Пятница, 26.04.2024, 16:35
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 5
Гостей: 5
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ХУРМАТИ МЕХМОН НИГАХ ДОР, ЭЙ ПИСАР - Иншо
ХУРМАТИ МЕХМОН НИГАХ ДОР, ЭЙ ПИСАР

Эй бародар мехмонро нек дор, 
Хаст мехмон аз атои Кирдигор.
Мехмон рузй зи худ меоварад,
 Пас, гунохи мизбонро мебарад. 

Оре, мехмон фардест, ки бо ризоияти Офаридгори бузург ба хони касе падид ояд. Он фардро мебояд бо нармию хушй пазируфт. Расму русуми мехмонию мехмондорй байни мардуми точик аз замонхои кадим идома дорад. Аз ин ру, мардуми точик хамчун халки мехмондусту мехмоннавоз дар байни халкхои чахон шинохта шудаасту хеле машхур аст.
Мехмонию мехмондорй коидахои асосии худро доранд. Аз ин хотир, нисбати мехмон ва қабули он лутфу мархамати зиёдеро бояд анчом дод. Мехмон атои Худованд аст ва танхо ба ризоияти Офаридгори бузург ба даргохи касе хозир мегардад. Хар як инсони комил вазифадор аст, ки мехмони ба хонаш омадаро бо мехрубонию хушй пазируфта, лутфу мархаматашро ба чо орад. Дар хузури мехмон аз чихатхои гуногуни оиладории хеш харфе назанад. Чахд намоед, то мехмонро бо хушию эхтироми хоса гусел намоед.
Овардаанд, ки дар замони Хазрати Расули Акрам (с) шахсе буд, бисёр мехмондуст ва зане дошт нихоят хасису разил. Рузе он мард аз сабаби ранчу андухи он зан ба Хазрати Расусаллох (с) арз кард, ки ба сабаби бадии он зан наметавонад мехмонеро истикбол намояд. Хазрат фармуданд, ки ба хона бирав ва ба он зан бозгу, ки имруз мехмон меояд ва ту онхоро ба хушй пазирой куну хангоми омадану рафтанашон диккат дех, ки чй баракату чй ранче аз онхо падид меояд. Хамин хел хам карданд. Чун вакти дохилшавии мехмонон шуд, дид, ки дар домани мехмонон гушту мевахои бисер дохили хона шуданд. Зан нихоят хурсанд шуд. Чун вакти берун рафтани мехмонон шуд, дар назари зан газандахо ва мору   каждумхои   бисер  дар   домани   онон   овехта баромада рафтанд. Зан ба шавхар арзи хол кард. Мард рафта ба Расули Худо суол намуд.
-Он неъматхо ба баракати он аст, ки Худованди олам бо сабаби мехмонй ва мизбонй арзонй намуда ва он газандахо гуноххои сохибхонаанд, ки берун рафтанд. Пас он зан мехмоннавоз гардиду бо шавхараш эхтиром пайдо кард.
Аз ин чо бармеояд, ки хамеша бояд бо мехмон кушодарую хандон, чун бо бехтарин наздикони хеш мебояд муносибат намуд, то баракати хона зиёда гардаду кинаву адоват ва бадию афсурдагй аз байн биравад.

Муъмине к-у дошт мехмонро наку, 
Хақ, кушояд оби рахматро бар.
 Хар кй мехмонро ба руи тоза дид, 
Аз Худо атфоли беандоза дид. 

Бехтарин хислатхои мехмоннавозй ин чехраи кушоди сохибхона аст. Чабини кушодаи мизбон сабаби кушоиши иштихои мехмон  аст.   Чихати дигаре,  ки  мехмон  аз ташрифи  худ  хурсанд  шуда,  лаззати  маьнавию  рухй мебарад,  ин хушзабонй  нарму суханони ахли  хонаи мехмондор аст. Агар сад нушу неъмат фаровон карда шаваду чехраи ахли оила чин, гапхояшон дагал бошад, мехмон ботинан аз ин хузури худаш пушаймон шуда, хафа бармегардад. Аз ин ру, бисер мебояд мехмонро азизу гиромй дошт ва одоби мехмондориро ба чо овард.
Мардуми точик  аз  кадимулайём  то  ба  имруз мехмоннавозу     мехмондуст     буда,     минбаьд     низ фарзандони ин миллати бузург икдоми онхоро идома медиханд. Мегуянд, ки магзе, ки рушан нест, кур аст, диле, ки бедор нест, гур аст. Пас бедор мебояд зист, хушёр мебояд зист,  то  аз анъанаву расму  русуми миллати хеш бебахра намонд. Мехмоннавоз бояд буд. 

Хар кй мехмонро гиромй мекунад, 
Кушише бар некномй мекунад. 

Мехмоннавозй фазилати хуби инсонист. Хар касе, ки дар хони худ бо мехмони ба хонааш омада нармию хушй ва болидарухиву эхгиром ба чо намеорад, уро Офаридгори бузург пазирои намекутд, ба хонадонаш файзу саховат намебахшад, Мехмонро бо хотири болида ва табъи баланд мебояд гуселонд. Дар хузури мехмон хатто бадтарин душмани хешро намебояд тахкир кард. Бахри болидагии хотири мехмон аз осмон бояд ситора овард. Аз каъри замин гавхари рахшон бурун овард, то мехмон хушдил гардад.
Бузургии  мехмон  ба  бузургии  хаққи Худованд баробар аст. Аз нобудихо чизе бояд сохт, ки мехмон азият накашад. Аз фаровонихо чашмаи бузурги илхом бояд сохт, то мехмон сохибтаъб гардад.

Мехмонро эй писар, эъзоз кун, 
Гар бувад кофир бар у дар боз кун.
 Хаст мехмон аз атохои Карим, 
Хар кй з-у пинхон шавад бошад лаим. 

Мехмоннавозон Худоро хуш оянд ва дар хаёт сербаракат гарданд. Хатто дар лахзахои гаму андух ва дарду алам низ мебояд бо мехмон эхтироми хоса ба чо овард. Мисли хуршедаки тахи абр бо лабханде онхоро пазирой кард, то озурдахотир нагарданд.
Хулоса, мехмонон бехтарину наздиктарин ва дустдортарин наздику пайванди касанд, ки бо воридшавиашон ба хонадони кас нуру зиё, гармию тароват, хушию осудахолй ва хайру баракати бешумор меоранд. Мехмонон хамеша ба чехраи боз, хушгуфторию лутфу мархамати зиёди мизбон эхтиёч доранд.
Пас биёед азизон, мехмондуст бошем, парастишу эхтироми мехмонони азизро хамеша ба чо орем, онхоро ба лутфу мархамати зиёд пазирой карда гуселонем. Назди мехмонон хеч гох магруру пуртакаббур ва пуртакаллуф нагардем, то мехмон худро малулу афгор эхсос нанамояд.

Аз такаллуф дур бош, эй мизбон. 
То гаронй набвадат аз мехмон.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 2908 | Теги: ЭЙ ПИСАР - ИНШО, ХУРМАТИ МЕХМОН НИГАХ ДОР | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru