Пятница, 26.04.2024, 00:47
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ИМОМИ АЪЗАМ - РАВШАНИДИХАНДАИ ИЛМИ ФИҚҲ - Иншо
 ИМОМИ АЪЗАМ - РАВШАНИДИХАНДАИ ИЛМИ ФИҚҲ

Бехтарин пайгамбари олам Расули Акрам аст, 
Уммати воломақоми у Имоми Аьзам аст. 
Дар мазоҳиб мазхабашро шоҳ мехонад хама, 
Дар ақоид якдилу якрую ҳам мустаҳкам аст.

Имоми Аъзам бузургтарин равшандихдндаи илми фикх, воломакомтарин уммати паёмбар Расули Акрам, рахнамои бузурги дини мубини Ислом буда, дар рушду нумуи дини Ислом чидду чахд намудааст. Бар бузургии ин марди хирад тамоми сарчашмахои динй гувоханд ва бе ягон шубха, далолат медиханд, ки чун Имоми Аъзам олимони бузург дарёфтан нихоят душвор будааст. Уро ба муъчизае шабохат додаанд. ки аз қалами муборакаш нуру зиё падид омада. Имом Шофеъ, ки яке аз шогирдони Имоми Аъзам буд, аз бузургии у фармуда:
«Ҳар касе хохад фиқҳро омузад, ба шогирдии Имоми Аъзам бишитобад, зеро хосил намудани маонй аз у басо оддй ва барчост». Имоми Аъзам соли 80 хичрй дар Куфа замони хилофати Абдумалик ибни Марвон ба дунё омадааст. Номи мубораки у Нуъмон будааст, ки маънои ин исми муборак - хун аст ва хун низоми зиндагии бадани инсон аст. Баъзехо хунро низ рух гуфта, Имоми Аъзамро низомгари равони фиқҳ ва рухи масъалахои зарурии динй хисобидаанд.
Бархе Нуъмонро ба лолаи сурх маъно дода, Имоми Аъзамро гуле аз гулшани Ислом номидаанд. Бархе Нуъмонро неъмат хисобида, Имоми Аъзамро аз тарафи Худой таоло мукаддасоти рахмати омма ва неъмати тому бузург меноманд.
Ин марди хирад замоне ба савдо машгул будааст. Уро рузе Имом Шаъбй дар бозор бо фазлу камоли бузург дида, аз дигаре таърихи уро мепурсад. У фарзанди Собит, номаш Нуъмон аст мегуянд.
Имом Шаъбй хитоб мекунад: Эй Нуъмон ибни Собит, бишитоб ва ба сухбати уламо бирас ва тахсили илм кун, ки бозор чои ту набошад. Ту дар муддате олими бузург хохй гашт. У савдоро тарк намуд ва ба рохи илм кадам гузошт ва шогирди бехтарини Имом Хаммод гашт. Аз ривоятхои худи у:
Ба чомеъи илм шугл варзидан кадом? ягон-ягон нуксон намудор буд, аммо дар илми фиқҳ танхо иззату халоват ёфтам ва хеч айбе надидам. Чунки бе надонистани илми фиқҳ талаби дунёву охират хосил нагардад. Имоми Аъзам дар илми тафсир, ҳадис, шаръ, адаб ба андозаи дарёи муаззам ва мухити аъзам буданд.
Дар илми араб хофизи каломуллох донандаи илми тачвид низ буданд.
Хазрати Абуюсуф гуфтааст: «Дар илми тафсир ва илми   хадис   мисли   устодам   Имоми   Аъам   касеро
надидаам».
Баъд аз фавти Ибни Хаммод дар Куфа Имоми Аъзам   имоми   бузург   интихоб   мегардад   ва   кори устодашро идома медихад. Шабе Имоми Аъзам хоб мебинад, ки кабри Паёмбар Алайхиссаломро кушода, устухонхояшро дар як чо чамъ карда истодааст. Баъди ин хоб сахт бемор мешавад. Дустон ба аёдати у меоянд, ба хар як хоби дидаи хешро накл мекунанд. Яке аз дустонаш ба назди Ибни Сирин рафта таъбири хоб мепурсад. Ибни Сирин таъбир мекунад, ки бинандаи ин хоб сунатхои Пайгамбар алайхиссаломро байни мардум  ва уммати Ахмадй чорй  хохад кард ва ба шариати исломй хизматхои босазое хоҳад намуд. Ин давлат пеш аз ин ба касе муяссар нагаштаст. Пас аз шунидани ин хабар Имоми Аъзам ба даргоҳи Худои таъоло шукрона кард ва дар рохи шариат камари
ҳиммат аст.
Лекин у шикастанафсй намекард, у мардумро ба мазхаби хеш даъват намекард. Шабе Пайгамбар алайхиссаломро хоб дид, ки мегуфт:
Ё Абуханифа! Худой таоло туро барои зохир намудани суннатхои ман ва равнаки он офаридааст. Қасди узлот гузидан аз сар баргир!
Пас ба чалби мардум бар мазхаби хеш пардохт ва чунон шухрат ёфт, ки Шарку Рарб, ачаму араб бахраманд гашт.
Чуноне, ки аз сарчашмахои илмй маълум мегардад, асоси фикрхои Имоми Аъзамро гуфтахои аслии худи у таквият медиханд, ки чунинанд: «Киёси мо пайравй ба амри Аллох аст, яъне хамеша фармонбардори уем. Масъалаву киёсро бо китоби Худой таоло суннатхои Расули акрам (с) ва суханони сахоба рост медорем ва пайравй менамоем. Райи ман ин аст, ки чабрро ба хеч кас раво намебинам».
Вафоти ин марди хирад, уламо, равшангари дунёи илм дар синни 70-солагй дар соли 150 хичрй рост омадааст. Рузи видоъ насади уро алломахои бузурги Багдод бо нидохои «Туро Худой таоло дар рахмати хеш нигох дорад, ки сй сол ифтор накарда, чихил сол шабро бо ибодат руз кардй. Дар фиқҳ ва ободию зохидй аз хама баландпарвоз буди. Бо некй ва бо суннат равонаи кабр хастй ва баъд аз ту дигарон низ ба ту пайрав ва тобеъ хоханд буд» - уро мегуселониданд. Шумораи мардуми барои дафни у чамъомадаро гайр аз Худой таоло касе намедонад.
Вафоти хазрати Имоми Аъзамро уламои шахрхои дигар шунида мегуфтанд: «Афсус, ки дарёи илм аз олам рафт». Ва баъзе дигар мегуфтанд, ки «Равшангари нури илм аз Куфа рахт баст, ки ахли Ирок чун у харгиз нахоханд дид».
Имоми Аъзам яке аз донишмандони бузурги Ислом, лолае дар гулзори Ислом, чароги дини Ислом аст.
Хулоса, Имоми Аъзам бузургтарин рохнамои илми фиқҳ, уламои бузург, чароги уммат ва равшанибахши дунёи исломист. «Илми Абуханифа илмест, ки халқуллоҳ ба он мухточ ва хар уммат аз он бахрахо ёбад» фармуда Паёмбари бузург алайхиссалом, ки басо барчост.
Дар хакикат хаёт, фаъолият ва осори бузурги сармазхаби ахли суннат Абуханифа Нуъмон ибни Собит чун дурри маънй ба хар як фарди мусалмон дармонбахши хамаи дардхо, омузандаи чамъи илмхо ва рохнишондиханда ба суй аъмоли неку парастиши Худой яккаву ягона ва бахшандаву мехрабон аст.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 3540 | Комментарии: 1 | Теги: ИМОМИ АЪЗАМ - РАВШАНИДИХАНДАИ ИЛМИ | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru