Среда, 24.04.2024, 13:43
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 5
Гостей: 5
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

МУЌАДАСОТИ МО. - Иншо

МУЌАДАСОТИ МО.

 

         Дар Конститутсияи ( Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон махсус ќайд гирифтааст, ки « Рамзњои давлатии Тољикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллї аст». Барои њар як тољикистонї Ватан, миллат, забони тољикї, Парчам, Нишони давлатї, Суруди миллї муќаддасанд. Мо ба ќадри ин муќаддасоти миллии худ бояд бирасем. Хизмат зери Парчами Љумњурии Тољикистон дар сафњои артиши миллиамон ќарз ва ифтихори њар як љавонмарди тољику тољикистонї дониста мешавад.

        Матни Суруди Миллї, шакли Нишони давлатї ва Парчами Љумњурии Тољикистонро  Ќонунњои давлатї тасдиќ намудаанд ва Низомномањои онњо бо ќарорњои Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидаанд.

         Суруди миллии Љумњурии Тољикистон рамзи давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунъявї ва ягона, ифодагари дўстии пойдори њаммаи халќу миллатњои кишвар мебошад. Эњтироми воло ва донистани Суруди Миллї вазифаи муќаддаси њар як шањрванди кишвар аст.

       Иљрои Суруди миллї ќоидањои худро дорад, яъне онро дар њар куљою дар њар як маърака хондан мумкин нест. Суруди миллии Љумњурии Тољикистонро, тавре Президенти давлатамон Эмомалии Рањмон таъкид кардаанд, хуб азёд карда ба таври овози зинда хондан лозим аст. Суруди миллии Љумњурии Тољикистон њангоми оѓозу анљоми иљлосияњои Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии ЉТ, иљлосияњои вакилони халќи ВМКБ, вилоятњо, шањри Душанбе, шањрњо ва ноњияњо, маљлису љамъомадњои тантанавї ва љашнњои љумњуриявии мувофиќи Ќонун иди умумихалќї эълон гардида иљро карда мешаванд.

       Суруди миллиро дар оѓози барномањои телевизиони љумњурї дар рўзњои идњои умумимиллї – 1 январ ( Соли Нав ), 8 март (Рўзи байналхалќии занон), 21-24 (Иди Наврўз), 9 сентябр (Рўзи истиќлолияти Љумњурии Тољикистон), 6 ноябр (Рўзи Конститутсия); њамарўза дар ибтидо ва анљоми барномањои радиои умумиљумњуриявии Тољикистон; њангоми гузаронидани љамъомаду љашнњо ва тадбирњои дигари маќомоти давлатї ва иттињодияњои љамъиятї, корхона, муассисањо ва ташкилотњо мувофиќи иљозати Њукумати Љумњурии Тољикистон созмондодашаванда, маросимњои барафроштани Парчами давлатї, пешвозгирї ва гусели сарварони давлатњо ва њукуматњои давлатњои хориљии расман ба Тољикистон ташриф оварда (баъди иљрои Суруди миллии он давлатњо) ва дигар њолатњои њатмии пешбиникардаи ќонунгузорї иљро мекунанд.

         Њангоми иљрои Суруди миллї иштирокдорон Сурудро рост истода мехонанд. Суруди миллї дар ќисмњои њарбї низ мувофиќи Низомномаи Суруди Миллии Љумњурии Тољикистон ва тибќи муќаррароти Низомномањои умумињарбии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон иљро карда мешавад.

       Суруди миллиро дар муассисањои тобеи Вазорату Комитетњои давлатї ва идороти ЉТ тибќи тартиботи мукарраршуда иљро мекунанд.

        Барои вайрон карда хондани матни Суруди миллї, ки тањќир кардани Суруди Милли Љумњурии Тољикистон аст, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љазо дода мешавад.

 

        Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон    рамзи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад. Нишони (Герби) давлатї аз тасвири тољ, нимдоираи иборат аз њафт ситораи рўяшон бо нурњои аз паси кўњњои барфпўш тулўъкунанда фарогирифта ва бо чанбаре оро додашуда, ки атрофашро аз тарафи рост хўшањои гандум ва аз тарафи чап шохањои пахтаи шукуфон ињота карда иборат аст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонида шуда, дар ќисми поён рўи курсї китоби сањифањояш бозшуда љой дода шудааст.

        Нишони давлатии Љумњурии Тољикистон ранга буда, тољ, офтоб, кўњњо, хўшањои гандум, китоб ва курсї бо зарњал тасвир ёфта, пояи баргњои нињолњои пахта сабз, рахњои тасмањо сурх, сафед ва сабз буда, муќоваи китоб сурх мебошанд (агар Нишони давлатї ба таври ранга тасвир наёфта бошад, тасвири маълумиаш бо ранги сиёњу сафед аст). Азбаски Нишони давлатии Тољикистон рамзи муќаддас њисоб меёбад, онро эњтиром бояд кард ва онро дар њаркуљою лозиму нолозим овехта мондан нашояд.

        Тасвири Нишони давлатии ЉТ дар љойњои зайл гузошта мешаванд: дар болои биноњои ќароргоњи расмии Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олї ва Њукумати Љумњурии Тољикистон, вазоратњо ва кумитањои давлатии ЉТ; дар болои биноњои Маљлисњои вакилони халќи ВМКБ, вилоятњо, шањри Душанбе, шањрњо, ноњияњо, маќомоти њокимияти иљроияи мањаллї, худидораи шањрак ва дењот (љамоатњо), судњо, маќомоти прокуратураи ЉТ: дар болои биноњои намояндагињои дипломатию консулї ва муассисањои тиљоратии дар хориља будаи ЉТ; дар толорњои маљлисгоњи Президенти ЉТ, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони МО ЉТ ва Раёсатњои онњо, Њукумати ЉТ, Маљлисњои вакилони халќи ВМКБ, вилоятњо, шањри Душанбе, ноњияву шањрњо, дафтарњои кори Президенти ЉТ, Раисони ВМКБ. вилоятњо, шањри Душанбе, шањрњо ва ноњияњо, дар толорњои љаласањои судии судњо, дар биноњои маќомоти сабти асноди њолати шањрвандї ва биноњои баќайдгирии тантанавии таваллуд ва акди никоњ.

           Ваќтњои охир дар бланкањои њуљљатии баъзе идораю созмонњо ва ташкилотњои љаъмиятию ѓайридавлатї ва муќоваи шањодатномањои хизматї ва њатто дар шањодатномањои студентон љой додани тасвири Нишони давлатии ЉТ ба назар мерасанд, ки ин риоя накардани талаботи Низомномаи Нишони давлатї мебошад. Тасвири Нишони давлатии ЉТ дар мўњру бланкањои њуљљатњои Президенти ЉТ, Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони МО ЉТ ва Раёсатњои он, Њукумати ЉТ, вазорату кумитањои давлатии ЉТ, Маљлисњои вакилони халќи ВМКБ, вилоятњо, шањри Душанбе, шањрњо, ноњияњо, маќомоти иљроияи њокимияти мањаллї, маќомоти худидораи шањраку дењот, судњо ва маќомоти прокуратураи ЉТ, идорањои нотариалии давлатї, маќомоти сабти асноди њолати шањрвандии ЉТ, инчунин корхонаю муассисањо, ташкилотњои љумњуриявии бо ќонунњои ЉТ ба онњо њуќуќи дар мўњру бланкњои њуљљатњо љой додани тасвири Нишони давлатї иљозат дода шуда, љой дода мешаванд.

         Тасвири Нишони давлатї дар нашрияњои расмии МО ЉТ ва Раёсати Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони МО ЉТ ва Њукумати ЉТ љой дода мешавад. Тасвири Нишони давлатї дар шиносномањои шањрванди ЉТ, инчунин шиносномањои дипломатї ва шиносномаи махсуси хориљии ба шањрвандони ЉТ додашаванда љой дода мешаванд.

           Дар сутунњои марзии дар Сарњади давлатии ЉТ гузошташуда низ Нишони давлатии ЉТ насб карда мешаванд. Тасвири Нишони давлатии ЉТ сарфи назар аз андозањояш ва рангаш бояд даќиќан ба тарњи тасдиќшудаи  он мувофиќат намояд. Баъзан рассомон рўзњои иду љашнњо шумораи њафт ситораро ё кўракњои шукуфони пахтаро (дањ кўраки шукуфон ва як кўраки ношукуфта) аз будаш кам нишон медињанд, ки ин амал хилофи муќаррароти Низомнома мебошад.

 

            Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон  рамзи истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон мебошад. Парчами давлатии ЉТ аз матои росткунљае, ки дар рўи он се рахи рангаи ба таври уфуќї љойгирифта кашида шудааст, иборат мебошад. Рахи боло ранги сурх, мобайнї ранги сафед, рахи поён ранги сабз дошта, пањноии рахи сурху сафед ба њам баробар, рахи сафед баробари якуним пањноии ин ду ранг мебошад. Дар рўи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарњал рамзи тољ зада шуда, дар болои он ба шакли нимдоира њафт ситора тасвир карда шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

           Азбаски Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон рамзи муќаддасоти давлатист, онро бояд эњтиром намуд, Баъзан Парчами давлатиро лозиму нолозим истифода мебаранд, онро дар мошинњои шахсї, утоќњои кори раисони ширкату идорањои ѓайридавлатї, дўконњои пивофурўшї, баъзан  чаппа, рахи сурхашро аз поён љой медињанд, ки он тањкир њисоб меёбад.

           Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон тибќи талаботи  Низомномааш дар болои биноњои ќароргоњи расмии Президенти Љумњурии Тољикистон, Маљлиси Олї, Њукумати Љумњурии Тољикистон, судњои Љумњурии Тољикистон, маќомоти иљроияи њокимияти давлатї, маќомоти худидораи шањраку дењот (љамоатњо) ба таври доимї (њамарўза) барафрохта мешавад; дар болои биное, ки иљлосияњои Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Олии Љумњурии Тољикистон ё иљлосияњои Маљлисњои вакилони халќи ВМКБ, вилоятњо, шањри Душанбе, шањрњо, ноњияњо гузаронида мешаванд, дар давоми давраи гузаштани иљлосияњо, маљлисњои намояндагон ( љамоат ) дар тамоми давраи гузаштани маљлис барафрохта мешавад.

            Дар болои биноњои вазоратњо, кумитаю идорањои давлатї, дигар маќомоти давлатии ЉТ, корхонањо, муассисањо ва ташкилотњо, иттињодияњою ташкилотњои љамъиятї, дар болои биноњои истиќоматї  Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон дар рўзњои ид ва рўзњои хотиравии бо ќонуни ЉТ муайяншуда барафрохта мешавад.

           Дар болои биноњо ва васоити наќлиёти намояндагињои дипломатї ва консулї, инчунин дар болои иморатњои муассисањои тиљоратии дар мамлакатњои хориљї будаи Љумњурии Тољикистон, дар васоити наќлиётие, ки дар дохили онњо ба сифати ашхоси расмї Президенти Љумњурии Тољикистон, Раисони Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони МО ЉТ, Сарвазири Љумњурии Тољикистон нишаста бошанд, тибќи тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон барафрохта мешаванд.

            Дар биноњои раъйдињї – рўзњои интихоботу раъйпурсї, толорњои љаласањои судии судњои ЉТ, дар ќисмњои њарбии ЉТ – мутобиќи талаботи Оинномањои њарбї, дар посгоњњои марзї (заставањо) ва нуќтањои гумрукию рухсатдињии Сарњади давлатии ЉТ Парчами давлатии ЉТ барафрохта мешавад.

           Парчами давлатиро мувофиќи амри Президенти Љумњурии Тољикистон, Раёсати Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони МО ЉТ ё Њукумати ЉТ њангоми гузаронидани маросимњою чорабинињои тантанавии маќомоти давлатї барафрохтан мумкин аст.

           Баъзан ваќти ба утоќњои кори сардорони идораю корхонањо, роњбарони муассисаю ташкилотњои ѓайридавлатї ворид шудан мебинем, ки сари мизи эшон Парчами давлатї гузошта шудаанд. Шояд ингуна ашхос барои њавою њавас ва ё нишон додани мансаби хеш Парчами давлатиро сари мизашон гузошта бошанд. Аммо, мутобиќи талаботи банди 4 Низомномаи Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон «Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон дар кабинетњои кории Президенти Љумњурии Тољикистон, Раиси Маљлиси миллї ва Раиси Маљлиси миллї ва Раиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Сарвазири Љумњурии Тољикистон, раисони Вилояти Мухтори Куњистони Бадахщон, вилоятњо, шањри Душанбе, шањру ноњияњо ва хонањое, ки вакили халќи Љумњурии Тољикистон интихобкунандагонро ќабул мекунанд, љойгир карда мешавад» (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, № 12, с. 1999, моддаи 332). Яъне, барои љойгир кардани Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон дар кабинетњои кори дигар сардорон Низомномаи мазкур иљозат надодааст.

             Њангоми мотам бо Ќарори Президенти Љумњурии Тољикистон, Раёсатњои Маљлисњои МО ЉТ ё Њукумати Љумњурии Тољикистон ба шакли мотамї афрохта мешавад. Дар ин маврид ба чўбдасти парчам овезон карда мешавад. Агар парчам дар симчўб овезон бошад, аз нўги симчўб каме поёнар ва бо чўбдаст баста бошад, парчам ба андозаи 1/3 дарозии чўбдаста хам карда мешавад.

             Тасвири Парчами давлатї дар киштињои њавоии Љумњурии Тољикистон љойгир карда мешаванд. Агар мушоњида карда бошед, дар ќаноти думии киштињои њавоии ширкати њавоии «Тољикистон» расми кабутар бо рангњои рахи парчам кашида шудаанд.

             Парчами давлатии Чумњурии Тољикистонро дар љойњои истироњати шањрвандон, боѓу хиёбонњо, гулгашту болои биноњои истиќоматї инчунин ба сифати ороиш барафрохтан мумкин аст, фаќат нисбат ба Парчами давлатї бењурматї содир нашавад. Баъзан расми парчамро рўи роњравњо мекашанд ва одамон онро зери пой карда аз рўяшон роњ мераванд, ин бошад, рўирост тањќири Парчами давлатї њисоб мешавад. Аксар ваќт дар намоишњои ахбори телевизион нишон медињанд, ки дар кадом гўшаи љањон парчами ягон давлатро зери по карда пора мекунанд ё оташ мезананд ва бо њамин ба давлати соњиби парчам эътирози худро баён мекунанд. Ин њам тањќири њамон давлат њисоб мешавад.

               Шахсоне, ки ба тањќири Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон гунањкоранд мутобиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон ба љавобгарї кашида мешаванд.

              Њурмату эњтиром нисбати муќаддасоти давлатамон – Суруди миллї, Нишони давлатї ва Парчами давлатии Љумњурии Тољикистон ќарзи шањрванди њар як сокини Тољикистон њисобида мешавад.

 

                                      

                                                                        полковник Рустам ШУКУРОВ

Донишкадаи Њарбї

                                        

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 2059 | Комментарии: 1 | Теги: МУЌАДАСОТИ МО. - ИНШО | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru