КАМОЛИ ХУҶАНДӢ ВА МЕРОСИ АДАБИИ Ӯ - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Суббота, 10.12.2016, 21:26
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1815
Статистика

Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

КАМОЛИ ХУҶАНДӢ ВА МЕРОСИ АДАБИИ Ӯ
Нақша: 

1.Ҳаёти мухтасари шоир

2. Мероси адабии шоир

3. Хулоса

Камоли Хуҷандӣ хамчун шоири ширин калом бо ашъору ғазалиёти латифи худ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мавқеи босазо дошта, бо Саъдиву Ҳофизу Ҷомӣ дар як мавқеъ қарор дорад. Камоли Хуҷандӣ соли 1318 дар шахри хушманзараи Хуҷанд ба дунё омадааст. Овони кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоии шоир дар зодгоҳаш гузаштааст. Баъди тахсилоти ибтидоӣ барои такмили илму дониши худ ба шахрхои Самарканду Тошканд ва Хоразм сафар намуда, дар мадрасаҳои ин шахрхои бузург таҳсили илм намудааст. Азбаски ба илму маърифат дилбастагии зиёде дошт, дар андак вақт кариб ҳамаи илмҳои замонашро аз худ намудааст. Ӯ бештар ба шеъру шоирӣ шавку завки беандозае дошт. Аз рӯи наклу ривоятхои тазкирнависон Камол умри дароз дидааст. Вале ҳаёти бар камоли ӯ дар ғарибӣ бо ранчу азобу кулфатҳои зиёд сипари гаштааст. Шоир дар ғарибӣ аз бекасиву бечорагӣ нолаву фиғон мекунад. Вале дар ҳар куҷое буд, бо ёди ёру диёру ватани худ умр ба cap мебурд. Ҳеҷгоҳ зодгоҳи азими худ -Хуҷанди бостониро фаромӯш намекард, ҳамеша аз он ёд мекард, аз Хуҷандӣ будани худ фахр ҳам мекард: 

Бо лутфи табь мардуми Шероз аз Комол,

Бовар намекунанд, ки гўям: хуҷандиям.

Камоли Хуҷандӣ соли 1401 баъди хорию зориҳои бисёре дар шаҳри Табрез вафот кардааст.Ўро дар боғи худаш, ки бо номи «Биҳишт» маълуму машхур будааст, ба хок супоридаанд, ки мақбарааш низ онҷост ва он мавзеъ то имрӯз зиёратгоҳи ахли илму адаб ва хирад аст. Камоли Хуҷандӣ шахри Табрезро хеле дӯст медошт:

Табрез маро ба ҷои ҷон хоҳад буд.

Пайваста маро вирди забон хоҳад буд.

Авлоди Камоли Хучандӣ то имрӯз дар шахри Табрез, ҳастанд. Мероси адабии Камол аз ғазал, қитьа ва рубоӣ иборат аст, ки байни онҳо ғазал мавқеи намоён дорад. Аз мероси адабии шоир то имрӯз ба мо як девони шеъри ў боқӣ мондааст. Камол дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ хамчун устоди ғазал эътироф гардидааст. Мавзӯи ғазалиёти шоир гуногунранг буда, тамоми мавзӯьҳои ҳаётиро фаро гирифтааст. Ба монанди дигар шоирон мавзӯи асосии ғазалиёти шоир ин ишқ аст, махсусан ишки чавонӣ, ки аз тарафи шоир тавсиф карда шудааст. Аз назари шоир ишку муҳаббат ҳатто ба писарону мӯйсафедон низ ҷавонӣ мебахшад. Пас, маълум мешавад, ки ишқ қувва ва атои худовандиест, ки ҳатман аз он бархӯрдор бояд буд:

Аз ошиқӣ хамеша тавон аст пирӣ мо,

Холӣ мабод ишки бутон аз замири мо.

Ишку ошиқӣ аз назари шоир ин шӯълаи умеду орзуҳои хар як инсон маҳсуб мешавад. Ишку муҳаббат аз киматтарин лаҳзаҳои умри одамӣ аст, ки ҳаряк инсон тавонад аз оноқилона истифода намояд:

Хар кй дар олам ком аз як лахза дур аз ёр зист,

Кард нақди зиндагонӣ зоеу бисёр зист.

КамолиХуҷандйба сафархои дуру дароз баромада, хаёти худро бештар дар ғарибиҳо сипарӣ намудааст.Ӯ дар ғарибӣ аз хама бештар ёди ватани азизашро кардааст.

Дил муқими кўи ҷонон асту ман инҷо ғариб,

Чун кунад бечораи мискинтану танҳо ғариб.

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чинд гардам бесару бе по ғариб.

Мавзӯи дигари ғазалиёти шоирро дӯстиву рафоқати байни инсонҳо ташкил медиҳад.Дар ҳақиқат, дӯстиву бародарӣ дар идеали ҳаряк инсон мавқеи босазое дорад, ки шоиронро аз ҳама болову муқаддас мешуморад:

Дуст медорад дилам ҷабру ҷафои дӯстро,

Дусттар аз ҷону cap дарду балои дӯстро.

Дустиҳои ҳама олам бирўб аз дил,Камол,

Пок бояд доштан хилватсарои дўстро.

Ҳамин тариқ,ашъори Камоли Хучандӣ аз воситаҳои тасвири бадеӣ, аз қабили ташбеҳ, истиора, муболиға ва киноя бой буда, дар эҷод намудани образҳои бадеӣ ба ӯ ёриву кўмак расонидааст! Хулоса, Камол чй дар ғазал ва чӣ дар панду хикмат сохиби равияву анъанаи худ буда, дар тӯли асрҳо пайравони зиёде пайдо намудааст.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (09.04.2013)
Просмотров: 4026 | Комментарии: 1 | Теги: КАМОЛИ ХУҶАНДӢ ВА МЕРОСИ АДАБИИ Ӯ | Рейтинг: 2.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru