Вторник, 23.04.2024, 22:36
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 10
Гостей: 10
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

КАМОЛИ ОДАМИ ДАР ИЛМ БОШАД - Иншо

КАМОЛИ ОДАМИ ДАР ИЛМ БОШАД

Точи сари чумла хунархост илм,
 Кулфкушои хама дархост илм.
Бо ту пас аз илм чй гуям сухун?
Илм чу ояд, ба ту гуяд чй кун.

Оре, илм бузургтарин маъво, асоситарин мафхум ва маъхазест. ки хает бо он пайваста мебошад.  Бе илм наметавон одам буд. Бе илм наметавон фарзанд тарбия кард ва дар катори инсонхои комил гаппугузор намуд. Шахсе, ки илм надорад, аз рохи омузишу аклу идрок бехабар аст, дарахти бесамареро мемонад, ки вучуд дорад, аммо нахлу умеди варо самар набувад Шахси бофазл дар хамаи давру замонхо сохибиззат аст. Уро хамагон хамчун хидоятгар, пурдону маърифатомуз иззату эхтиром мекунанд. Албатта, хамаи ин нишонахои инсони комиланд, ки худ ба осонй ба кас муяссар намегарданд. Дар катори мутолиа кардану омухтан, дониш андухтану ба дигарон тавсия кардани илму хунар инсони бофазлро мебояд, ки аз руи хамаи омухтахояш амал кунад, омухтаро дар хаёт мутобик кунанд, то натичаи захмати беандозааш самаре бубахшад:

Илме, ки дар он амал набошад,
Чуз арбадаву бадал набошад. 
Илмат ба амал чу ёр гардад. 
Кадри ту яке хазор гардад. 

Дуруст аст, ки дар зиндагй на хамаи инсонхо бофазланд ва илм меомузанд, балки одамоне низ хастанд. ки илм меомузанду онро дар хаёти хеш амалй намекунанд. Бинобар ин бузургон гуфтаанд:
Олим шудан осон, вале одам шудан корест душвор.
Инсони бофазл мекушад, ки хамеша намунаи ибрати дигарон бошад, дар гуфтор, рафтор ва кирдору фаъолият аз дигарон фаркият дошта бошад. Сохибилмон азият намекашанд. зеро онхоро аклу хиради омухтаашон рохбаладй мекунад, аз камию костй эмин медорад, аз бадихо дур мегардонад, ба рохи рост хидоят мекунад.
Агар барои омухтани илму хунар накушй, мубориза набарй, хеч гох наметавонй муроди дилро ба даст оварй, олиму тавонгар гардй. Хануз аз кадимулайём бузургон, донишмандон ва фозилони дахр танхо тавассути омузиш, мутолиаи фарханги гании гузаштагонамон донишу махорати хешро сайкал дода, машхур гардидаанд.

Агар хохй шудан бар сарварон сар,
 Биомузу биандешу биофар.

Сохиби илму маърифат будан яке аз фазилатхои бузурги инсонист. Чунки инсон ба воситаи илм ба мартабахои баланд мерасад. Пешрафту тараккиёти чамъият низ ба илм вобастагй дорад. Дар Куръони Шариф низ зикр шудаасг, ки хеч гох олимону чохилон баробар нестанд, балки дарачаи олимон болотар аст. Дар хадисхои бузурги Пайгамбарамон низ хамаи умматон чи зану чи мард ба омухтани илм таргиб карда мешаванд. Чунончи: «Талаби илм бар хамаи марду зани мусулмон фарз аст» ё «Зи гахвора то гур дониш бичуй».
Бармеояд, ки дин низ омузиши илмро такозо мекардааст. Омухтани илм омухтани асрори чахони пурроз аст. Омухтани илм, андухтани дониши мукаммал аст, ки бунёди дахрро омузгор. Омухтани илм тафовутдихандаи инсони комил аз дигар махлукоти олам аст, ки хамаи бадбахтихоро раъф карда, зиндагиро таровату нур ва хушиву сурур мебахшад.
Дар хақиқат рухи инсонй хамон илм аст. илм,
 Расму дастури мусалмонй хамон илм аст, илм. 
Фарки инсони зи хайвонй хамон илм аст, илм, 
Рафъи бадбахтию нодонй хамон илм аст, илм.

Илм ба инсон имконият медихад, ки сохибистеъдод гардад, хубу бади хаётро омузад, мулохизакор бошад, маърифати баландро сохиб бигардиду комилхукук бошад. Махз омузиши илму маърифат пойдевори бузурги хаёти каси сохибмаърифат шуда метавонад.
Омухтани илму маърифат мунаввар кардани фардои хаёт аст. Омухтани илм дар дил андухтани чамоли одамист, ки болидаруиву фазлу камоли инсонро нишон медихад. Агар кас илму дониши омухтаашро дар хаёт амалй гардонад. у касест бузургдил, ки хаётро омухтаву мулохизакор. Сохибилм сохибдавлат аст, сохибиззату сохибкамол ва намунаи ибрати хамагон аст. Аммо шахсе. ки аз илму доншп бохабар несг ва низ намекушад, ки, сохибилм бошад, худ окибат аз кирдори ношоистаи худ пушаймон мегардад. лекин умр барои инсон хамагй як бор дода мешаваду шахсе ки онро пайи омухтани амали носавобе сарф мегардонад. хатой бузурге содир мекунад. Танхо ва танхо донишу илм бояд омухту амал намуд, то хает хубу бамавриду бо номи нек гузарад.
Хухи бувад илм бо амал пайваст,
Ки садо барнахезад аз як даст.

 «Илм омухтан дар хурдй накшест руи санг, ки харгиз зудуда нагардад» гуфтаанд. Пас биёед дар талаби илм бикушем ва хамеша омузем, ки баракати илм дар омухтани он аст. Иззат ва шараф дар илм аст, ки аз фано ва завол берун аст ва ба тагйироти рузгор ва ивазшавии давлат напазирад.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 6568 | Теги: КАМОЛИ ОДАМИ ДАР ИЛМ БОШАД - ИНШО | Рейтинг: 2.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru