Мавзӯъ ва мундариҷаи достони «Рустам ва Сӯҳроб»-и Абулқосим Фирдавсӣ - Иншо - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Понедельник, 05.12.2016, 21:37
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1809
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Мавзӯъ ва мундариҷаи достони «Рустам ва Сӯҳроб»-и Абулқосим Фирдавсӣ - Иншо

Мавзӯъ ва мундариҷаи достони «Рустам ва Сӯҳроб»-и Абулқосим Фирдавсӣ

Нақша:

Муқаддима

1.      Шарҳи мухтасар дар бораи «Шоҳнома»

2.      Мазмуни асосии достони «Рустам ва Сӯҳроб»

3.      Рустам – симои асосии достон

4.      Сӯҳроб рамзи нотарсиву ҷасорат

5.      Хулоса

Фирдавсӣ аз зумраи он сухансароёнест, ки тавассути назми офаридааш: «Шоҳнома»-и безавол солҳову асрҳост, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Фирдавсӣ соли 934 дар шимоли шарқӣ Эрон, яъне дар деҳаи Божи вилояти Тӯси Хуросон ба дунё омадааст. Шоир ҳангоми таҳсил дар мадраса ба шеъру шоирӣ адабиёт ва, бахусус, ба таърихи қиссаву ривоятҳои қаҳрамонӣ шавқу ҳаваси беандоза доштааст. Давраи кӯдакӣ ва овони ҷавонии Фирдавсӣ ба замони ҳукмронии Сомониён рост меояд.

«Шоҳнома» асари безаволест, ки хизмати 30-35 солаи шоирро дар худ таҷассум менамояд. Фирдавсӣ дар синни 37-солагӣ ба навиштани достонҳои «Шоҳнома» оғоз намудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар асоси маъхазҳо ва қиссаву ривоятҳои қадима суруда шудааст. «Шоҳнома» достонҳои зиёдеро дар бар мегирад. Яке аз достонҳои машҳури он «Рустам ва Сӯҳроб» буда, аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа хеле баланду таъсирбахш мебошад:

Кунун разми Сӯҳробу Рустам шунав,

Дигарҳо шунидастӣ, ин ҳам шунав.

Яке достон аст пуроби чашм,

Дили нозук аст Рустам ояд ба хашм.

Достон чунин оғоз мешавад: Рустам ба шикор мебарояд. Дар аснои шикор мебарояд. Дар аснои шикор хаста шуда, мехоҳад каме истироҳат кунад. Ӯро хоб мебарад. Рустам аз хоб бедор шуда, Рахши худро намеёбад. Бо хотири парешону табъи хира дар ҷустуҷӯйи асп то ба шаҳри Самангон меравад. Шоҳи Самангон ӯро зиёфат медиҳад. Духтари шоҳи Самангон ғоибона ба Рустам ошиқ мешавад. Хулоса, онҳо бо ҳам хонадор мешаванд ва онҳо танҳо як шаб бо ҳам буданд.

Аз онҳо кӯдаке ба дунё меояд. Сӯҳроб ҳамчун ҷавони тануманд ба воя мерасад. Дар ин миён ҳодисаву воқеаҳои зиёде рух медиҳанд. Сӯҳроб падари худро хеле ҷустуҷӯ мекунад. Бом акру фиреб ва ҳиллаву найранги душманон падару писари ноогоҳ аз ҳамдигар бо якдигар разм менамоянд. Разми онҳо дурудароз давом мекунад. Сипас, Сӯҳроб аз дасти падараш кушта мешавад. Рустами ҷаҳонпаҳлавон нишони худро дар банди дасти ӯ дида, доду фиғон мекунад. Аз марги Сӯҳроб модараш Таҳмина огоҳӣ ёфта, пас аз як сол ӯ низ дар ғами фарзандаш аз дунё мегузарад.

Рустам яке аз симоҳои марказии достони «Шоҳнома» ба ҳисоб меравад. Рустам ҳамчун ҷавонпаҳлавон ҳамеша хоку ватани худро аз душманони аҷнабӣ муҳофизат мекунад. Рустам қаҳрамони бемонанд аст. Рустам ҳамчун одами ҳақиқӣ халқу миллати худро дӯст медорад ва дар достон Рустам ҳамчун марди бебок, инсони хирадманд ва ҷавони тануманду бемонанд тасвир ёфтааст. Ӯ барои ваҳдати миллӣ ва нигаҳдории обу хоки ватанаш доимо омода аст. Рустам дорои ҳамагуна хислатҳои неки инсонӣ буда, бахшандаву некхоҳ аст. Шоир ба воситаи симои Рустами паҳлавои фикру андешаҳои ватандӯстнаи худ: доштани ватан, нигоҳ доштани ягонагии обу замини киварашро ба риштаи назм кашидааст.

Шоир Сӯҳробро низ монанди падараш қаҳрамони бемисл ба қалам додааст. Сӯҳроб паҳлавони тануманд бошад ҳам, дар зиндагӣ камтаҷриба буда, ҳанӯз аз ҳиллаву найрангҳои душманон хабар надорад. Аз як тараф, Сӯҳроб ҷавони нотарсу далер ва хайрхоҳу покният аст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ ҷавони содаву камтаҷриба аст. Ҳамаи инро хулоса карда, гуфтан лозим аст, ки шоир тавассути достони худ масъалаи ҷанг, ҷангҷӯён, кинаву адоват, ҳиллаву найрангҳои замонаро маҳкум намудааст. Шоир ба тарафдорони ҷанг ва ҷангҷӯён лаънат мехонад.

Масъалаи дигаре, ки шоир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст, ин риёкориву фитнаангезист.

Фирдавсӣ тарғибу ташвиқ мекунад, ким о имрӯзиён бояд аз хатои пешиниён сабақ бигирем ва барои якпорчагии ватани худ ҳамеша саъю кӯшиш намоем.

 

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (12.02.2013)
Просмотров: 1650 | Комментарии: 2 | Теги: Мавзӯъ ва мундариҷаи достони «Руста | Рейтинг: 4.3/3
Всего комментариев: 2
2  
кушта шудани сухроб аз дасти падар бо байте аз "Шохнома" гуед

1  
Fhb

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru