Четверг, 18.04.2024, 11:40
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

МАКТАБ - МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ - Иншо
МАКТАБ - МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст, 
Мурги масти орзу аз ошёни мактаб аст. 
Аклу дониш, илму ирфон, дафтару мехри китоб,
 Бахри мо хидматрасон аз ганчи кони мактаб аст.

Мактаб бузургдаргохест, ки баробари дар остонааш кадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон сохибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фархангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргохи мукаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба чое расида бошад. Хануз аз замонхои пеш низ дар холати вучуд надоштани мактабхо, мадрасахо вучуд доштанд, ки аксарияти намояндагони адабиёти классики точик дар онхо сабак омухтаанд.
Модоме, ки мактабу Мадраса дар канор тифлону бузургонро илму адаб ва маърифату хунар меомухтаанд, пас зиндагиву умри волои инсоният ба мактабу маориф вобастагии зиёд дорад. Ба ифодаи шоир:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор, 
Давлати поянда хохй, руй бар мактаб биёр.

Махз дар мактаб маърифат пойдор, илму адаб устувор ва тавассути захмати устодони накукор шогирдон баркамолу сохибистеъдод мегарданд. Мактаб аст, ки сохахои дигари хаёт пойдоранд. .Мактаб аст, ки инсонхо бофазл ба воя мерасанд, мактаб аст, ки фархангу илму адаб, то андозае дар дилхо чосту мардум маърифатдуст. Омузгоронанд, ки дар хамаи мактабхои миёнаву олй ва богчаю муассисахои таълимй илм омухта хамаро ба некию накукорй ва фархангдустй даъват мекунанд.

Бе чон часадро кадре набошад, 
Чисм аст мактаб, чон аст мактаб.

Оре. мактаб маъхази пайдоиши илму маърифат аст. Хама дастпарварони мактабанд, ки замоне чун тифлакони аз ақлу хирад дур дар остонаш кадам гузошта. аз он бузург гардндаанд. Бе гузашт аз ин даргохи муқаддас касе наметавонад илм омухт.

Гар набинад мактабу устоду таълиму адаб, 
Кас чу хайвон мешавад гарчй бувад сохибнасаб.

Хар як инсон пеш аз оне, ки бояд зиндагй кунад, бевосита ба чизе эхтиёч дорад. Агар барои инсон пеш аз хама, мухити хуби хонаводагй, хуроку пушок ва тансихатй лозим бошад. барои тарбияи инсони асил ва тифли баркамолу донишманд, пеш аз хама мактабу омузгори болаёқат ва кордон мебояд. Мактаб гулшани хамешабахорест, ки рангу тароват ва гулхои зиннатбахши он илму фарханг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсонист. Мактаб манбаи илму хунар, хислатхои вафодорй, дустй, озодандешй ва сулхпарварист. Мактаб ёри мехрубон, зинати умру хастиву тавон, озодандешии инсон ва маъхази маърифату ақлу заковати касон аст. Нест каси бохираде, ки маърифати ин даргохи бузургро нагирифта бошаду аз захмати бузургустоде бахравар нагардида. Агар аз гузашти умр ва пандномаи бузургони хирад сахфагардонй намоем, бевосита метавонем, ки хулосабарорй намоем.
Мохй фарзанд ва хамранги дарёст, гандум фарзанди сахро ва мисли сахрост, инсон фарзанди замин аст ва эхтиёч ба мардуми заминиву пурбардор дорад, эхтиёч ба илму адаб ва покию росткорй, ки онро махз дар даргохи маърифат меомузанд. Ин даргохи бузурги маърифати мактабу Мадраса аст, ки одамиятро ба шохрохи бузурги хаёт хидоят менамояд, зеро инсон худ аз пеши худ бузург намегардад.
Лола худ руяд, мохй худ шино кунад, магас худ парад, кирми шабтоб худ нур барорад, аммо одам барои инсони комил шудан бояд омузад. Инсони асил манбаи хамаи донишхоро аз мактаб меомузад. Онро мукаддасу бузург мешуморад. Сахми бештари онро дар тарбияи насли бузурги одамият қадрдонй мекунад. Хар як инсони  комилхуқуқ бояд,  ки  аз  даргахи  мактаб гузарад, илм омузад, тарбияи дуруст гирад, вагарна бемаърифату бедонишу нодону зишт ба воя мерасад. 

Партави хусн аст, оре илму ахлоку адаб. 
Бе адаб, бе илм., бе қадр аст ин набвад ачаб.
 Гар набошад даргахи мактаб ба тифлон маъхазе,
 Илму ирфон хеч мегардад, хама кас беадаб. 

Хамеша мебояд кушид, сохибадаб буд, маърифатдуст гардид, мактабро макони бузурги илму хирад хисобид ва аз он бебахра намонд.
Хулоса, шодмонию сохибхирадй бузургиву накуандешй ва росткориву бузургдилй махз аз мактаб падид ояд. Онро мукаддасу пок ва азизу гиромй доштан қарзи хар як инсони сохибхирад аст.

Агар мактаб бихонй, бахтиёрй
Нахонй дар пушаймонй бимонй. 
Бихон, эй гунчаи боги чавонй.
Агар хонй, ту доим шодмонй.


Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 11074 | Комментарии: 1 | Теги: МАКТАБ - МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ - ИНШ | Рейтинг: 1.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru