Пятница, 26.04.2024, 00:07
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Фазлиддин Муҳаммадиев - Иншо
Рӯзгори Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри адиб бостонии Самарқанд ба дунё омадааст. Оилаи онҳо ба китоб пайвастагии доимӣ дошт, зеро падараш саҳҳоф ва муқовасоз буд. Падар ҳар китоби хубро, ки муқова мекард, мутолиаи онро ба фарзандон, аз ҷумла Фазлиддини хушодобу хушзеҳн, тавсия менамуд. Фазлиддин баъди хатми мактаби миёна соли 1946 ба Маскав рафта, чанде дар Донишгоҳи ҳавопаймоии Маскав таҳсил кард. Аз тангии маишат ноилоҷ таҳсилро мавқуф мегузорад ва ба Самарқанд баргашта, дар колхоз ба сифати табелчӣ кор мекунад.
Баъди вафоти падар Фазлиддинро бародараш Абдулҳамид Муҳаммадиев ба пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод меорад ва ӯро ба пешаи рӯзноманигорӣ ҳидоят менамояд.
Ф. Муҳаммадиев солҳои 1947-1949 чун ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «ҷумҳурият») адои вазифа мекунад. Баъд ӯро ба Маскав, ба Мактаби марказии комсомоли умумииттифоқ мефиристанд. Адиб баъди хатми ин мактаб (1951) фаъолияти рӯзноманигориро дар рӯзномаҳои «ҷавонони Тоҷикистон», «Газетаи муаллимон», «Тоҷикистони советӣ», маҷаллаҳои «Занони Тоҷикистон» ва «Шарқи сурх» давом медиҳад.
Соли 1962 Ф. Муҳаммадиев дуввумбора озими Маскав шуда, дар Институти адабиёти ба номи Горкий таҳсил менамояд. Баъди таҳсил фаъолияти рӯзноманигориро дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» давом медиҳад. Ҳамзамон ба шӯъбаи машваратии «Тоҷикфилм» ҳамкорӣ менамояд. Сипас, фаъолияти адиб дар нашриёти «Ирфон» ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик идома меёбад. Солҳои 1978-1981 ба сифати котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор мекунад. Аз соли 1981 то охири умр дар кори эҷодӣ буд. Адиб шашуми октябри соли 1986 ҳазорон мухлисону алоқамандонашро ба таври ҳамешагӣ тарк гуфт. Турбати марҳум дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Муҳаммадиев барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1967), Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон мебошад.
Мероси Фаъолияти асарофаринии Ф. Муҳаммадиев аз нимаи солҳои адабӣ 50-ум оғоз ёфтааст. Аввалин ҳикояи нависанда, ки соли 1955 ба табъ расид, «Порчаи остин» ном дошт. Баъд пай дар пай очеркҳои «Раиси нав» (1955), «Муҳоҷирон» (1956) ва «Фаттоҳ ва Музаффар» (1958) ба табъ расиданд. Соли 1958 аввалин маҷмӯаи очерку ҳикояҳои нависанда таҳти унвони «Муҳоҷирон» чоп мешавад.
Дар аввалин очеркҳои нависанда масъалаҳои муҳими иҷтимоию маданӣ тезутунд ва бо ҷиддият ба миён гузошта шудаанд. Дар очерки «Раиси нав» мавқеи роҳбар дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. қаҳрамони очерк Саид Фатҳуддинов шахси кордону ҷонсӯз аст. ӯ ба одамон бовар дорад ва ба онҳо раҳнамоӣ карда метавонад. Дар очерки «Фаттоҳ ва Музаффар» бошад, масъалаи роҳбарони мағруру худбовари соҳаи кишоварзӣ бардошта шудааст. Аз мутолиаи очерк хонанда ба чунин хулоса меояд, ки ба Фаттоҳ барин роҳбарони бемасъулият бовар кардан мумкин нест, балки ба онҳо бо ҷиддияти том мубориза бурдан зарур аст. Нависанда ба Фаттоҳ инсони асилу ҷонфидо – Музаффарро муқобил мегузорад.

Қиссаи «Тири хокхӯрда» (1960) оид ба сарнавишти кормандони бехатарӣ ва қиссаи «Одамони кӯҳна» (1963) доир ба рӯзгори зиёиёни шаҳр баҳс мекунанд. қиссаи таърихии «Зайнаббибӣ» (1964) сарнавишти зани тоҷик, раиси ҳукумати ноҳияи Кӯктош (ноҳияи ҳозираи Рӯдакӣ) Зайнаб қурбоноваро фаро гирифтааст. қиссаи «Дар он дунё» (1965) дар бораи сафари ҳоҷиён аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва рафторҳои аҷибу ғариби онҳо ҳикоят мекунад. Ҳар кадоми ин асарҳо як паҳлӯи муҳими эҷодии Ф. Муҳаммадиевро муайян мекунанд. Масалан, қиссаи «Тири хокхӯрда» аз майли нависанда ба тасвири воқеаҳои ғайриоддӣ ва моҷароҷӯёна гувоҳӣ медиҳад ва аввалин намунаи асари детективӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик ба шумор меравад. қиссаи «Одамони кӯҳна» бошад, ба забони русӣ тарҷума шуда, дар маҷаллаи «Дружба народов» ба табъ расид ва номи нависандаи тоҷикро бо адибони машҳури шӯравӣ дар як радиф гузошт. Ф. Муҳаммадиев дар солҳои 60-ум як силсила ҳикояҳо навишт, ки онҳо соли 1969 дар маҷмӯаи «Сози Мунаввар» ба табъ расиданд. Соли 1974 нахустин романи ӯ таҳти унвони «Палатаи кунҷакӣ» дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба нашр мерасад ва баъдтар бо ҳамин ном дар шакли китоб дастраси хонанда мегардад. Мавзӯи он аз рӯзгору фаъолият ва дунёи маънавии инсони муосир иборат мебошад.
Муҳаммадиев ба сабаби беморӣ чанд сол чизе навишта натавонист. Аммо истеъдоди нависандагӣ ва маслиҳатҳои устодону дӯстон ӯро боз ба асарнависӣ ҳидоят намуд. Адиб соли 1977 сафарномаи «Мо нориниёнем»-ро навишт, ки маҳсули мушоҳидаҳои адиб аз ҷумҳурии қирғизистон, махсусан шаҳри Норини ин сарзамин мебошад. Нависанда ба гӯшаву канорҳои ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр сафар мекард ва бо сохтмончиёни Норак, Роғун, Бойғозӣ алоқаи доимӣ дошт. Ин муҳаббату садоқати ӯ ба Ватан ва халқи тоҷик дар «Шираи замин» (1981), «Оини муқаддас» (1982), «Саволу ҷавобҳои Энаҷон Бойматова» (1986) ном очеркҳояш бармало эҳсос мешавад.
Дар қиссаҳои «Шоҳии япон» (1981) ва «Варта» (1983) аз зиндагии коргарони тоҷик, маишат, олами ботинӣ ва савияи маънавиёти онҳо сухан меравад. Ҳамчунин, ҳикояи «ҷага» ва чанд ҳикояи дигари мавсуф дар нимаи дуввуми солҳои 80-ум ба табъ мерасанд. Ду ҷилди Куллиёти Ф. Муҳаммадиев солҳои 1978 ва 1980 дастраси алоқамандон гардиданд. Умуман, тамоми асарҳои адиб дар шакли куллиёт ва китобҳои алоҳида ба чоп расиданд. Охирин маҷмӯаи қисса ва ҳикояҳои Муҳаммадиев бо номи «Варта» баъди марги нависанда, соли 1987, ба дасти хонанда расид. Фазлиддин Муҳаммадиев ба сифати эссенавис, публитсисти фаъол ва ҳаҷвнигори забардаст низ маъруф аст.1 Соли 1985 маҷмӯаи очерку эссе, публитсистика, фелетон, намоишнома ва мақолаҳои адиб бо номи «Дӯстон тоҷи сар» чоп гардид. Сарлавҳаи яке аз мақолаҳо «Мо ҳамагӣ масъулем, ҳар яки мо масъул аст» ном дорад ва ин шиори тамоми фаъолияти қаламкашии нависанда аст. Ё худ дар мақолаҳои «Косадум» ва «Прокурорҳои нармдил ва дуздони шердил» масъалаи оштинопазир будан ба шахсони баддил ва мансабталошу мусолиҳакорро мебардорад. Ф. Муҳаммадиев пайваста ба филмсозони тоҷик ҳамкорӣ дошт ва аз рӯйи асарҳои ӯ чанд филми бадеию мустанад бардошта шудааст. Махсусан, филмҳои «Задухӯрд» (1973), «Субҳи Ватани ман» (1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980), ки аз рӯйи филмномаҳои адиб наворбардорӣ шудаанд, то ҳозир хазинаи Тоҷикфилмро оро медиҳанд. Филми бадеии «Вохӯрӣ дар дараи марг» дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ соҳиби мукофот гардидааст. Нависанда дар соҳаи драманависӣ ҳам кӯшишҳо кардааст ва мазҳакаи «Арӯси охирини амирулмӯъминин» (1983) яке аз онҳост.
Қариб ҳамаи асарҳои бадеии Ф. Муҳаммадиев ба забони русӣ тарҷума шудаанд. Ҳамчунин, қисса ва ҳикояҳои ҷудогонаи адиб ба забонҳои украинӣ, белорусӣ, қазоқӣ, латишӣ, эстонӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума ва чоп гардидаанд. Чанд асари ӯ ба алифбои форсии арабиасос низ дастраси хонанда шудаанд.
Ф. Муҳаммадиев дар соҳаи тарҷума низ маҳорат дорад. Тарҷумаи тоҷикии романҳои нависандаи Фаронса Андре Стил «Зарбаи аввал», адиби румин Михаил Садовяну «ҷазираи Гулистон», қиссаҳо ва романи нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов «ҷамила», «Алвидоъ, Гулсарӣ» ва «Дуроҳаи бӯронӣ», песаҳои нависандаи рус Н. Погодин «Достони саввуми муассир», адиби ӯзбек А. қаҳҳор «ҷон модаракон» ва «Садо аз тобут», асарҳои ҷудогонаи А. Чехов, Т. Драйзер ва дигарон ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Хулоса, Ф. Муҳаммадиев зиндагии шарафмандона дошт ва аз худ мероси бою пурбаракат боқӣ гузошт.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (04.03.2013)
Просмотров: 1514 | Комментарии: 1 | Теги: Фазлиддин Муҳаммадиев - Иншо | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru