Четверг, 28.03.2024, 19:14
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ

КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ

Аниси кунчи танхой китоб аст,

Фуругй субхи доной китоб аст.

Абдурахмони Чомй

 

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи акл, махзани фарханги миллй, пояи

тамаддуни чахони мутамаддин, хосса ойинаи хаёт ва калиди дари ганчи сухан аст. Бо хамин далел шоири бузурги форсу точик Абдурахмони Ч,омй китобро чун «Фvpyги субхи доной» ба калам додааст.  Инсон метавонад ба востаи китоб ба адабиёту фарханг, сиёсат иктисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат марбут аст. Баъди зухури хат одамони кадим имкон пайдо карданд, ки дар руи санг, чуб, сафол, барги дарахтон, устухонхо, пусти хайвонот накш офаранду нависанд. Хулоса, бо мурури замон дар натичаи ихтирои когаз назми нави китобдорй чорй гардид. Акнун ба чои сангу чуб аз когаз васеъ истифода мебурданд. Китоб асосан навищтачоти варакхои чилдшуда, воси таи интишоргардонй ва нигахдории маълумот, идея, об­раз ва донишхо мебошад. Аввалин дастнависхо, ки дар Мисри Кадим пайдо шудаанд, ба таърихи хазораи то мелод марбутанд.

Дар Аврупо низ китобчопкунй аз варакхои яклухт баъд ба пуст ва нихоят ба когаз гузашт. Китоби «Авесто» низ аввал дар пусти гов навишта шудааст. Асрхои миёна дар Осиё санъати хаттоти хеле инкишоф ёфт. Асархои мутафаккирон Абурайхони Берунй, Форобй, Ибни Сино. Саъдй, Ч,омй, Навой аз чониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштанд. Хушбахтона, китобхои сафолину сангй ва накши руи чубхо то замони мо расида, имруз зиннати осорхонахои муътабари чахонианд.

Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эхё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субх равшан мекунад. Агар дакиктар андеша ронем. китоб рафики чонии инсон аст. Дар лахчаи вазнини, бахусус танхой китоб дар бари мост. Ин андеша дар шеьри Ч,омй хеле муъчаз ифода ёфгааст:

 

Хуштар зи китоб дар чахон ёре нест.

Дар гамкадаи замона гамхоре нест,

Хар лахза аз у ба гушаи танхои,

Сад poxaтe хасту харгиз озоре нест.

 

Халки точик аз шумораи он халкхоест, ки ба китобу китобдорй эхтиром ва эътикоди хосса дорад. То омадани ислом ва истилои арабхо низ ачдодони мо анъанаи хуби китобнависй доштанд. Аз он давра ёдгорихои хатие, мисли «Авесто», «Дарахти ассурик» бокй мондааст.

Махсусан. замони салтанатии Сомониён барои рушду камо­лоти сухан ва аньанаии ки тобдори замимахои мусоид фарохам овард. Дар Бухорои давраи Сомониён киюбхонаи калони давлатй бо номи «Ганчинаи хикмат» амал мекард. Хушбахтона, имруз дари Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсй ба руи хамаи ниёзмандон боз acт.

Вокеан, дар ягон давру замон бе китоб гизои маьнавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халк: «Хонаи бе китоб рузи бе офтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухансозй имруз низ дар Точикистони сохибистиклоли мо мавкеи шоиста дорад. Х,ар руз аз тарики нашриётхои давлативу хусусй садхо китоб ба нашр расида, хамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Оре, «ганч магир - китоб гир» - мегуянд. Ганч агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боки хохад монд:

 

Бехгарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

Ёри бе захмату озор китоб аст, китоб.

 

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (18.12.2012)
Просмотров: 4086 | Комментарии: 1 | Теги: КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ | Рейтинг: 3.7/3
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru