Пятница, 29.03.2024, 14:55
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Фариддудин Аттор-Иншо
Аттор Фариддудин Абуҳомид Муҳаммад ибни Абубакри Иброҳими Нишопурӣ шоири ориф ва суханвари мумтози форcу тоҷик, соли 1145 дар деҳаи Кадкани атрофии Нишопур таваллуд шудааст. Падараш Абубакр ибни Иброҳим аттор ва табиб буд. Аттор низ ба атторӣ ва табибӣ машғул шудааст. Аз ин сабаб ӯ дар миёни мардум бо номи "Аттор” машҳур гашта, дар аксар қасидаву ғазалиёташ ҳамчун тахаллус истифода бурдааст. Инчунин ӯ баъзан бо тахаллуси ”Фарид” ҳам шеър эҷод мекардааст.
Аттор бо касби меросӣ рӯз гузаронида, хидмату мулозамати султонеро напазируфтааст. Ӯ аз хурди ба донишомӯзи машғул шуда, дар илмҳои адабиёту ҳикмату калом, илми дин ва тиббу дорушиноси саводу ҳунари комил пайдо мекунад. Соли 1221 дар Нишопур вафот кардааст.

Фариддудин Аттор адиби сермаҳсул буда, аз худ мероси сершумори тарбиявию ахлоқӣ боқӣ гузоштааст. Дар таърихи адабиёти мо Аттор маснависарои бузурги ирфонӣ ва бунёдгузори достонҳои тамсили эътироф гаштааст. Мақому мартабаи Атторро муҳаққиқи эронӣ Забеҳуллои Сафо чунин таъриф кардааст: «Ин марди чирадасти тавоно ва ин орифи восили доно ҳақоиқи фаровонро ба суръат дарк мекунад ва бо забоне, ки бо равониву кушодагӣ аз олами боло таъйидоте бемунтаҳо дошт ба назм дармеоварад. Шоири кардан дар ин маврид барои ӯ ба манзалаи сухан гуфтани марде буд, ки ба фасоҳату балоғат ху гирифта бошад ва ҳарчи гӯяд фасеҳу балиғ бошад». 

Аттор дар назм бештар дар навиштани маснави афзалият доштааст. Номгӯи осори Атторро ба 114 расонидаанд, ки баъзе тасҳеҳ мехоҳад. Инак чанде аз асарҳои Атторро зикр менамоем: "Ихвонуссафо”, "Ҷавоҳируззот”, "Мазохирулаҷоиб”, "Уштурнома” , "Абирнома”, "Асрорнома”, «Шоҳнома», "Мантиқуттайр”, "Хисравнома”, «Васиятнома», «Ҳайдарнома», "Илоҳинома”, "Мухторнома”, "Шаҳрулқалб”, "Тазкиратулавлиё”, "Мусибатнома”, "Панднома”’, "Гулу булбул”, "Девони қасоиду ғазалиёт” ва ғайра.

Аттор оиди мақому қиммати маснавиҳои худ чунин менигорад:

«Мусибатнома», к-андӯҳи ҷаҳон аст,
«Илоҳинома» асрори ниҳон аст.
Ба дорухона кардам ҳар ду оғоз,
Чи гуна зуд растам з-ину он боз,
Мақомоти туюри мо чунон аст,
Ки мурғи ишқро меъроҷ ҷон аст.
 

Аттор яке аз шоирони сермаҳсули форсу тоҷик буда, дар чараени афкори иҷтимоии мардуми форсизабон нақши амиқе гузоштааст. Ғояҳои пешқадами осори ӯ дар пешрафти минбаъдаи адабиети форс-тоҷик роли муҳиме бозида, ашъору абёти беҳтаринаш дар боби такмили ахлоқи ҳамидаи инсони хидмати босазо кардаанд.
Аттор дар сурудани ғазал низ маҳорати хоса зоҳир карда, ғазалиёти ӯ аз ҷиҳати фасохату балоғати калом бемисланд:

 

Дар ҳама шаҳр хабар шуд, ки ту маъшуқи манӣ,
Ин ҳама дурию парҳезу такаббур чи кунӣ?
Ҳадду андозаи ҳар кор падидор бувад,
Мабар аз ҳад, санамо, саркашу кибриву манӣ.
Аз паи он ки қазо ошиқи ту кард маро,
Ин ҳама тири ҷафо бар мани мискин чи занӣ 
Аз ғамии ту ғаниям в-аз ҳама олам дарвеш,
Нест чун ман ба ҷаҳон аз ғам дарвеши ғани
Ин дам аз олами ишқ аст, ба бози машумор,
Гар ба бози шумори қиммати худ мешикани.
Гар ту хоҳи, ки чу Аттор шави дар раҳи ишқ,
Сар фидо бояд кардан, ту вале он накуни.

 

Зи ишқат сухтам, эй ҷон, куҷои?
Бимондам бесару сомон, куҷои?
На ҷониву на ғайр аз ҷон, чи чизи?
На дар ҷон, на бурун аз ҷон, куҷои?
Зи пайдоии худ пинҳон бимондӣ,
Чунин пайдо, чунин пинҳон, куҷои?
Ҳазорон дард дорам, лек бе ту,
Надорад дарди ман дармон, куҷои?
Зи бас дар ишқи ту дар хун бигаштам,
На куфрам монду на имон, куҷои?
Зи шавқи офтоби талъати ту,
Шудам чун зарра саргардон, куҷои?
Чунон дилтанг шуд Аттор бе ту,
Ки шуд бар вай ҷаҳон зиндон, куҷои?

 

Ғазалҳо
 

Ҷаҳон аз боди наврузй ҷавон шуд, 
Зиҳй зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд. 
Шамоли субҳдам мушкиннафас гашт, 
Сабой гарми ӯ анбарфишон шуд. 
Ту гӯӣ оби ҳизру оби кавсар, 
Зи ҳар суйи чаман ҷӯе равон шуд. 
Чу гул дар маҳд омад, булбули маст, 
Ба пеши маҳди гул наъразанон шуд.
Куҷоӣ, соқиё, дардеҳ шаробе, 
Ки умрам рафту дил хун гашту ҷон шуд. 
Қафас бишкан, к - аз ин доми гулӯгир, 
Агар хоҳӣ шудан, акнун тавон шуд. 
Чӣ мегӯӣ, ба нақди айш хуш бош, 
Чи мегӯӣ, ки ин як рафту он шуд. 
Яқин медон, ки чун вақт андар ояд, 
Туро ҳам мебибояд аз миён шуд. 
Чу боз афтодӣ аз раҳ, раҳ зи сар гир,
Ки ҳамраҳ дур рафту корвон шуд. 
Балои ногаҳон андар пайи мост,
Дили Аттор аз ин ғам нотавон шуд.

 

* * *
Эй дарси ишқат ҳар шабам то рӯз такрор омада, 
В - эй рӯзи ман бе руйи ту ҳамчун шаби тор омада. 
Эй маҳ ғуломи руйи ту, гашта Зуҳал хиндуи ту, 
В - эй ҳур зи акси рӯйи ту чун зарра дар кор омада.
Эй дар сарам савдои ту, ҷону дилам шайдои ту, 
Гардун ба зери пойи ту, чун хоки раҳ хор омада.
Ҷон банда шуд рои туро, рӯйи дилорои туро,
Хоки кафи пойи туро, чашмам ба дидор омада. 
Чун бар бисоти дилбарӣ, шатранҷи ишқам мебарӣ, 
Гаштам зи ҷону дил барӣ, эй ёри айёр омада.
То нарди ишқат бохтам, шашро зи як нашнохтам,
Чун ҷону дил дарбохтам, дастам ба зинҳор омада. 
Эй ҷазъи ту шаккарфурӯш, эй лаъли ту гавҳарфурӯш,
Эй зулфи ту анбарфурӯш аз пеши Аттор омада.

* * *
Даст дар ишқат зи ҷон афшондаем 
В-остине бар ҷаҳон афшондаем. 
Эй басо хуно, ки дар савдои ту, 
Аз ду чашми хунфишон афшондаем. 
В-эй басе, оташ, ки аз дил дар ғамаш, 
Аз замин то осмон афшондаем. 
То дили тардоманӣ бардоштем, 
Доман аз кавну макон афшондаем. 
Дил гаронӣ кард дар киштии ишқ, 
Рахти дил дар як замон афшондаем. 
Чун назар бар рӯйи он дилбар фитод,
Тан фурӯ додему ҷон афшондаем. 
Ҳарчӣ дар сад сол мекардем ҷамъ, 
Дар даме бар дилситон афшондаем. 

* * *
Дар ишқ барор бебарорист, 
Бадномии ишқ номдорист.
Чун нест шумори ишқ пайдо, 
Машмар, ки шумори бешуморист. 
Дар ишқ зи ихтиёр бигзар, 
Ошиқ будан на ихтиёрист. 
Гар дил дорй, туро сазад ишқ, 
В - арна ҳама зӯҳду сӯгворист.
Зорй мекун, чу дил надодӣ, 
То дил надиданд, кор зорист. 
Ҷоно, бари ту барор онрост, 
К-аз ишқи ту айни беқарорист.
Он аст азиз дар ду олам,
К-аз ишқи ту дар ҳазор хорист. 
Ҳар бехабаре, ки қадри ишқат,
Менашносад, зи хоксорист. 
В-он кас, ки шинохт хурдаи ишқ,
Ҳар хурдаи ӯ бузургворист. 
Парвонаи туст ҷони Аттор,
З-он аст, ки ғарқи ҷонсупорист.
Чун зи роҳи неку бад бархостем, 
Дил зи бори ину он афшондаем. 
Чун дили Аттор шуд дарёи ишқ,
Бас ҷавоҳир, к-аз забон афшондаем.

* * *
Азми он дорам, ки имшаб ниммаст, 
Пойкӯбон кӯзаи дурдӣ ба даст 
Сар ба бозор қаландар дар нидам,
Пас ба як соат бибозам дар чӣ даст. 
То кай аз тазвир бошам худнамой, 
То кай аз пиндор бошам худпараст? 
Пардаи пиндор мебояд дарид, 
Тавбаи зуҳҳод мебояд шикааст, 
Вақти он омад, ки дасте барзанам, 
Чанд хоҳам будан охир пойбаст? 
Соқиё, дардеҳ шаробе дилкушой, 
Ҳин, ки дил бархост ғам дар сар нишаст.
Ту бигардон давр то мо мардвор, 
Даври гардун зери пой орем паст.
Муштариро хирқа аз сар баркашем, 
Зуҳраро то ҳашр гардонем маст. 
Пас чу Аттор аз ҷиҳат берун шавем,
Беҷиҳат дар рақс оем аз аласт.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (04.03.2013)
Просмотров: 1026 | Комментарии: 1 | Теги: Фариддудин Аттор-Иншо | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru