Китоб мўниси чону дил аст - Иншо - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Понедельник, 05.12.2016, 01:22
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1807
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Китоб мўниси чону дил аст - Иншо
Китоб мўниси чону дил аст.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Оре, китоб ёр, беҳтарин дӯстдору ғамхор нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳо ва маъхазҳои зарурию ҳаётофаринро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгари кас буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад.
Китоб манбаи пайдоиши ҳамаи илмҳову фазлу камоли инсон ба шумор меравад. Китоб аст, ки моро асрорҳои олами ҳастӣ ва нашъунамо меомӯзонад. Китоб аст, ки баробари боз намудани саҳфаи аввалаш дари илму дониш, хираду фарҳангро боз мекунад ва бевосита моро ба олами маънӣ ҳидоят менамояд. Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанию нур ва хушию сурур мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Шахсе, ки ҳамеша дар мутолиа аст, кабӯтареро мемонад, ки парвозҳои баланду сазоворро соҳиб аст.
Китобро дар омӯхтани илму адаб арзандатарин ва пояндатарин маъхаз мешуморанд. Бузургон таъкид кардаанд: «Мутолиаи китоб роз аст, онро ҳамеша амалӣ кардан асос аст. Агар ту як умр ба ҳамин кор машғул шавӣ, магӯй, ки хато кардаӣ, зеро ман як ҳаёт ба ҳамин кор машғул шудаам, бо сабабе, ки мехоҳам инсон бошам».
Аз ин ҷо бармеояд, ки инсон аз тамоми ҷузъҳои табиату ҷамъият маҳз тавассути ақлу фаросат ва заковаги бузурги худ фарқ мекунад. Лек заковату ақли бузург бе мутолиаи китоб ва омӯхтани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба даст намеояд. Машҳуртарин мураббии ҳамаи мураббиёни олам, маъхази бузурги илм китоб аст. Китоб дар ҳаёт чун омӯзгори ҳақиқии инсонҳо буда, армуғони бузургеро мемонад.
Китоб падидаест, ки тавассути мутолиаи он инсон аз бадахлоқӣ, мӯҳтоҷӣ, ғаму дард ва ғайраҳо озод мегардад. Дар ҳаёт тамоми бузургони олам чун Арасту, Афлотун, Хайём, Саноӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ баринҳо маҳз тавассути мутолиаи ин маъхази бузург ба ҷое расидаанд. Шояд онҳо аз рӯи мақоли бузург - «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» - амал карда бошанд.
Шахси фарҳангдӯст дар ду олам номдору комрон аст ва пас аз марг низ номи бузургаш дар дилу дидаҳо қарин мемонад. Чӣ тавр мо метавонем бузургонеро, ки манбаи пайдоиши ганҷҳои бебаҳо - китобанд, фаромӯш созем. Чӣ тавр метавонем аз маъхази бебаҳою гаронмоя, ки омӯзгори фарҳанги ғанию маърифати ҷонфизо мебошад, бебаҳра монем.
Шахсе, ки китобро сармашқи кори худ намешуморад ва намепарастад, на аз одамиёнест, ки пешрав асту комёбии ҳаёт мехоҳад, на аз касонест, ки фарҳангдӯст ба воя мерасад, на аз касонест, ки ибратомӯз буда метавонад.
Хулоса, китоб сармояи хирад, сарвати бебаҳо, кони ганҷу маърифат ва ҷамъи алфози накӯст, ки инсонро бо ростию росткорӣ, хирадмандию мардонагӣ ва матонату бузургӣ ҳидоят мекунад.

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза ба ӯ зи гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Пас, бисёр бояд шитоб кард, китобҳои бузургу нодир дарёфт, илму маърифат омӯхт, бедор зист, амал кард, то инсони асил буд, зеро китоб чун ганҷи бебаҳо танҳо ва танҳо бо роҳи росту хиради воло раҳнамун месозад. Зеро калиди дари илму кошонаи маърифат, асоси хираду заковат, ганҷинаи фарҳангу маъхази нуру зиё, тарғибгари ҳар шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот, илму адаби пойдору устувор китоб мебошад.



Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 1162 | Комментарии: 1 | Теги: КИТОБ МЎНИСИ ЧОНУ ДИЛ АСТ - ИНШО | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru