ФАРЗАНДИ БАД - ДОГИ ПАДАР - Иншо - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Понедельник, 05.12.2016, 01:22
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1807
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ФАРЗАНДИ БАД - ДОГИ ПАДАР - Иншо
ФАРЗАНДИ БАД - ДОГИ ПАДАР

Тифлро аз кудакй омуз адаб.
 В-аз камоли тарбият одам шавад.

Хар як инсон дар зиндагй вазифадор аст, ки фарзандони худро дар оянда номбардору сарбаланд ба воя расида, обруву ифтихори волидони хеш гардад. Аз бадон канорачуй намояду бо бузургону сохибхирадон дустй намояд. Ба амалхои бад даст назанаду мулохизакорона рафтор намояд. Албатта, хамаи волидон хамеша мекушанд, ки фарзандони онхо поктинату боиффат ба воя расанд. Мутаассифона фарзандоне ёфт мешаванд, ки на хамеша обрую ифтихори волидон мегарданд. Ин гуна фарзандон бо вучуди хама гуна тарбияи баланд, мухити солим ва волидони бузургашон бад ба воя мерасанд ва боиси афсурдагии волидони хеш мегарданд. Бехабар аз он, ки рузе ин амалхои зишташон пеши рохи онхоро мегирад. Хар як амали зиштро барвакт хангоми пайдо гаштан аз худ дур кардан лозим аст. Пеш аз хама аз бадон худро бояд канора гирифт, набояд бо онхо нишастухез кард, то бад набуд, зеро:

Бо бадон манишин, ки сухбати бад, 
Гарчй покй, туро палид кунад.

Бисёр мебояд аз гуфтахои бузургони хирад мутолиа кард, омухт, зеро акли солим хамеша аз ин гуна панду андарзхо рухи тоза мегирад, ба хаёти солим равона месозад, сохибобру мегардонад.
Фарзанде, ки дар рухияи озодандешиву поктинатй тарбия ёфтааст, бевосита сазовори хислатхои хубу хаёти осоишта мегардад ва обрую эътибори мухиту волидони хеш мешавад, зеро у аллакай ба такдиру камолот ва ба сарбаландии хеш сазовор гардида, такдирсози хеш гаштааст.
Аммо фарзандони бад акси холатхои дар боло зикршударо аз сар гузаронида, боиси задани обруву эътибори худ дар назди наздикону чомеа мегарданд.
Онхо на танхо обрую эътибори хеш, балки мухити ихотакардаашонро паст мегардонанд. Бевосита дар чунин маврид, пеш аз хама эътибори падару модар, низ паст мегардад. Албатта, волидон на бо чунин умед фарзанд парвардаанд, ки онхоро догдор гардонанд.
Хар як амали бади фарзанд ба назари падару модар чун доги бузургу гализ мерасад. Лекин фарзандони бад чун ангушти шашум, ки ба буданашон эхтиёч нест, вале ба буриданаш дард меорад, монанданд. Оре, фарзандони бад мисли мори бад танхо захр меоранд. Мисли каждуми нешрасон танхо маломат ва захр меоранду бас. Аммо онхо чисми зиндаанд. Бояд зиндагй кунанд ва то рузи марг, ки казо тақдирашон бинмуда. хастй намоянд. Пас онхо чй тавр зиндагй мекунанд? - саволе ба миён меояд. Онхо тавре, ки дар боло гуфтем аз бемаърифатию нодонй ва нодорию ранчурй даст ба хама гуна амалхои зишт, аз кабили   дуздию   рохзанй,   мардумфиребию  авбоши   на монанди инхо зада, худ низ дар ана хамин роххои зишт чон ба казо месупоранд, ки хатто барои наздикон рузхои дафнашон низ ору номус меорад.

Фарзанди хуб - боги падар.
 Фарзанди бад - доги падар. 

Фарзандони хуб хамеша мисли дарахтони пурбор танхо ва танхо хосили хубу фаровон ва гулхои умеду орзу меоранд. Обрую ифтихори волидон мегарданд, аммо фарзандони бад хамеша доги волидону доги чомеаанд, халалгари мухити солиму зиндагии хушу рузгори осоишта ва маломатшунав. Чун шахси солиму дурандеш ва боаклу заковат хамеша дасти дуо мебардорем, то хамаи фарзандон хубу боодоб ва ифтихори волидон ба воя расанд.

Бодо, ки хама оқилу доно монанд, 
Пайванди баду неки чахонро донанд.
Фарзанд чу пайванди дилу чони кас аст,
Бодо, ки хама умр ба имон монанд.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 6081 | Комментарии: 1 | Теги: ФАРЗАНДИ БАД - ДОГИ ПАДАР - ИНШО | Рейтинг: 3.2/4
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru