«ХАФТ СИН» ДУРУСТ ACT, Ё «ХАФТ ШИН»? - Иншо - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Понедельник, 05.12.2016, 05:30
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1807
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

«ХАФТ СИН» ДУРУСТ ACT, Ё «ХАФТ ШИН»? - Иншо

«ХАФТ СИН» ДУРУСТ ACT, Ё «ХАФТ ШИН»?

 

Дар айёми чашни Навруз дар саросари чумхурй, дар мактабхову донишгоххо, муассисахои фархангй ва гайра барои пазироии соли нави таквими суннатй махфилхову маъракахои хурсандй барпо мекунанд. Яке аз унсурхои чашни Навруз оростани суфраи «хафт шии» ё «хафт син» мебошад, ки дар бисер базмгоххо барои намоиш гузошта мешавад. Мо дар солхои каблй шохиди он будем, ки донишчуёну мактаббачагон ба суфраи мазкур хар гизое, ки номаш бо харфи «с» ва «ш» огоз мешавад, мениходанд. Дар суфраи «хафт син» баьзан сабзй (зардак), сок (нушоба) ва монанди инхо дар хони «хафт шин» шакароб, шоколад ва он чизхое мегузоштанд, ки ба хеч аньана рост намеомад. Бино бар ин, мо дар ин макола хостем, ки ба вокеияти суфраи идонаи «хафт син» ва таъриху рамзхои он равшанй андозем.

Оростани хони наврузии «хафт син», аз суннатй бостонии эрониён аст. Ба хони «хафт син» 7 ашёи бо харфи арабии «син» шуруъшаванда гузошта мешавад, чунончи, сабза, сир, себ, суманак, санчид, сипанд ва сирко нихода мешаванд. Баъзехо сумокро низ ба он илова мекунанд.

Тибки акидахои олимон, ба хони «хафт шин» 7 неъмате гузошта мешудаанд, ки номи онхо бо харфи арабии «шин» огоз мегарданд, яъне «хафт шин» аз инхо иборат аст: шир, шакар, шамъ, шароб, шарбат, шамшод ва шахд. Баъзехо «шоя»-ро ба он ба ивази яке аз аносир ном мебаранд. Аммо «шоя» чист, хатто худашон шарх надодаанд. (Дар «Фархаиги забони точикй» пайдо нашуд).

Донишмандону фархангшиносон кушиш кардаанд, ки рамзи хар яке аз ин ашё ва неъматхои табиатро шарх диханд ва алокаи мардумро ба онхо маънидод кунанд. Масалан, шир рамзи сапедии хаёт, рамзи покй, сулху осоиш. Сабза - намоди хуррамию сарсабзии табиат. Себу санчиду сир - гизохои солим ва хоказо.

Мувофики ривоятхое, ки дар аксари сухбатхои оид ба суфраи «хафт син» гуфта мешаванд, гуё кабл аз зухури дини Ислом дар айёми Навруз ниходани суфраи «хафт шин» маъмул будааст ва пас аз чорй шудани дини Ислом, азбаски, шароб дар шариати исломй мамнуъ аст, анъанаи хони «хафт шин»-ро ба «хафт син» табдил додаанд.

Бояд гуфт, ки ин як ривояти бофтаи авомонаи дахсолахои охир аст ва аз беху бунаш галат мебошад. Якум ин ки рочеъ ба суфраи «хафт шин» ва ё «хафт син» дар ягон сарчашмаи таърихй маьлумоти дакик, ва собиткунанда вучуд надорад. Китьаи зерин, ки баъзе муаллифон хамчун далел меоранд, кадимй набуда, ба ягон шоири асри XX мутааллик; аст.

 

Чашни Навруз аз замани каён,

Мениходанд мардуми Эрон.

Шахду ширу шаробу шаккари ноб,

Шамъу шамшоду шоя андар хон.

Аз тарафи дигар, калимахои «шамъ», «шароб» ва «шарбат» хар се арабй мебошанд ва то тасаллути арабхо ин калимахо дар байни эрониён роич набуданд. Эрониён шаробро «май» ва «бода» меномиданд, шамьро «чарог» мегуфтанд. Х,атго харфи «шин» хам арабй аст.

Таъбири «хафт син» пас аз кучо сарчашма мегирад? Ин расм дар огоз такрибан чунин буда, ки дар хафт табак хуришу ашёи рамзй гирифта, дар суфраи наврузй мегузоштаанд. Шумораи «хафт» дар фархангй мардумони эронитабор мукаддас ва серистеъмол аст. Дойр ба пайдоиши он ривоятхои гуногун мавчуданд, аммо андешаи ба хакикат наздиктар дар мавриди «хафт син» ин аст, ки адади хафт аз чамьи Ахура Маздо ва шаш амшоспандон - эзадон ё фариштахои сохибмакоми пантеони зардушгй ба вучуд омадааст. Махз дар айёми Навруз барои ин хафт нафар дар хафт табак гизову ашёи рамзй гирифта дар суфра мегузоштанд. Масалан, дар як табакча тухми мург мегузоштанд, ки рамзи офариниш буда, намоди Ахура Маздо ба шумор мерафт. Дар косае шир мегирифтанд ва он хамчун ифодакунандаи покманишй ва бегунохй марбут ба эзади Бахман буд. Табаки сабзаро ба хотири эзади Урдибихишт, ки нигахбони гиёху маргзорон буд, мениходанд. Ё худ барои Шахривар, ки эзади нигахбону хомии маъдану филизот буд, дар табаке чанд сиккаи нукрагин мегузоштанд. Испандро намоде аз Спандармад (Исфанд) мешумурданд ва гайра.

Эрониён табакро «сини» меноманд, ки муарраби «чинй» аст, яъне лаълие, ки аз Чин овардаанд, ё ба тарзи чинй сохта шудааст. Ба гумони аглаб, таъбири «хафт син» бояд аз хамин хафт синй, яъне хафт табак гирифта шуда бошад. Ибораи «хафт шин» ва гузоштани неъматхо бо харфи «ш» баъдтар дар пайравии «хафт син» ба вучуд омадааст.

Дар Эрони кадим суфрахои наврузй ва хадяхои рамзй аз ашёву неъматхои гуногун иборат будаанд. Чуноне ки Умари Хайём тасвир мекунад, ба назди шохони сосонй нахуст мубади мубадон бо тухфахои рамзнок даромада, уро бо фарорасии соли нав муборакбод мегуфтааст. У дар «Наврузнома» овардааст, ки «ойини мулуки Ачам аз гохи Кайхусрав то ба рузгори Яздич,урди шахриёр, ки охири мулуки Ачам буд, чунон будааст, ки рузи Навруз нахуст кас аз мардумони бегона мубади мубадон пеши малик омадй бо чоми заррини пурмай ва ангуштарй ва дираму динори хусравонй ва як даста хавиди сабзи руста (чави сабзи тозаруста-ДР) ва шамшере ва тиру камон ва давоту калам ва аспе ва бозе ва гуломе хубруй ва ситоиш намудию ниёиш кардй уро ба забони порей ба иборати эшон. Чун мубад мубадон аз офарин бипардохтй, пас бузургони давлат дар-омадандй ва хидматхояш овардандй».

Бояд гуфт, ки шумораи хафт хамчун микдори мукаррарии ашё ва ё гизо дар аксари суфрахои наврузй намудор мешуд. Дар Эрони бостон кабл аз фаро расидани Навруз ба истикболи ин ойини бузурги миллй суфраи наврузии худро бо хафт гулу гиёх ва сабза, хафт хуша ё донаи аз хубубиёти мухталиф, як тика канд, хафт сиккаи сафеди нукра, як шохаи гули судоб, дар дохили хафт табаки сафолии сафед, ки ба тарзи зебое чида шуда бо хафт шоха аз дарахтони анор, бихй, гирду, бодом, булут, зайтун, ва себ тазйин менамуданд.

Х,ар хонаводаи эронй мувофики имконияти молй ва саликаи шахсй худ хафт сиккаи тилло, шамъ, микдоре шири тоза душидашуда, нони кумоч, хафт кулчаи тахияшуда аз бодому чормагз ва кунчид, тухм, асал ва хафт чоми сафед, ки дохили хар яке ширу аслу об ва чанд катра гулоб рехта шуда буд, дар сари суфраи идона карор медоданд.

Имрузхо дар Чумхурии Исломии Эрон дар суфраи наврузй ойина, тухми рангкардашудаи мург, сабза, дар зарфи обдоре мохии заррин, гули сумбул, себ, дар табаке магзу мавиз (очил) ва китоби Куръони мачидро мегузоранд, ки хар яке рамзу маънии худро дорад. Х,арчанд онхо суфраи «хафт син» меноманд, аммо номи ашёи мазкур бо харфхои гуногун огоз мешаванд.

Дар асрхои гузашта дар байни мардуми точик дар айёми Навруз дар дастархонхои идона гузоштани хафт мева маъмул буд. Тавре ки кухансолон накл мекунанд, то солхои 1950-ум дар дехоту шахрхои точикнишин дар чашни Навруз дастархонхои наврузиро бо гизохои гуногун оро медоданд. Дар суфраи бисер хонаводахо дар табакхо хафт навъи мева мегузоштанд. Ба дастархони хафтмева инхо дохил мешуданд: анор, себ, нок, ангур, чормагз, бодом ва гулинг ё зардолуи хушк. Баъзехо мувофики имконашон ба чойи баьзе аз инхо мевахои дигарро ба мисли пиставу тутмавиз ва гайра мегузоштанд. Барой онхо мухим набуд, ки номи кадом мева бо кадом харф шуруъ мешавад ва махз мевахои муайянро интихоб намекарданд. Х,ар хонадон мувофики имкону шароит суфраи идона меорост. Дар хонахои шахсони доро хафт навъи таом бар руйи хони наврузй гузошта мешуданд. Аз нушокихо гулингоб хеле маъмул буд ва имрузхо низ он аз нушокихои барои тандурустй хеле к,авй ва судманди дастархони точикон аст.

Дар дехаи Хучилдиёри Болои нохияи Хисор ба муносибати Соли Нав нушобаи «хафтмева» тахия мекарданд. Дар он гулунг, олуча, олуи хушк, мавиз, шафтолукок, яъне хафт меваи хушкро шуста, тар карда мемонданд. Ин «хафтмева» яке аз нушокихои дастархони солинавй буд.

Мардуми точик дар гузашта ранги сафедро хамчун рамзи покиву беолоишй, сулху осоиштагй, осмони соф ва кушоиши кор шумурда, дар интихоби гизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Онхо кушиш менамуданд, ки хар чи бештар ин ранг дар айёми Навруз ба назархо расад. Масалан, хангоми тахвили сол либосхои сафед ба бар мекарданд. Дар руйи суфраи наврузй илова ба хафт мева шакар, шир, чургот ва хурокхои аз ширу биринч тахияшуда мегузоштанд. Аз гушти чонварон, асосан, мург ва мох,иро руи дастархон мениходанд, ки сафедранг хастанд. Инчунин дар суфраи идона себу сир ва санчид хам чойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад.

Хурокхои анъанавии наврузи точикон аслан таомхоянд, ки аз галладона пухта мешаванд. Дар нохияи Х,исор аз гандуми куфта, нахуд, лубиё ва баъзе гиёххои хуштаъм ба монаиди райхон, пудина, шулха, чаъфарй, пиёз ва гайра гандумкуча мепазанд, ки онро дар дигар минтакахо далда (Кулоб), кашк (Ягноб), боч (Бадахшон) ва гуча (дар Панчакент) гайра меноманд. Хурокхои галлагй рамзи фаровонии соли нав ва гизои солимро ифода мекунанд.

Дар дехаи Чиптураи нохияи Шахринави имруза дастархони хафтмева мекарданд. Мардуми он хануз дар фасли тирамох барои Навруз кадухои солимро дар чойхои хунук нигох медоштанд. Х,амин ки сол нав шуд, дегхоро пур карда, ширкаду мепухтанд. Ширкадуро «меваи бихиштй» гуфта, дар иди Соли Нав мехурданд.

Х,амин тавр, хулоса кардан мумкин аст, ки дар замонхои хеле кадим дар баробари курбоникунихову пешкашхо ба худоёну фариштагон, эрониёни бостон айёми зиндашавии табиат ва фарорасии бахор - Наврузро чашн гирифта, тавассути рамзхо орзуву омоли худро ифода мекардаанд, аз эзадон кумаку хушбахтиро умедвор мешуданд. Дар ибтидо дар хафт табак ниходани ашё ва ё дар хар табак хафт адад гузоштани неъматхо расм шуда будааст. Дар асрхои миёна дар фархангй мардуми Эрон таъбири «хафт синй», яъне хафт табак пайдо мешавад. Сипас баъзехо ба кутохй онро «хафт син» мегуфтаанд ва фикр мекарданд, сабзаву сикка, сиру себ, санчид, ки ба харфи син огоз мешаванд, «хафт син» номидан бехтар аст. Баъдхо ба дунболи «хафт син» доноён суфраи «хафт шин»-ро дуруст карданд. Пас аз мурури дахсолахо суфраи «хафт мим» ба вучуд омад. (Ба «хафт мим» мост, май, мохй, майгу, мавиз, муруд ва мушкро нисбат медоданд).

Дар байни мардуми точик аз замонхои кадим дар айёми Навруз кушодани дастархони «хафт мева», тахияи хурокхои ширй, махсулоти сафедранг ва таоми бахорй - гандумкуча маъмул будааст ва холо хам ин анъана идома дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 3750 | Комментарии: 1 | Теги: Ё «ХАФТ ШИН»? - ИНШО, «ХАФТ СИН» ДУРУСТ ACT | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru