КИТОБ - МАНБАИ ДОНИШ - Иншо - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Вторник, 30.09.2014, 13:46
Приветствую Вас, Гость
Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

КИТОБ - МАНБАИ ДОНИШ - Иншо
КИТОБ - МАНБАИ ДОНИШ

Аниси кунчи танхой китоб аст, 
Фуруги субхи доной китоб аст.

Оре, китоб ёр, бехтарин дустдору гамхор нишондихандаи хаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эхсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омузиши он машгул бошад, чизеро талаф намедихад. Китоб ба инсон бехтарин розхо, маълумотхо ва маъхазхои зарурию хаётофаринро хадя месозад. Китоб бехтарин ёвар ва маслихатгари кас буда, хаёту зиндагй, кору фаъолият ва донишу масъалахои нав ба навро меомузонад.
Китоб манбаи пайдоиши хамаи илмхову фазлу камоли инсон ба шумор меравад. Китоб аст, ки моро асрорхои олами хастй ва нашъунамо меомузонад. Китоб аст, ки баробари боз намудани сахфаи аввалаш дари илму дониш, хираду фархангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънй хидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо бехтарин олами пурасрор, ки чахонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огах месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекушад, дарахти пурсамареро мемонад, ки мевахои он хар лахза инсонро чон хастиву тавон ва имону вичдон мебахшад. Шахсе, ки хамеша дар мутолиа аст, кабутареро мемонад, ки парвозхои баланду сазоворро сохиб аст.

Чахонро ба дониш тавон ёфтан, 
Ба дониш тавон риштану бофтан.

Аз мутолиаи ин байти машхур бармеояд, ки танхо шахси донишманд метавонад асрори чахонро омузад, метавонад бо дониши бузурги худ хубро аз бад, некро аз зишт, камбудию норасоиро аз афзунию бартарй тафовут дихад. Барои омухтани илм истифода кардан аз ганчинаи бепоён ва дурри гарон - китоб истифода бурдан, нихоят бамаврид меояд. зеро китоб инсонро дар олами хастй рох нишон медихад, сохибобру мегардонад.
Китобро дар омухтани илму адаб арзандатарин ва пояндатарин маъхаз мешуморанд. Бузургон таъкид кардаанд: «Мутолеаи китоб роз аст, онро хамеша амали кардан асос аст. Агар ту як умр ба хамин кор машгул шавй, магуй, ки хато кардай, зеро ман як хаёт ба хамин кор машгул шудаам, бо сабабе, ки мехохам инсон ботам».
Аз ин чо бармеояд, ки инсон аз тамоми чузъхои табиату чамъият махз тавассути аклу фаросат ва заковати бузурги худ фарк мекунад. Лек заковату акди бузург бе мутолиаи китоб ва омухтани бехтарин фазилатхои инсони ба даст намеояд. Машхуртарин мураббии хамаи мураббиёни олам, маъхази бузурги илм - китоб аст. Китоб дар хаёт чун омузгори хакикии инсонхо буда, армугони бузургеро мемонад.
Китоб падидаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлокй, мухточй, гаму дард ва гайрахо озод мегардад. Дар хаёт тамоми бузургони олам чун Арасту, Афлотун, Хайём. Саной, Рудакй. Саъдй баринхо махз тавассути мутолиаи ин маъхази бузург ба чое расидаанд. Шояд онхо аз руи маколи бузург - «Зи гахвора то гур дониш бичуй» - амал карда бошанд.
Шахсе, ки китобро мутолеа мекунад, бояд маънихои бузурги онро дарёфт карда чавхари маъниро дар дил чой бидихад. Ба кавле:

Сад хона китоб хонй суде набувад,
 Бояд, ки китобхона дар сина бувад.

Шахси фархангдуст дар ду олам номдору комрон аст ва пас аз марг низ номи бузургаш дар дилу дидахо
қарин мемонад. Чй тавр мо метавонем бузургонеро, ки манбаи пайдоиши    ганчхои    бебахо    -    китобанд, фаромуш созем. Чй тавр метавонем аз маъхази бебахою гаронмоя, ки омузгори фарханги ганию маърифати чонфизо мебошад, бебахра монем.
Шахсе, ки китобро сармашки кори худ намешуморад ва намепарастад, на аз одамиёнест, ки пешрав асту комёбии хаёт мехохад, на аз касонест, ки фархангдуст ба воя мерасад, на аз касонест, ки ибратомуз буда метавонад.
Хулоса, китоб сармояи хирад, сарвати бебахо, кони ганчу маърифат ва чамъи алфози накуст, ки инсонро бо ростию росткорй, хирадмандию мардонагй ва матонату бузурги хидоят мекунад.

Хуштар зи китоб дар чахон ёре нест. 
Дар гамкадаи замона гамхоре нест. 
Хар лахза ба у зи гушаи танхой.
 Сад рохате хасту х-аргиз озоре нест. 

Пас, бисёр бояд шитоб кард, китобхои бузургу нодир дарёфт, илму маърифат омухт, бедор зист, амал кард, то инсони асил буд, зеро китоб чун ганчи бебахо танхо ва танхо бо рохи росту хиради воло рахнамун месозад. Зеро калиди дари илму кошонаи маърифат, асоси хираду заковат, ганчинаи фархангу маъхази нуру зиёст, таргибгари хар шодиву ободй, хаёти хурраму пурнишот,  илму  адаби пойдору устувор китоб аст, китоб.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 1362 | Комментарии: 1 | Теги: КИТОБ - МАНБАИ ДОНИШ - ИНШО | Рейтинг: 4.0/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email:
Код *: