Четверг, 18.04.2024, 13:12
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

МАСНАВИИ «ГУЛИСТОН»-И САЪДИИ ШЕРОЗӢ
Накша:

1.  Ҳаёти мухтасари шоир

2.  Мазмуни «Гулисгон»-и Саъдӣ

3.  Хулоса

Саъдии Шерозӣ яке аз шоирони ғазалсарои адабиёти классикии форсу тоҷик ба шумор меравад.Ўдар таърихи адабиёт ҳамчун устоди ғазал эътироф гардидааст. Ба ақидаи устод Садриддин Айнӣ Саъдӣ шоир ва нависандаи рӯйиҷаҳонист.Падар ва гузаштагони Саъдӣ аз ахли форс буда, аз амалдорони хурди дарбори Саъд бинни Зангӣ ҳисоб меёфтаанд. Тахаллуси шоирии ӯ низ шояд аз ҳамин сабаб бошал Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгохи худ гирифта, баъдан барои идомаи таҳсил ба марказҳои илмии ҳамон давра-шаҳри Бағдод меравад.

Бо сабаби он ки ватани шоир осудаву ором набуд,ӯ дар чавонӣ зодгохи худро тарк менамояд.Baле меҳру муҳаббати ватани азизаш ӯро ранчу азоб медодаанд:

Саъдиё, хубби ватан гарчи ҳадисест шараф,

Натавон мурд ба хорӣ, ки ман ин ҷо зодам.

Баъди таҳсили илм дар мадрасаҳо сайру саёҳат ва сафари мамлакатҳо ва дар байни халқҳо буданро ба худ ихтиёр мекунад. Сайру сафарҳои Саъдӣ ба кишварҳои Араб, Эрон, Туркия ва Рум ба қавле 30 сол тӯл кашидааст.Ў баъди сафархои дуру дароз хулосаи сафархои худро дар маснавии «Гултстон» ва«Бӯстон» чамъбаст менамояд. Бештари хикояҳои маснавии "Гулистон"-ро ҳангоми сафархои худ чамъоварӣ намудааст. Маснавии «Гулистон»-и Саъдй дар мероси адабии шоир аз чиҳати таърихи эҷод дуюм асар мебошад. Шоир ин асари худро соли 1258 эчод намудааст. Саъдӣ сабаби навиштани асари хешро таъкид намуда, дар бораи бехуда гузаштани вакт ва фоиданок истифода намудани онро барои насли ҷавон таъкид менамояд. Дар бораи бевафоии дунё » мулохиза ронда, мегуяд. ки инсон бояд фурсатро ғанимат шумор! вақтро барои кори муфид сарф намояд. Маснавии «Гулистон»-и Саъдӣ саршори ҳикояҳои панду ахлокӣ буда, мардумонро ба некиву накӯкорӣ, ростиву росткорӣ, дустиву рафоқат даъват менамояд. Ғояи асосии маснавии «Гулистон» панду андарз маҳсуб мешавад. «Гулистон» ба таври наср эҷод карда шудааст, ки аз хикоятҳои хурд-хурд иборат аст. «Гулистон» мавзуъҳои гуногунро дар бар мегирад. Яке аз бобҳои «Гулистон» дар бораи ҳурмату эҳтироми устод-муаллим ҳикоят менамояд. Саъдӣ эхтироми устодро аз ҳама боло мегузорад:

Подшоҳе пиcap ба мактаб мактиб дод.

Лавҳи симинаш бар канор ниход.

Бар сари лавхи ӯ навишта ба зар;

«Ҷабри устод бех зи меҳри падар!»

Некиву накўкорӣ аз нигохи Саъдӣ яке аз хислатҳои хуби ннсонӣ ба шумор меравад. Аъмоли неки мардумон ба онҳо умри човидонӣ мебахшад

Зиндаву човид монд,ҳар кӣ накӯном зист.

К-аз акибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Шоир шахси инсондӯстро хеле таърифу тавсиф намуда, ба ў эҳтироми самими мегузорад:

Ба даст овардани дунё ҳунарнест,

Якеро гар тавонь, дил ба даст ор!

Пояи асосии маснавии «Гулистон» тарғибу ташвиқи шоҳи одил, адлу ннсоф, маъри ратпарварӣ ва таърифу тавсифи сирати подшоҳон мебошад. Фикру акидаҳои панду ахлокии шоир барои тарбияи насли навраси ҷомеаи мо низ ахамияти тарбиявӣ дорад. Саъдӣ зебоии ботини инсонро дар ягонагии аклу фаросати ў, дар донишандӯзӣ, мехнатдӯстӣ,ростгуӣ ва ёриву бародарӣ мебинад. «Гулистон» дар таърихи адабиёти классикии форсиву тоҷикӣ ҳамчун ёдгории бадеии асри XIII шинохтаву эътироф карда шудааст, ки ахмияти тарбиявии ахлокии худро то имрӯз аз даст надодааст. Мурод аз офаридани «Гулистон» панду андарз будааст ки худи шоир низ дар ин бора фармудааст:

Myроди мо насихат буду гуфтем,

Ҳаволат бо худо кардсму рафтем.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (09.04.2013)
Просмотров: 5811 | Комментарии: 6 | Теги: МАСНАВИИ «ГУЛИСТОН»-И САЪДИИ ШЕРОЗӢ | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru