МЕХРИ ВАТАН - Иншо - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Понедельник, 05.12.2016, 13:26
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1809
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

МЕХРИ ВАТАН - Иншо

МЕХРИ ВАТАН

Ба рохи Ватан чон фидо мекунем,

Ватан хар чй гуяд, адо мекунем.

 

Ватан, зодгох, калимаи зебо ва хучастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гахвора ва модар пеши назар меояд.

Педагоги машхур Сухомлинский В.А. мазмуни мафхуми «Ватан»-ро одилона ба мафхумхои «Инсон», «Маънои зиндагй», «Мехнат», «Карз», «Оила», «Забони модарй», «Мухити табиат», «Садокат» алокаманд мекунад.

Бале, Ватан сарнавишту кисмати хар як инсон, модарй мушфику мехрубон аст. Агар модарй аслй моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, ба­рой идомаи зиндагии рангин огуш кушодааст.

Халки точик аз шумори он миллатхоест, ки марзу буми худро хеле дуст медорад ва барои хастии он чоннисорй мекунад. Кахрамоинхои 'Темурмалику Шерак. Деваштичу Восеь далели гуфтахои болост. Шоири шинохтаи точик Лоик Шералй ибтидои Ватанро аз гахвора ва шири поки модар донистааст:

 

Ватан cap мешавад аз гохвора,

Зи шири поку аз пистони модар,

Ватан cap мешавад аз он тавора,

Ки онро сохта дастони модар.

Ватан бехбудию беэфузии мост,

Ватан хушномию фирузии мост.

 

Дар олам чанд мукаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавчуд acт, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Х,исси ватандустй 6а дарачае расидааст, ки хокашро аз тахги Сулаймон ва хорашро аз лолаву райхон хуштар медонанд:

 

Хоки Ваган аз гахги С'улаймон хуштар,

Хори Ваган аз лолаву райхон хуштар.

 

Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бармеояд. ки Baтан ифтихор. шаьну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебахост, ки онро ба хеч ганче наметавон иваз намуд.

Оромиву шукух ва шукуфоии Ватан ба масьулияги хар як сокини он вобаста acт Aгар Ватан орому осуда буда, дар са­росарй он cyлху субо хукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гаштаа, мухаббати мардум меафзояд. Дар он чое. ки пояхои маьнавиёт ycтувop набошанд, акси ин хол ба миён меояд.

 

Myxaббат  ба Ватан асосан дар давраи кудаки зохир шуда, минбаьд ташакул мсёбад. Инсон ба хар зарра хоку хар Kaтpa оби Baтан ончунон дил мебандад, ки бе он

наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Х,иссиёти ватандустй ин худ садо­кат  ба Ватан, саъю кушиши ба нафъи вай xизмат кардан мебошад.

Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавкеи хосса дорад. Хаким Фирдавсй дар «Шохнома»-и безаволи худ, ки саршори идеяи ватандусти ва адолатхохис хифзи Вата нро аз бахои чон болотар гузошта гуфтааст:

 

Хама cap ба cap тан ба куштан дихем.

Аз он бех, ки кишвар ба душман дихем.

 

Дар ашъори Хабиб Юсуфй Ватан ба таври мушаххас ва образнок тасвир ёфтааст. Ватан барои у хамчун хонаи умед ва бахшандаи бахту саодат, модари азизу мехрубон мебошад:

Ватанро бинозам, маро дар канор,

Чу модар гирифту намуд бахтиёр...

 

Мурод аз офаридани образи ватандустона дар адабиёти олам бешубха, бедор кардани хисси ифтихори миллй ва мухаббат ба марзу буми ачдодист.

Вале вазифаи мо танхо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамой ва чонфидоии нав, кашфи падидахои нодир вобаста аст. Агар хамаи мо аз олами расму русум ва анъанахои милливу башарй бахраманд гардем, ватани сохибистиклоли мо низ ба шумори давлатхои тараккикарда ва мутамаддин ворид хохад гашт. Шукуфоии Ватан ба масъулиятшиносй ва некандешии мо вобаста аст:

 

Х,иммат агар химати мардон шавад,

Мур тавонад, ки Сулаймон шавад.

 

 

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 13034 | Комментарии: 1 | Теги: МЕХРИ ВАТАН - ИНШО | Рейтинг: 3.4/7
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru