Пятница, 19.04.2024, 08:19
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 10
Гостей: 10
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ХУНАР ОМУЗ К-АЗ ХУНАРМАНДИ - Иншо
ХУНАР ОМУЗ  К-АЗ ХУНАРМАНДИ

Дар хунар куш, ки зар чизе нест, 
Ганчу зар пеши хунар чизе нест. 
Хунаре нех, ки дихад Симу зарат, 
Хунари аз дилу чон ранчбарат.

Хунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дорой, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Хунар инсонро бузургию шахомат бахшида уро болидарух мегардонад. Хунар зиндагиро зебой мебахшад. Шахси бохунар дарахти босамареро мемонад, ки шабехи мевахои болаззату хурданбоб. Шахси бохунар дарёеро мемонад, ки онро хар замон обест зулолу ошомиданй.

Захмату кору хунар касро намоянд номдор,
Олихиммат кас зи хастии хунар мумтоз шуд.

Шахси хунармандро хар як дакикаи умр ганимат аст ва онро ба чою бамаврид истифода мебарад. Намегузорад, ки лахзае ройгон гузарад. Аз донае хирмане месозад, аз матое чомае медузад, аз гуле гулзор хосил мекунад. Бо дастони хунарманду бузургу мехнатофаринаш акли бинандаро асир месозад. Хунархои волои хунармандони асилро дида бешубха ононро хунармандони бузургро номгузорй мекунем, ки ин номхои бузург бе мехнату захмати зиёд ба даст намеоянд. Бархак гуфтаанд:

Бе дарду ранц ганц муяссар намешавад.
Музд он гирифт чони бародар, ки кор кард. 

Музди мехнати бузурги кас агар аз як тараф маош бошад, аз тарафи дигар, омухтани хунари бузург аст. Хамаи хунархо хангоми омузиш душворие доранд, ранче доранд, ки касро дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душворихоро паси сар намоянду хунаре омузанд. Бехабар аз он ки омухтани хар як хунари воло инсонро дар зиндагй воломакому сохибтачриба ва бузургдилу бообру мегардонад. Тавре бузургон мегуянд: «Хунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст».
Хунарманди асил бо хунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эхтиёч пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони хунари волост. Хунар як коргохи бузургест, ки доимо хамсафари касони боистеъдод аст. Яъне хунарманд коргох. намечуяд ва ба кучое, ки наравад, метавонад бо дастоварди бузурги худ музде пайдо намеояд, ки боиси рузгузарониаш гардад. Илова бар ин, бо хунари волояш машхур гашта, кудрату манзалати зиёд пайдо мекунад.
Шахсе, ки устувории пойдевори хаети хешро меандешад, хамеша пайи омузиш аст. Мекушад хамеша чизеро омузад, ки боиси волохунар гардиданаш гардад. Дар натичаи мехнати гарон ба касе амалеро анчом дихад, ки хам боиси хурсанд гардидани у ва хам барои худаш манбаи омузиш бошад. Ба гуфти Кайковус:
«Мардуми бехирад мардумони бесуданд, чун мугулон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд мекунад, на дигаронро».
Хар як инсон дар зиндагй маъмори худ аст ва аз худ метавонад шахсияти бузург пайдо созад. Ин бузургй ба хираду дониши кас вобастагй дорад. Дар дунё каси беайб нест. Лекин кушиш бояд кард, ки хунарманд буд, зеро каси хунарманд беайб аст. Дустонро низ хунарманд бояд интихоб кард, зеро дусти бехунар занчири костаро мемонад, ки бо андак беэътиной канда мегардад ва хангоми душворие зуд мегурезад.

Айб аст, ки дар хунар накушй, 
Сад айб ба як хунар напушй. 
Сохибхунаре, ки ботамиз аст.
 Дар дидаи мардумон азиз аст.

Хунарманд агарчй норасоии зиёд дошта бошад, бо дастранчи бузурги худаш метавонад дигаронро шефта гардонад, ба фикр водор созад, ки чй тавр у тавонистааст чизе офарида, дигаронро ба хайрат гузорад.
Бекорй - вабои тан аст мегуянд. Модом, ки бекорй дард меовардааст, пас хар лахзаву хар соат мебояд омухт, ки хунари волое ба даст овард. Дастболо буд, мухточ нагардид, зеро хунари воло нишондихандаи бузургии кас аст. Хунари воло мухитро зебову хунармандро воломаком мегардонад. Хунаромуз дар кадом холате, ки набошад, мекушад чизеро омузад, хунарашро сайкал дихад, машхур ва созгори атрофиён гардонад.
Хулоса, хунар ганчинаи пурзар ва хунарманд заргари бузургест, ки бо офаридахои чолибаш мафтунгари дилхои инсонист. Назокату нафосати хар як хунарманди асил сирри нихони худро дорад. ки дастовардхои хар як хунарманд аз дигаре хубтару бехтар диккати бинандаро ба худ чалб менамояд. вале фарди бехунар дар хама маврид хору залил аст.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 16932 | Теги: ХУНАР ОМУЗ К-АЗ ХУНАРМАНДИ - ИНШО | Рейтинг: 4.2/5
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru