Четверг, 25.04.2024, 16:18
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 12
Гостей: 12
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Достони «Кова ва Заҳҳок» - Иншо

Достони «Кова ва Заҳҳок»

Нақша:

Муқаддима

1.      Ғояи асосии достон

2.      Симои қаҳрамонони достон

3.      Хулоса

Абулқосими Фирдавсӣ ҳамчун сарояндаи достонҳои безаволи «Шоҳнома» дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ва ҳамчунин дар таърихи адабиёти ҷаҳон шӯҳрати бузург касб кардааст.

Фирдавсӣ дар овони ҷавонӣ ба омӯхтани илму дониш шавқу завқи зиёде доштааст. Аз ин рӯ, дар андак муддат илмҳои замонаашро аз худ менамояд. Ӯ сарояндаи яке аз достонҳои бузурги қаҳрамонӣ – «Шоҳнома»  буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун ҳамосасаро маълуму машҳур гардидааст.

Достонҳои «Шоҳнома» ранҷу заҳматҳои зиёда аз сивупанҷсолаи шоирро фаро гирифтааст. Шоир барои эҷоди ин асари калонҳаҷм тамоми дороии хешро сарф намудааст. Вале, мутаассифона, шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ ба фикру андешаи бахоҳон гӯш дода, ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ беэътиборӣ зоҳир намуд ва бар ивази ҳама он ранҷу заҳматҳои кашидаи шоир ба ӯ музди ночизе дод.

«Шоҳнома» достонҳои қаҳрамонӣ буда, аз бахшҳои гуногун иборат мебошад. «Шоҳнома» аз якчанд  достонҳои таърихиву қаҳрамонӣ иборат мебошад, ки яке аз ҷолибтарини онҳо достони «Кова ва Заҳҳок» мебошад. Фирдавсӣ дар достони «Кова ва Заҳҳок» муборизаи халқи меҳнаткашро бо роҳбариву сарварии Кова ба муқобили Заҳҳоки ситампешаву золим тасвир намудааст. Ғояи асосии достон мубризаи қувваҳои некӣ бар зидди қувваҳои бадӣ ба ҳисоб меравад. Дар достон Заҳҳоки золим, Коваи оҳангар, писаронаш ва халқи меҳнаткаш қаҳрамонони асосӣ маҳсуб мешаванд.

Заҳҳок бо таъсири қувваҳои бадӣ падари худро ба қатл мерасонад ва баъд аз он ба сари тахт менишинад. Баъди он ки Аҳриман аз китфҳои Заҳҳок бӯса мекунад, аз ду китфи ӯ мор мебарояд. Морҳо ба сари Заҳҳок ҳамла меоварад  Аҳриман ба Заҳҳок ҳамчун табиб маслиҳат медиҳад, ки ҳар рӯз морҳоро бо мағзи сари ду ҷавон зиёфат диҳад. Фикру андеша ва мақсаду муроди Аҳриман аз ин маслиҳат он буд, ки тухми инсонро аз рӯйи замин нобуд кунад. Ҳамин тавр, морони Заҳҳокро парвариш мекунанд. Халқи бечора ба танг меояд. Кова, ки ҳабдаҳ писари худро аз даст дода буд, пешдомани чармини худро ливо сохта, халқи меҳнаткашро ба мубориза даъват менамояд. Саранҷом, Кова ғалаба мекунад.

Фирдавсӣ Заҳҳокро ҳамчун шахси золим, фарзанди нохалаф рамзи қувваи бадӣ ба қалам додааст. Дар образи халқ бошад, қувваи бузургу мағлубнопазирро инъикос намудааст. Шоир дар образи Кова шахси бузургу тавоноро тасвир кардааст. Фирдавсӣ ғалабаи Коваро бо кӯмаку дастгирии халқи меҳнаткаш тасвир намуда, қудрат ва тавоноии халқи оддиро хеле бузург мешуморад.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (12.02.2013)
Просмотров: 2081 | Комментарии: 1 | Теги: Достони «Кова ва Заҳҳок» - Иншо | Рейтинг: 4.4/5
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru