Пятница, 26.04.2024, 10:28
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 7
Гостей: 7
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Душанбе пойтахти мо - Иншо

Душанбе пойтахти мо

 

Шахри паймони ман, Душанбе,

Фахри даврони ман, Душанбе.

Пояи вахдати точикон,

Дар дилу чони ман, Душанбе.

 

Саидалй Маъмур Душанбе шахри калонтарини чумхурй, маркази илму фарханг пойтахти Точикистон мебошад. Ин шахри зебову дило­ро таърихи худро дорад. баъди Инкилоб, яъне соли 1924 дар Осиёи Миёна таксимоти миллии марзй сурат гирифт. Халкхои минтака ба давлатхои хурди миллй таксим гаштанд. Аз чумла, точикон низ пойтахти давлати худро аз Бухоро ба Душанбе оварда, онро маркази Точикистон эълон доштанд.

Халки точик аз ин бохти таърихй рухафтода нашуда, бахри эъмори Душанбеи азизаш камари химмат баст. Охиста- охиста дехаи хурди Душанбе симои худро дигар карда, тадричан ба шахри бузург мубаддал гашт. Баъди чумхурии иттифокй ном гирифтани он эьтибори Душанбе афзуда, соли 1929 номи Сталинободро гирифт. Соли 1961 аз нав номи кадимааш бар­каpop карда шуд.

 

Шурой комат афрохта, кабои рангин дар бар кард. Хонахои серошёна, касру толорхои бархаво, театр, бинохои маъмурию фархангй хамон солхо сохта шудаанд. Илова бар ин, шахри Душанбе маркази сиёсй, фархангй ва иктисодии чумхурй мебошад. Дар канори ин шахри зебоманзар намояндагони миллатхои мухталиф дустона зиндагй доранд. Онхо аллакай ба расму русуми точикон мутобик, гашта, дар чорабинихои миллй, мисли Навруз, Сада, Ч,уфтбаророн, Иди Курбон фаъолона иштирок менамоянд. Душанбе махз бо захмату талош ва чонбозихои точикон ва дигар миллатхои бародар макоми шоиста касб карда, ба чахониён чун шахри дилоро муаррифй гаштааст.

Байти машхури шодравон Бокй Рахимзода далели андешаи болост:

 

Ачаб шахри дилорой Душанбе,

Хаёлам зеби дунёй Душанбе.

 

Халки точик дар тули таърихи чандхазорсолаи худ шахру пойтахтхое бунёд кардааст, ки мавриди таваччухи оламиён будаанд. Суннатхои шахрдорй ва санъати меъмории онхо, ки хусусиятхои миллй ва умумибашарй доранд, то замони мо бокй мондааст.

Душанбе бархак меросдори онхост. Имруз, ки Точикистон хамчун давлати мустакилу демократй аз чониби чомеаи чахонй шинохта шудааст, масъулияти шахрдорй низ ба тадрич меафзояд, зеро акнун Душанбе пойтахти давлати мустакилу комилхукук мебошад. Хамаи моро зарур аст, ки бо кадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатй - об, фазо, барк, богу дарахтзор, гулбогу чаманхо, рох, наклиёт, мучассамахои бузургон, оромгох, зиёратгоххо расида, дар ин шахри дилоро чароги сидку сафоро фурузон нигох, дорем.

 

Нагардам сер аз руйи Душанбе,

Нигохам меравад суйи Душанбе.

Ба максад мерасад оне ки нушид,

Гулоби синаи чуйи Душанбе.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 12306 | Комментарии: 3 | Теги: ДУШАНБЕ ПОЙТАХТИ МО - ИНШО | Рейтинг: 3.3/15
Всего комментариев: 1
1 Човид  
0
Ахсан.

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru