Пятница, 29.03.2024, 08:57
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Фикру ақидаҳои панду ахлоқӣ дар ашъори Рӯдакӣ - Иншо

Фикру ақидаҳои панду ахлоқӣ дар ашъори Рӯдакӣ

Муқаддима

1.      Мӯҳтавои ашъори пандуахлоқии шоир

2.      Тавсифи илму дониш ва хирад

3.      Таҷрибаи рӯзгор

4.      Васви дӯст ва танқиди душманӣ

5.      Қаноат ва додаҳо

6.      Хулоса

Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ яке аз саромадон ва устоди бузурги шоирону адибони адабиёти классикии форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ ҳанӯз замони дар ҳаёт буданаш ба сифти шоири шинохтаву тавоно эътироф гардидааст. Рӯдакиро бо эҳтироми ниҳоят зиёд пешвои аҳли илму адаб ва миликушшуарои замони худ ёд мекунанд. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар натиҷаи фаъолияти илмиву адабӣ ва шоирии худ ба ин мақоми баланд сазовор гардидааст. Ӯ дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ бо номи сардафтар ва ё асосгузори адабиёти форсу тоҷик маълуму машҳур шудааст. Мероси адабии шоир хеле доманадор будааст. Ашъори Рӯдакӣ тамоми мавзӯъҳои ҳаётиву иҷтимоиро фаро гирифтааст. Яке аз мавзуъҳои асосие, ки дар эҷодиёти шоир ҷойи намоёнро ишғол менамояд, ин мавзӯъҳо и гуногуни пандуахлоқӣ мебошанд. Дар ашъори пандуахлоқии шоир мавзӯъҳои одобу ахлоқи баланди инсонӣ, одамгарӣ, дӯстиву рафоқат, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва ҳунару ҳунарварӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд. Аз назари шоир, аз бар намудани илму дониш ва омӯхтани таҷрибаи рӯзгор барои ҳар як инсон зарур ва лозим аст.

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,                                                                                                                                             Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони  бихрад  андар ҳар замон

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳама бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. 

 

Таҷрибаи рӯзгор ва ҳаёт бояд барои ҳар шахс ҳамчун дарси ибратомӯз хидмат намояд:

 

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор!

 

Васфу ситоиш ва тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат дар эҷодиёти шоир ҷойи намоёне дорад. Дар ҳақиқат, дӯстиву бародарӣ дар идеали ҳар шахс ҷойи махсус дорад, Рӯдакӣ дӯстиву бародариро беҳтарин неъмати худовандӣ шуморида, фироқи дӯстони ҳунармандро таҳаммул надорад:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Устод Рӯдакӣ кибру ғурурро намеписандад. Ҳама инсонҳо новобаста ба доираву нодорӣ ва ба оммию олим будани худ бояд ҳамдигарро эҳтиром намоянд. Зеро, моро ин дунё танҳо бо фазилатҳои хуби инсонӣ ёдовар мешаванд:

 

Аблаҳу фарзонаро фарҷом хок,

Ҷойгоҳи ҳар ду андар як мағор.

 

Шоир талқин мекунад, ки инсон бо амали писандида ва корҳои шоистаи хеш бояд аз худ танҳо номи нек боқӣ гузорад.

Дар фикру ақидаҳои пандуахлоқии шоир мафҳумҳои умумиинсонӣ ҷойи асосиро ишғол менамояд. Шоир чунин фикру андеша дорад, ки барои дарки ҳақиқати ҳаёт ҳар як шахс бояд омӯхтани илму донишро пешаи худ қарор диҳад. Рӯдакӣ таъкид бар он мекунад, ки ба кулли ҳодисаву воқеаҳои рӯзгор бо чашми хирад бояд нигарист. Шоир ақлу хираду донишро ба қавле чашми дил меҳисобад:

 

Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,

Ки чашми сари ту набинад ниҳон.

Бад-ин ошкорат бубин ошкор,

Ниҳони-тро бар ниҳонӣ гумор.

 

Таҷрибаи рӯзгор нахустмуаллим ва сарвари асосии инсон будааст:

 

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳри бигир,

Ки баҳри дафъа ҳиводис туро ба кор ояд.

 

Устод Рӯдакӣ илму фарҳангро беҳтарин сарвати махнавии инсон мешуморад:

 

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ, рӯй бар ин ганқ неҳ.

 

Шоир аз нуқтаи назари инсондӯстӣ ба фарзандон таълим медиҳад, к ибо одоби писандида, ахлоқи нек, донишу ҳунаромӯзӣ номбардори падару мода рва халқу ватани худ бошанд. Зеро ки аз илму дониш ва обурӯву эҳтироми падарон ба фарзандони нохалаф суде нест.

 

Эй дареғо, ки хирадмандро

Бошад фарзанду хирадманд не.

В-арчи адаб дораду дониш падар,

Ҳосили мерос ба фарзанд не.

Бо омӯхтани илму дониш ва дар амал истифода намудани таҷрибаи рӯзгор, барои рушду инкишофи шахсияти ҳар як инсон хамчунин, тани дуруст, хулқу атвори нек ва хираду ақл лозим ва зарур аст. Нафаре, ки ин чаҳор неъмати илоҳиро соҳиб бошад, инсони комил буда метавонад:

 

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад,

Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад.

Ҳар он ки эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард.

Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нах (в) арад.

 

Ба ақидаи устод Рӯдакӣ, ҳар як инсон бояд бо буду набуди худ қонеъ бошад, ба ҳамон неъмати додаи Худо шукр намояд:

 

Бод ода қаноат куну бод од бизӣ,

Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.

Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,

Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.

 

Фикру андешаҳои пандуахлоқии шоир то ба имрӯз аҳамияти тарбиявиву ахлоқии хешро аз даст надодаанд. Ин гуна ақидаҳои ҳикматомез барои покии ҳамидаи ҷомеа дар ҳама давр хизмат мекунад.

 

 

 

 

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (12.02.2013)
Просмотров: 3614 | Комментарии: 1 | Теги: Фикру ақидаҳои панду ахлоқӣ дар ашъ | Рейтинг: 2.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru