Среда, 24.04.2024, 11:47
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 6
Гостей: 6
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ХАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО... Иншо
ХАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

Хар кй хандонад ятими хастаро, 
Боз орад чаннати сарбастаро.

Фармудааст Шайх Аттор. Ятимон, бахусус тифлакони ятим касонеанд, дар зиндагй афсурдаву дилозурда. Барои онхо хаёт гарчанде дар шароити хуб бошад хам, маъное надорад. Зеро барояшон бузургтарин мехр, азизтарин хастй ва умеду орзуяшон, ки падарону модаронанд, намерасанд.
Мехри падару модарро ба фарзанд хеч гох касони дигар дода наметавонанд, зеро он мехр пур аз калби саршор ва пайванди хуну дили гарм буда, фарзанди чигарбандро эхсоси хушй мебахшад.
Волидон бехтарин пушту панох, азизтарин хастии олам, мунаввартарин калби саршор, пурзуртарин куввату мадори дилхои нотавонанд. Ононро ягон хастии хаёт чойгир буда наметавонад. Бинобар хамин ятимон аз хамин мехри бузург махруманд. Онхоро хамеша бо як дилгармй ва мехру мухаббати самими мебояд парвариш кард. Саъдии бузург дар хамин бора барчо фармудааст:
Падармурдаро соя бар сар фикан, 
Губораш бияфшону хораш бикан.
Ятимонро дастгирй кардан, хотирашонро лахзае бошад хам болида гардондан нихоят корест савоб. Хар нафаре, ки ятимонро парасторй мекунад ва дар хаёт болидаруху дилгармй месозад, некии бузурге ба даргохи Офаридгори созанда ба чо меорад. Бехтарин амали нек парастории ятимон буда, ин гуна афрод дар ду дунё сазовори осоиш ва хушхолианд.
Ба даст овардани дили ятимони бекас ба даст овардани дунёи азалист. Агар ятимеро дар холати норохат ва афсурдагй вохурем, мебояд то охирин кудрату тавоной ононро хурсанд кард, то бекасиву ятимиашонро эхсос накунанд. Норохат гаштани ятими хастадил   ба   чарохати   бузурге   шабохат  дорад,   ки хамеша суз дорад. Дар хузури ятимони бекас хатто сила кардани сари фарзанди хеш норавост.

Чун ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дузахаш бирён кунад. 

Хавасманд  гардонидани  ятиме дар  зиндагй  ба зиерат намудани хонаи Худованди муттаол баробар аст.

Каъба чй равй, бирав дилеро дарёб, 
Хуштар зи хазор Каъба бошад як дил. 

Албатта, ана хамин гуна дилхои эхтиёчмад дилхои ятимони бепарастор аст, ки мехрубонию лутфу мархаматеро мехоханд. Офаридгори бузург касеро дустдор аст, ки ятимпараст бувад. Мо хушбахтона, дар давлате зиндагй мекунем, ки пур аз ятимхонахову шахсиятхои ятимпаравар аст. Дар ин гуна ятимхонахо бепапасторон бо мехру мухаббати бузург парварида шуда, аз афсурдагиву гам дар каноранд. Дарди бекасиашонро эхсос намекунанд. Илм меомузанд, мухаббат мебинанд, хотирашон болида мегардад. Зеро давлати бузургу хаммаслакро марди шучоъу хирадманди асил Эмомалии Рахмон бо дили пур аз мехри саршор рохбаладй менамояд. Дар хамаи чашнхои таърихию идхои мардум пеш аз хама аз тарбияю таълими хонахои бепарастории кишвар дидан мекунад. Онхоро хавасманд мегардонад.
Хамеша чахд бояд кард, ки ятимонро хушнуд сохт. Набояд гузошт бепарасторе дар фироки дурии волидон сузад, афгор гардад. Онхоро хамеша бояд дастгир буд, ёрй расонд, хавасманд гардонид, то анчоми давраи наврасй барояш чун дар зери сояи дарахтони пурбор, лутфу мархамати шахсиятхои дар канор буда хуб гузарад, то баробари тифлони босаробон хушхол бошанд.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 3344 | Комментарии: 1 | Теги: ХАР КИ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО... ИН | Рейтинг: 5.0/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru