Пятница, 29.03.2024, 08:26
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Иншо

Иншо яке аз навъҳои кори хатти хонандагон буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ таълим дода мешавад. Имтиҳони иншо дар донишкадаву донишгоҳҳо барои рушду такомул ёфтани забони миллии тоҷикӣ ёрӣ мерасонад. Вазорати маориф ҳамин нуқтаро ба эътибор гирифта, дар тамоми макотиби олӣ имтиҳони иншоро ба роҳ мондааст.

Масъалаи дигар, ин сатҳи дониши адабиву гуфтугӯии хонандагон аст. Хонанда дар навиштани иншо бояд озод ва эҷодкор бошад, ки ин ба захираи луғавии ӯ сахт вобастагӣ дорад. Иншо як навъ эҷодкориро талаб менамояд .

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки хонандагони мо барои навиштани иншо душвориҳо мекашанд. Дар ин маврид онҳо бояд қонуну қоидаҳои тарзи дурусти навишти калимаҳо, ибораҳо ва ҳолатҳои омадани аломатҳои китобатро доранд.

Хонандагон ва довталабон бояд пеш аз ҳама аз қонуну қоидаи имло бархӯрдор бошанд, ки донистани имло дар навиштани иншо хеле муҳим аст.

Сипас, ҳар як амал аз руӯи нақша анҷом дода мешавад. Бинобар ин, ҳар як мавзӯъ бояд аз рӯйи нақшаи пешакӣ таҳлилу баррасӣ карда шавад. Иншо бояд дорои муқаддима бошад, зеро муаллифи иншо ҳангоми таҳлилу баррасии мавзӯи асосӣ матлаби мухтасареро доир ба муаллифи ҳамон мавзӯъ ва кору  фаъолияти ӯ баён намояд. Яъне, муқаддима он чизе аст, ки заминаро барои баёни мавзӯи асосӣ таҳияву омода месозад.

Пас аз он ки хонанда ва ё довталаб аз навиштани муқаддима фориғ шуд,  бояд моҳирона ба баёни мавзӯи асосӣ бипардозад ва ба таври комил дар атрофи он андешаронӣ намояд.

Охирин қисмати ҳар як иншоро натиҷагирӣ ташкил медиҳад, ки ҳар як иншонавис баъди баёни матлаб бояд натиҷагирӣ намояд. Умуман, ҳар як иншо бояд оғоз ва анҷоми ҷолиб дошта бошад. Чунин тартибу низоми иншонигорӣ дар рисолаи мазкур комилан риоя шудааст. Рисолаи "Саду як иншо”, ки дар даст доред, дар асоси барномаи таълимии мактаби миёна таҳияву омода шудааст. Чун ин восита таълимӣ кӯшиши аввалин аст, шояд аз баъзе нуқсону камбудиҳо холӣ набошад. Бинобар ин, аз кулли хонандагони арҷманд, устодони азиз ва пешниҳодеро, ки барои беҳбудии дастури мазкур муфид медонанд, ба суроғаи ДМТ, кафедраи забони тоҷикӣ, ирсол намоянд, то ки дар наршҳои манбаъда ислоҳ карда шавад.

                

Категория: Иншо | Добавил: Warior (12.02.2013)
Просмотров: 4339 | Комментарии: 1 | Теги: Иншо | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 1
1 шукрулло  
0
Drrdtftftfft

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru