Среда, 24.04.2024, 16:19
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 15
Гостей: 15
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Имоми Аъзам – равшанидиҳандаи илми фиқҳ
Имоми Аъзам – равшанидиҳандаи илми фиқҳ
Беҳтарин пайғамбари олам Расули Акрам аст,
Уммати воломақоми ӯ Имоми Аъзам аст.
Дар мазоҳиб мазҳабашро шоҳ мехонад ҳама,
Дар ақоид якдилу якрӯю ҳам мустаҳкам аст.
Имоми Аъзам бузургтарин равшандиҳандаи илми фиқҳ, воломақомтарин уммати паёмбар Расули Акрам, раҳнамои бузурги дини мубини Ислом буда, дар рушду нумӯи дини Ислом ҷидду ҷаҳд намудааст. Бар бузургии ин марди хирад тамоми сарчашмаҳои динӣ гувоҳанд ва бе ягон шубҳа, далолат медиҳанд, ки чун Имоми Аъзам олимони бузург дарёфтан ниҳоят душвор будааст. Ӯро ба мӯъҷизае шабоҳат додаанд, ки аз қалами муборакаш нуру зиё падид омада, Имом Шофеъ, ки яке аз шогирдони Имоми Аъзам буд, аз бузургии ӯ фармуда:
«Ҳар касе хоҳад фиқҳро омӯзад, ба шогирдии Имоми Аъзам бишитобад, зеро ҳосил намудани маонӣ аз ӯ басо оддӣ ва барҷост». Имоми Аъзам соли 80 ҳиҷрӣ дар Куфа замони хилофати Абдумалик ибни Марвон ба дунё омадааст. Номи мубораки ӯ Нӯъмон будааст, ки маънои ин исми муборак – хун аст ва хун низоми зиндагии бадани инсон аст. Баъзеҳо хунро низ рӯҳ гуфта, Имоми Аъзамро низомгари равони фиқҳ ва рӯҳи масъалаҳои зарурии динӣ ҳисобидаанд.
Бархе Нӯъмонро ба лолаи сурх маъно дода, Имоми Аъзамро гуле аз гулшани Ислом номидаанд. Бархе Нӯъмонро неъмат ҳисобида, Имоми Аъзамро аз тарафи Худои Таоло муқаддасоти раҳмати омма ва неъмати тому бузург меноманд.
Ин марди хирад замоне ба савдо машғул будааст. Ӯро рӯзе Имом Шаъбӣ дар бозор бо фазлу камоли бузург дида, аз дигаре таърихи ӯро мепурсад. Ӯ фарзанди Собит, номаш Нӯъмон аст мегӯянд.
Имом Шаъбӣ хитоб мекунад: Эй Нӯъмон ибни Собит, бишитоб ва ба сӯҳбати уламо бирас ва таҳсили илм кун, ки бозор ҷои ту набошад. Ту дар муддате олими бузург хоҳӣ гашт. Ӯ савдоро тарк намуд ва ба роҳи илм қадам гузошт ва шогирди беҳтарини Имом Хаммод гашт. Аз ривоятҳои худи ӯ:
Ба ҷомеъи илм шуғл варзидан кадом? ягон-ягон нуқсон намудор буд, аммо дар илми фиқҳ танҳо иззату ҳаловат ёфтам ва ҳеҷ айбе надидам. Чунки бе надонистани илми фиқҳ талаби дунёву охират ҳосил нагардад. Имоми Аъзам дар илми тафсир, ҳадис, шаръ, адаб ба андозаи дарёи муаззам ва муҳити аъзам буданд.
Дар илми араб ҳофизи каломуллоҳ донандаи илми таҷвид низ буданд.
Ҳазрати Абуюсуф гуфтааст: «Дар илми тафсир ва илми ҳадис мисли устодам Имоми Аъзам касеро надидаам».
Баъд аз фавти Ибни Хаммод дар Куфа Имоми Аъзам имоми бузург интихоб мегардад ва кори устодашро идома медиҳад. Шабе Имоми Аъзам хоб мебинад, ки қабри Паёмбар Алайҳиссаломро кушода, устухонҳояшро дар як ҷо ҷамъ карда истодааст. Баъди ин хоб сахт бемор мешавад. Дӯстон ба аёдати ӯ меоянд, ба ҳар як хоби дидаи хешро нақл мекунанд. Яке аз дӯстонаш ба назди Ибни Сирин рафта таъбири хоб мепурсад. Ибни Сирин таъбир мекунад, ки бинандаи ин хоб сунатҳои Пайғамбар Алайҳиссаломро байни мардум ва уммати Аҳмадӣ ҷорӣ хоҳад кард ва ба шариати исломӣ хизматҳои босазое хоҳад намуд. Ин давлат пеш аз ин ба касе муяссар нагаштаст. Пас аз шунидани ин хабар Имоми Аъзам ба даргоҳи Худои таъоло шукрона кард ва дар роҳи шариат камари ҳиммат баст.
Лекин ӯ шикастанафсӣ намекард, ӯ мардумро ба мазҳаби хеш даъват намекард. Шабе Пайғамбар Алайҳиссаломро хоб дид, ки мегуфт:
Ё Абуҳанифа! Худои Таоло туро барои зоҳир намудани суннатҳои ман ва равнақи он офаридааст. Қасди узлот гузидан аз сар баргир!
Пас ба ҷалби мардум бар мазҳаби хеш пардохт ва чунон шӯҳрат ёфт, ки Шарку Ғарб, аҷаму араб баҳраманд гашт.
Чуноне, ки аз сарчашмаҳои илмӣ маълум мегардад, асоси фикрҳои Имоми Аъзамро гуфтаҳои аслии худи ӯ тақвият медиҳанд, ки чунинанд: «Қиёси мо пайравӣ ба амри Аллоҳ аст, яъне ҳамеша фармонбардори ӯем. Масъалаву қиёсро бо китоби Худои Таоло суннатҳои Расули Акрам (с) ва суханони саҳобаро пос медорем ва пайравӣ менамоем. Райи ман ин аст, ки ҷабрро ба ҳеҷ кас раво намебинам».
Вафоти ин марди хирад, уламо, равшангари дунёи илм дар синни 70-солагӣ дар соли 150 ҳиҷрӣ рост омадааст. Рӯзи видоъ ҷасади ӯро алломаҳои бузурги Бағдод бо нидоҳои «Туро Худои Таоло дар раҳмати хеш нигоҳ дорад, ки си сол ифтор накарда, чиҳил сол шабро бо ибодат рӯз кардӣ. Дар фиқҳ ва ободию зоҳидӣ аз ҳама баланд парвоз будӣ. Бо некӣ ва бо суннат равонаи қабр ҳастӣ ва баъд аз ту дигарон низ ба ту пайрав ва тобеъ хоҳанд буд» – ӯро мегуселониданд. Шумораи мардуми барои дафни ӯ ҷамъомадаро ғайр аз Худои Таоло касе намедонад.
Вафоти хазрати Имоми Аъзамро уламои шаҳрҳои дигар шунида мегуфтанд: «Афсӯс, ки дарёи илм аз олам рафт». Ва баъзе дигар мегуфтанд, ки «Равшангари нури илм аз Куфа рахт баст, ки аҳли Ироқ чун ӯ ҳаргиз нахоҳанд дид».
Имоми Аъзам яке аз донишмандони бузурги Ислом, лолае дар гулзори Ислом, чароғи дини Ислом аст.
Хулоса, Имоми Аъзам бузургтарин роҳнамои илми фиқҳ, уламои бузург, чароғи уммат ва равшанибахши дунёи исломист. «Илми Абуҳанифа илмест, ки халқуллоҳ ба он мӯҳтоҷ ва ҳар уммат аз он баҳраҳо ёбад» фармуда Паёмбари бузург Алайҳиссалом, ки басо барҷост.
Дар ҳакикат ҳаёт, фаъолият ва осори бузурги сармазҳаби аҳли суннат Абуханифа Нӯъмон ибни Собит чун дурри маънӣ ба ҳар як фарди мусалмон дармонбахши ҳамаи дардҳо, омӯзандаи ҷамъи илмҳо ва роҳнишондиҳанда ба сӯи аъмоли неку парастиши Худои яккаву ягона ва бахшандаву меҳрабон аст.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (22.12.2012)
Просмотров: 862 | Теги: ИМОМИ АЪЗАМ – РАВШАНИДИҲАНДАИ ИЛМИ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru