Суббота, 20.04.2024, 02:21
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГИ ОМУЗ - Иншо
ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГИ ОМУЗ

Дониш андар дил чароги равшан аст, 
В-аз х,ама бад бар мани ту чавишн аст

Оре, дониш чароги акл, куввати дил, дороиву сарват ва чавшани бузургест, ки касро аз хама гуна ранчу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эхтиёч дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душворихо ру ба ру намешавад, зеро дониши бузургаш уро бо рохи росту самарабахш рахнамун месозад. Тавассути аклу заковати бузургу хиради ба рохи дониш ба дастовардааш метавонад сохибкору сохибмаьлумот ва сохибиззат бигардад.
Донишмандон азизу гиромй ва хотирнишинанд. Дар ёдхо, базмхо, дар хамаи мавридхо дар дилу дидаи мардуманд. Ба даст овардани донишу махорати бузурт ба осонй ба даст намеояд. Шахсе, ки дар рохи донишомузй мекушад, гарчанде душвор аст, бо тамоми душворихо, норасоихо ва захматхои зиёд чизе омузад, то донишманд гардад, зеро шахси донишманд сохибобруст. Дониш ганчи бузургест, ки баробари дуне арзиш дорад:

Бех аз ганчи дониш ба гетй кучост?
 Киро ганчи дониш бувад подшост!

Хеч ганче бузургвортар аз дониш нест. Зеро ки он инсонро чун чавшани бузург аз камиву костй, гармиву сардй ва афсурдагиву эхтиёч эмин медорад. Пас. бисёр кушиш мебояд, то хар вакт омухт. Агар манбаи омузишие пайдо нашуд, аз нодон метавон чизе омухт ва бо чашми дил ба у нигарист ва бо басорати акл бар вай назар кард. Он низ афзоиши дониши ту хохад буд. Бо омухтани  алфози  наве бо  омухтани  маънии  дигаре барои кас чахони дигаре равшан мегардад. Як маънии бузург хаёти. инсониятро тагйир медихад, бо рохи рост хидоят мекунад.
Инсони асил пайваста дар омухтани илму андухтани донишу фазл мекушад. Фурсатро ганимат шумурда, бо гузашти вакт дониши худро сайкал медихад. Аз пайи чамъ овардани молу мулк ва сарвати зиёд намекушад. Зеро дар зиндагй бояд хамеша илму дониш ва хирад дар пояи аввал истанд. Дар он мебояд кушид, ки хар рузи хаётро пайи зиёд кардани донишу аклу заковати бузург сарф кард. На пайи тамаи молу мулк.
Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат кордону нуктафахм мегардонад. Мегуянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат хамчун гизо неру мебахшад. Шахсе, ки дорои хираду дониши бузург нест, у хамчун шахсияти аз гизо дурмонда мекаловад ва дар байни чомеа чун ангуштнамоён ба назари хар фард мерасад. Зиёд намудани дониши хар як инсон ба хадди омузиши у вобастагй дорад.
Зеро мегуянд, ки:

Илм чандон ки бештар хонй, 
Чун амал дар ту нест нодонй.

Донишомузй ва толибилмй рисолатхои бузурги инсонианд. Касе, ки ин рисолатхоро ба чо намеорад, дар шумори одамиён буда наметавонад ва бевосита дар таънаву матомати атрофиён мемонад. Валек шахсияти донишмандро хама эътироф ва эхтиром мекунад. Агар ба марги аблахон танхо фарзандонашон бигирянд ба марги алломахо чахон мегиряд, зеро бо заковату дониши бузургашон дили чахониёнро ба даст овардаанд. Барои омухтани донишу маърифати зиёд бисёртар бояд китоб хонд, зеро манбаи хамаи омузишу донишхо аз китоб сарчашма мегирад.

Руй овар бар китобу дониш аз он сахл гир, 
То ба дониш гардй машхури чахону дилпазир.

 Бале, дониш чароги акл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилхо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгарои хар анчуман аст. Агар аз хурдй то ба дами марг барои омухтани илму андухтани дониш камар бандем, сахве нахохад шуд, зеро асоситарин ва бехтарин амал дар зиндагии инсони асил илм омухтан аст. Зеро гуфтаанд:

Зи дониш зинда монй човидонй. 
Зи нодонй наёбй зиндагонй.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 11721 | Комментарии: 1 | Теги: ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГИ ОМУЗ - ИНШО | Рейтинг: 3.7/11
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru