Четверг, 25.04.2024, 17:50
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 16
Гостей: 16
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ФАХРИ ОН ДОРАМ, КИ ТОЧИКЗОДААМ - Иншо
 ФАХРИ ОН ДОРАМ, КИ ТОЧИКЗОДААМ

Точикам ман, миллати бонангу бовичдон ман.
Ифтихор аз Сугдиёну насли аз Сомон ман.
Толиби сулху амонй, толиби илму адаб,
Покдилу поквичдону қавиармон ман. 

Мо точикем, точике, ки дар тули солхову асрхо чун як миллати бузургу боифтихор ва кухантаърих то ба имруз арзи хастй дорад. Точике, ки расму русум, оину фарханги гании хешро то ба имруз оварда расонда. Точике, ки ифтихор аз Сугдиёну насл аз Сомони бузургу точдорро то ба имруз парварида. Точикмиллате, ки қиммату қудрати ниёгони бузургамонро, аз кабили Рудакиву Фирдавсй, Синову Хайём, Хофизу Саъдй, Бедилу Камоли бузургалфоз дар дилу дида нигахдору боифтихоранд.
Мебояд аз он болид, ки ин миллати бузург, ки замоне зери бори гарону азият ва норасоихо карор дошт, замоне, ки аз чихати иктисодию ичтимой танқисй мекашид, замоне, ки мардуми ин кавмро ба тоифахои гуногун чудо мекард, нофахмию бародаркушихо медид, дар куй диёри гайр азияти гарибй мекашид, муваффакиятхои бузургро имруз сохиб аст. Имруз байни миллати точик ифодахои Кулобй, Хисорй, Гармй, Бадахшонй, Варзобй ва монанди инхо вучуд надорад.
Имруз миллати точик хама ба хам омада, сар аз як гаребони бузург бароварда, давлату миллати хешро саробону пуштибонанд. Ин дастовардхои бузург бо шарафи фарзанди баруманди миллати точик, Президента Точикистон, Эмомалй Рахмон ва ростгирй намудани мардуми бошарафи ин сарзамин ба даст омада. Имрузхо точикон хамчун миллати бузург машхури чахонанд. Дар тамоми гушаву канори дунё хамчун кормандони сохахои гуногуну бузург фаъолият мекунанд. Модари точик чун зани босаховаттарин хунармандтарин, ташаккулёфтатарин шахсият оламиенро писанд аст.
Миллати баруманди точик имрузхо даст бар даст нихода, пиру барно иншооти бузурги кишвар, НБО-и Рогунро бино мекунанд. Тамоми бошандагони Точикистони азиз дар бунёди ин иншоот сахмгузоранд. Хатто точикони бурунмарзии кишвар, ки дар дигар давлатхои дунё икомат доранд, аз дурихои дур дасти мададу кумаки хешро мерасонанд.
Турсунзода дар бораи бузургии точикон чунин ибрози андеша кардааст:

Ман дар огуши шахри зебоям, 
Шахри зеботарини дунёям... 

Хушбахтона дар ин солхои тулонй то ба имруз Точикистон дахчанд боиси ифтихору дастгирй гаштаву мардуми точик сарбаланду номдор, комгору баландпарвоз гардида, воломаком гаштааст.
Аз заковатхои точик маърифат эхе шавад, 

Қавм гардад сар ба сар машхур дар дунё шавад. 
Дасти точик гул бигардонад куху даштро, 
Мехнати пурбори у кохи мухаббатхо шавад. 

Хулоса, миллати точик дар ягон давру замон кадр, кимат ва манзалати худро гум накарда аст. Хамаруза дар пешравй инкишоф ва нашъунамост. Хушбахт он фардест, ки точикмиллат  аст, зеро ифтихор аз бузургони хирад чун Рудакиву Чомиву Хайём ва Айниву Турсунзода ва амсоли онхоро дорад.

Точикй, эй марди майдон, ифтихор аз он бикун,
 Бо бузургй бошараф ин номро эхё бикун. 
То шавад андар чахон точик қавми сарбаланд, 
Чахд кун, мардонагй кун, миллатат воло бикун.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 1375 | Теги: ФАХРИ ОН ДОРАМ, КИ ТОЧИКЗОДААМ - ИНШО | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru