву беолоишй. сулху осоиштагй, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби гизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони точикон кушиш менамуданд, ки хар чи бештар ин ранг дар айёми Навруз ба назархо раеад. Масалан, хангоми тахвили сол либосхои сафед ба бар мекарданд. Дар руйи суфрай наврузй шакар, шир, мост ва хурокхои аз ширу биринч тахияшуда мегузоштанд. Аз гушти чонварон, асосан, мург ва мохиро руи дастархон мениходанд, ки сафедранг хастанд. Дар ин суфрай идона инчунин себу сир ва санчид хам чойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад.

Расми сафедгузинй ва рамзофарй дар замонхои хеле кадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мусо ибни Исо Ал-Кисравй, шох,они сосонй пагохии рузи Навруз бози сафедеро парвоз медоданд ва субхи Наврузро бо ошомидани шири навдушида ва ё хурдани порае панири тоза огоз мекарданд. Ва дар ин рузи Навруз ба шох дар обгинаи нукрагин об мебурданд.

Мо дар бисёр тасвйрхои мардумшиносй ва фолклории пажухишгароне, ки рочеъ ба Навруз ва расму одатхои марбути он

китобу маколахо таълиф кардаанд, шохиди он мешавем, ки то ба имруз ранги сафед яке аз мухимтарин рангхои рамзноки ин чашн мебошад.

Дар минтакаи Дарвози Точикистон дар айёми Навруз аслан гизохои ширй, ба мйслй шйрбиринч, ширчуш, ширравган, ширбат омода мекарданд. Мардум ин хурокхоро дар хона тахия карда, сипас ба табаку зарфхо бардошга ба идгох мебурданд ва бо хам тановул мекарданд.

Точикони нохияи Сухи вилояти Фаргонаи Узбекистон дар суфраи идона суманакро дар зарфи сафедранг мегузоранд, хатто хонаи хамсоя ва хешу акрабо низ дар зарфи сафед мебаранд. Кадбону ба сари шахсй суманак оварда румоли сафед баста, ба зарфаш одатан дар иваз - орд, канд ё тухми мург менихад».

Дар Бадахшони Точикистон дар рузи Навруз агар мардум ба хонаи якдигар оянд, дар вактй ба хона даромадан шахси воридшавада дар даст шохчаи тару тозаи бедро дошта мегуяд: "Шогуни бахор муборак!". Ва мизбон дар чавоб: "Бо руи щумо муборакГ гуфта, камтар ордро гирифта, китфи рости шахси омада ва шохчаи бедаш мепошад. Ин орд рамзи хаёти осоишта буда, фоли нек ба шумор меравад.

Хамин тарик, ранги сафед ба хайси намоди покию беолоишй ва бегунохй дар айёми чашни Навруз мавкеи барчастае дорад. Мардумони эронитабор соли навро бо тани поку либосхои тоза ва гизою ашёи рамзии сафед пазирой мекарданд. Аз нигохи дигар, чун фалсафаи эрониёни кадим аз муборизаи ду кувваи мутазод, ду кутби ахлоковар, яъне тазоди шабу руз, некию бадй, гармою сармо ва рамзан сафеду сиёх иборат буд, таъсири ин консепсия ба намунахои фархангй ба таври назаррас бозтоб шудааст.

 

Ифодахои рамзи тандурустй ва шодкомй

 

Орзуи саломатию шодкомй, ширину бофарогат гузаштани сол, кушоиши кор ва заволнопазирй дар якчанд амалхои суннатии наврузй тачассум ёфтаанд. Мардуми точик кабл аз фарорасии соли нав ва лахзахои аввали он баъзе расму одатхоро ичро мекарданд, ки ба тандурустйю амният ва хушвактии онхо дар тули сол мутааллик буданд.

То ба миёнахои асри гузашта мардумони Х,исору. Каратог, Истаравшану Хучанд ва Самарканду Бухоро ва дигар чойх,о пеш аз Навруз косаю табак, куза ва дигар зарфхои лабшикаста», чаговарда. ё сирпаридаро шикаста мепартофтанд, ки он як одати кадимии зардуштиён буд. Ин ойин чунин маънй дошт, ки хамаи чизхои шикаста бо соли кухна бебозгашт бираванд ва мардум дар соли нав орзуи тандурустиву зиндагии бешикастро таманно мекарданд.

Инчунин бо максади тавдурустй дар чоршанбеи охири сол маросими чоршанбеи охирон гузаронида мешуд. Дар чорраха, ё куча ва ё богхо се гулхани начандон калон афрухта хурду калон аз болояш мечахиданд на ба оташ мурочиат карда мегуфтанд: ранчурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман. Бо ичрои ин амал онхо бовар доштанд, ки дар соли нави оянда онхо тандуруст хоханд буд. Мувофики бовари дигар, хар нафаре, ки аз болои оташ чах,ида гузарад, гунохлояш мерехтааст.

Инчунин дар шахру дехоти Мовароунахр дар арафаи Навруз ба хадмдигар гул такдим мекарданд, гулоб мепошиданд ва ширинй мечашониданд, ки чумлагй бо орзуи саломатию хушрузй ва шодмонихо амалй мегаштанд. Бо ичрои ин амалхо мардум кабл аз фарорасии соли нав на танхо хонаву дар ва ашёву анчоми хонаро тоза мекарданд, балки тавассути обпошй ва аз оташ чахидаи рухан худро тозаву озода менамуданд.

Дар Бухорои шариф муллохо дар як хафта кабл аз вуруди Навруз дар когазхо бо заъфарон «Хафтсалом» навишта ба мардум медоданд. «Хафтсалом» аз оёти куръоние иборат буд, ки дар он саломхо бар Нух, Мусо, Илёси набй ва дигар паёмбарон зикр шуда буданд. «Хафтсалом»-ро рузи Навруз дар гулунгоб ё оби тоза тap карда, оби онро ахли оила менушиданд. Тибки акоиди мардум, ин махлул хусусияти шифой доншта, касро аз нохушй ва беморихо начот медодааст.

Х,амин тарик, мардуми точик соли навро бо хонаву дари тамизу ботартиб, либосхои тоза ва руху андешаи пок пазирой мекарданд.

 

Рамзи баракат ва фаровони

 

Чун Навруз пешонаи фасли бахор аст, мардуми кухистон асосан дар айёми Навруз шуруь ба корхои кишоварзй ва зироаткорй мекарданд. Дар аксари навохии Точикистон ва шахру вилоёти точикнишини Узбекистан то ба дахсолахои наздик дар айёми Навруз маросими чуфтбаророн барпо мешуд. Дар рузи чуфгбаророн дехконон аввал дар хонае чамъ омада, зиёфате ороста бо хам медиданд сипас аз Курьони шариф сурахо кироат мекарданд ва ба хакки Бобои Дехкон ва арвохи гузаштагон дуою фотиха мехонданд. Баъдан онхо барзагову олоти чуфтрониро ба сахро, ба мавзеи киштукор мебароварданд, ба шоххои барзаговхо равгани загир мемолиданд ва ба сару бадани говхо орд мепошиданд, ки разми баракату фаровонии хосилро ифода мекард.

Рамзи баракту фаровонй дар шаклхои мухталиф дар фарханги мардуми точик мунъакис гаштааст. Тавре ки пажухишгар Нисор Шакармамадов дар китоби «Наврузи Бадахшон» овардааст, «сохибхоназан _ё марди кадхудо субхгохон ба чашма барои об меравад. У бояд аз хона то сари чашма ё руд ва аз он чо то хона ба касе сухан нагуяд. У хангоми обгирй аз чашма чандто сангчаро гирифта ба даруни сатил меандозад, ки ин сангчахо рамзи бобаракат шуданро ифода мекунанд. Чун ба хона расид сангчахоро хамрохи як даста сабзае, ки аз атрофи чашма чидааст аз равзанаи бом ба даруни хона (пойгах) меандозад. Сангрезахо ва сабзаро пас аз се руз аз пойгахи хона чида, онхоро дар зери дарахти калону сершох мегузорад. Ин расми кадим орзуи мардумро аз ояндаи неку фархунда ва бофайзу баркатшавии корхо бозгуй мекунад».

Чунин сангчахоро, ки микдорашон хафт адад аст, занхои точик хангоми пухтани гизои наврузй - суманак ба дег меандозанд, ки рамзи фаровонй ва файзу баракат ба шумор меравад. Дар бисёр чойхо ба деги суманак ба чои сангчахо 7 дона чормагз меандохгаанд.

Хурокхои анъанавии наврузии точикон аслан гизохоянд, ки аз анвои галладона пухта мешаванд. Чунончи, дар иохияи Х,исор аз гандуми куфта, нахуд, лубиё ва баъзе гиёххои хуштаъм ба монанди райхон, пудина, шулха, чаъфарй, пиёз ва гайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар дигар минтакахо далда (Кулоб), кашк (Ягноб), бон (Бадахшон) ва гуча (дар Панчакент) гайра меноманд. Хуроки мазкур, ки аз хубубиёт ва гиёххо тахия мегардад, рамзи фаровонии хосили кишоварзи соли нав ва инчунин гизои солимро ифода мекунад.

Рузи Навруз дар бисёр манотики точикнишин дегхоро пур карда, оши палав ва гандумкуча мепухтанд ва бо ин амал онхо орзу мекарданд, ки тамоми сол серию пурй ва пурфайзу баракат бошад.

 

Рамзи эхёи табиат ва сарсабзию хуррамм

 

Мувофики ривоятхо ва асотири халкхои гуногун, Худованд офариниши чахонро дар огози бахор, яъне дар айёми Навруз шуруъ кардааст. Офаридгор оламро бар пояи аклу мантик дар фасли нахустини табиат халк намудааст, на дар ягон анбухи тираву тор, на дар сармову туфони зимистон, на дар тобистони сузон ва на дар тирамохи пур аз хазону гиёхони пажмурда. Балки бегумон бо рушноии фаровон, бо фуруги хаётбахши хуршед, бо сабзаву гулхои тарабафзои бахорй ба чунбишхо ва руишхо огоз бахшидааст.

Дар расму ойин ва бовархои мардуми точик фарорасии бахор, зиндашавии табиат ва огози кишту кори дехкон дар шаклхои гуногун тачассум ёфтаанд.

Аз омадани Навруз пеш аз хама бачагон бо ичрои маросими шодии гулгардонй ба дигарон хабар медиханд. Онхо як-ду хафта кабл аз Навруз гурух шуда, ба куху пуштахо рафта гулхои бахорй: сиёхгуш ва гули зардакро чида ба деха меоранд ва хона ба хона гашта ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврузро мерасонанд. Сохибхонахо гулхоро буй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачахо кулчаю канду мавиз, дар баъзе чойхо гандуму нахуд медиханд.

Сабзаи чав ва ё гандум, ки зинатбахши суфрай «хафт син» ва масолехи асосии суманак аст, дар асл рамзи эхёи табиат ва зебогию осоиштагии хаёт мебошад. Дар рустохои водии Ягноб субхи Навруз сабзаи суманакро хафт духтар дар табакхо гирифта болои cap мегузоранд ва ба махалли пазандагон мебаранд ваа то ба пухта расидани суманак ва дигар гизохои идона ба пазандагон кумак мерасонанд.

Ба гайр аз сабза шохчахои дарахтони гуногун низ аз зиндашавии табиат дарак медиханд. Чунончи, дар Бадахшони Точикистон дар рузи Навруз мардум хангоми ба хонаи якдигар мераванд, шохчаи тару тозаи бедро ба даст мегиранд.

Дар водии Вахони нохияи Ишкошим дар айёми Навруз аз пусти тозаи бед занчиракхо месозанд, ки номи онро калаколок меноманд ва дар вассаву болорхо ва шифти хона меовезанд. Онхо дар шифти хона то иди ояндаи шудгори бахорй мемонанд.

Расми дигари марбути шохаи тари бед дар байни духтарони навохии мухталифи Точикистон ва манотики точикнишини Узбакистон маъмул аст, ки махз дар шабу рузи фарорасии Навруз ичро мешавад. Вакте ки занону духтарон ва махсусан, наварусон ба идгох мерафтанд, аз пусти навдаи бед ба шакли силсила кокул месохтанд ва хамчун ороиш ба муяшон хамрох мекарданд. Дарозии хар як силсила 30-40 см буд.

Хамчунин дар Самарканду Бухоро, Фаргона, Хучанду Истаравшан, Исфара, водии Х,исор ва дигар чойхо аз навдаи беду пусти он чамбаракхои салламонанд месохтанд ва онхоро бо гулхои бахорй зебу зинат медоданд.

Дар водии Сухи Узбекистон духтарон кокулхоро аз пусти навдаи мачнунбед тайёр мекарданд ва бо иловаи чамбараке ба cap мегузоштанд. Шумораи кокулхо бисёр мешуд, аз хама зиёдаш то чил адад мерасид.

Хамин тарик, рамзи эхёи табиат ва сарсабзию хуррамй низ дар фарханги мардуми точик мавкеи мухим дошта, дар шаклу намудхои гуногун зохир мегардад.

Дар айёми чашни Навруз расму ойинхои мармузу пурасрор хеле зиёданд, ки йн чашнро боз хам зебову шукухманд мегардонанд. Тахкик ва ошкор кардани ин рамзу розхо моро ба суйи тафаххуми вокеият ва мохияти аслии Навруз бурда, ба масъалахои муносибати инсону табиат ва манбахои зебопарастии мардум дар фарханги мардумони эронитабор равшанй меандозад.

 

 

 

 

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 4704 | Теги: ЧОЙГОХИ РАМЗХО ДАР НАВРУЗИ ТОЧИКОН | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru