Среда, 24.04.2024, 19:49
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 8
Гостей: 8
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

КАДРИ НОН

КАДРИ НОН

 

Аз замин нонрезахоро чида мемолам ба чашм,

Нони гарми мехнатиро дида мемолам ба чашм.

М. Турсунзода

 

Нон аз шумори он мукаддасотест, ки дар хама давру замон инсон ба он ниёз дорад. Агар дакиктар андеша ронем, хастии инсонро бе нон тасаввур кардан нашояд. Аз ин ру, нон бебахотарин сарвати хаёти моддии инсон аст ва кадру манзалати он дар радифи сарватхои мукаддаси маънавй карор дорад.

Агар назаре ба оинаи таърих андозем, дархол хохем фахмид, ки одамони кадим бо шикори хайвонот руз мегузарониданд. Хуроки асосии онхо гушт буд. Баъдан онхо охиста-охиста кишту кори заминро ёд гирифганд. Нахустин чизи ба за­мни киштаи онхо дони гандум буд. Аз хамон замон то ин руз нон барон инсон неъмати азизу бебахо боки мондааст. ,Кадр кардани нон хамчун анъанаи писандида аз як аср ба асри дигар мегузарад. Аз кадим одамон нисбати нон эхтироми махсус дошта, хар резаи нонро ба чашм мемолиданд ва намегузоштанд, ки нон хор шавад. Нон рамзи бебахохарини неьмати дунё, хушбахтиву комронй, мухаббату садокат, дар чаридаи олам шабехи шохбайте сабт гаштааст. Дар он чое, ки нон аст, адабу фарханг ва санъат низ ба мушохида мерасад. Нон зиннати дастархон, куввату дармони мардум аст. Дар гули таърих хазорхо нафар одамон ба вазъи гарони зиндагй ру ба ру шуда, «нон»-гуён чон додаанд. Ба ин маънй Сайидо гуфгааст:

 

Муяссар нашуд дидани руйи нон,

Басе халк нон гуфта доданд чон.

 

Халки точик анъанахои фаровони хамидаи миллй дорад. Масалан, ба зери бистари кудак гузоштани нон, мехмонро бо нону намак пешвоз гирифтан ва хангоми сафар нон дар бар доштан хар яке рамзи худро дорад.

Хулоса, аввалин чизе, ки ба руи хон мегузоранд, нон аст. Оре, нон давлати Худодод ва неруи чисми инсонист. Бояд зикр намуд, ки муносибати на хама одамон бо нон як хел аст. дар чомеаи шахрвандии мо онхое, ки нони муфт мехуранд, хеч гох ба кадри он намерасанду кимати нонро хам намедонанд. Бо максади расидан ба кадри нон гузаштагони мо бо зури ду бозу нон мехурданд. Шоир Мушфикй фармудааст:

 

Мудом, эё нури чашмам, Мушфикй, ахли вафо мебош,

Хунарро пеша медору ба зури хеш мехур нон.

 

Фаровонии нон ба кобилияти кордонй ва талошхои мунтазами дехкон вобаста аст. Махз бо фидокорй ва мехнаткаринии он аз замин гандум меруяд. Одамон гандумро орд карда, нонхои гарму лазиз мепазанд. Носири Хусрав хуррамии оламро махсули захмати дехкон донистааст:

 

Бех аз санной олам дехкон аст,

Ки вахшу тайрро рохатрасон аст.

Ч,ахонро хуррамй аз дехкон аст.

Аз у гах заръ, гохе бустон аст.

 

Одатан, кадри хар як неъмат дар лахзаи ниёзмандй равшан аён мегардад. Ба кавли Лоик:

 

... То пир нашавем, начуем чавонй,

То гушна намонем, надонем, ки нон чист.

 

Илова бар ин, хамин нукта мусаллам аст, ки хар неъмате, ки инсон ба воситаи мехнати халол дарёфт мекунад, барояш азиз аст. Саодати рузгори мо бо нон марбут аст. Ончунон инсон ба нон ниёз дорад, ки хангоми гуруснагй бо ганчи зиёд як пора нон мехарад. Бале, барои шахси гурусна нон мисли ганчи дунёст:

 

Ташнаро як катра об аз дурри даре бехтар аст,

Гушнаро як пора нон аз ганчи дунё бехтар аст.

 

Аз ин ру, бузургдошти ин неъмати мукаддас вазифаи хар як сокини сайёра мебошад, зеро нон шабехи хуршеди олами ичтимой дилу дидаи моро равшан мекунад.

 

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (18.12.2012)
Просмотров: 9691 | Теги: КАДРИ НОН | Рейтинг: 4.6/5
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru