МУАЛЛИМ - САРВАРУ САРКОРИ ИНСОН - Иншо - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Понедельник, 05.12.2016, 01:21
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1807
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

МУАЛЛИМ - САРВАРУ САРКОРИ ИНСОН - Иншо
МУАЛЛИМ - САРВАРУ САРКОРИ ИНСОН

Муаллим сарвару саркори инсон, 
Муаллим номбардори азизон.
 Ба дахри бехудуду оламу дахр, 
Муаллим чамьи ахбори парешон.

Муаллим, омузгор - вожахое, ки барои фарзанди инсон ошною мукаддас. Зери ин калимахои бузург омузандаи илму дониш, фархангу адаб ва пешвою оинаи миллат тачассум меёбад. Муаллим шахси барумандест, ки аз хурдй инсонро илму адаб омухта, уро ба воя мерасонад. У бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису гамхор касро олами маънй меомузонад. Тавре гуфтаанд:

Хаққи устод аз падар беш аст,
 В-аз падар устод дар пеш аст.

Муаллимро имруз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбех дих,ем, нуре гуем, ки чашмони шогирдонро равшанй мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили хамаро осон мегардонад.

Хар киро устод набвад кор бар бунёд нест, 
Дар рахи маънй рафике бехтар аз устод нест.

Сарчашмаи хамаи хушихо, ободии хамаи махфилхо, бузург гардидани х,амаи шогирдони баркамол махз ба омузгорон вобастагй дорад. Омузгорон вазифаи нихоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомузанд, ки чандон кори осон нест.
Муаллим ба кавли бузургон мухандиси рухии инсон аст. Тавре ки мухандис накша ё созмони ягон кореро ташкил медихад, муаллим низ аз рузи аввал ба шогирдон адаб меомузад ва онхоро ба хаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи халк мегуянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуксонхоро бартараф мекунанд. Яъне омузгор ибратомузест, ки хар калому   хар   нигоху   хар   кадамаш   саропо   ибрати сохибдилон аст.
Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омузгорй касби нихоят пуршараф аст ва омузгор касест, ки хамеша дар чустучуи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию чамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонй муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънй хабаре надорад, олиме сохт.

Расад чон бар лаби бечора устод. 
Ки харферо ба шогирде дихад ёд.

Даме ки устод шогирди ба чон парвардаашро руи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самаре додааст. Меболад, ки тавонистааст, махсули захмати беандоза ва дастранчи захматталаби хешро бо бузурге пайваста.
Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани хар як шогирдаш кушиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обруманд мегардад, бевосита аввалиндарача номи муаллимашро мегирад ва аз у розист, ки алфози накуяш омухт. Устод ба рохи рост хидояташ намекард. хеч гох шарафманду комёб намегашт. Захмати беандозаи омузгорй бузург тавонист рохбалади шогирди пурзаковат гашта, сохибмаълумоташ гардонд.
Дуруст аст, ки муаллим рохнамову нишондиханда, созкору ибратомуз ва мададрасони фарзанди инсон дар рохи ростиву росткорй ва омузишу бурдборихост.
Наметавон бе мураббй алфозе омухт, наметавон бе рохнамо дониш андухт, наметавон худ бевосита ба чое бирасид, наметавон муаллимро омузандаи алфози бузург наномид.
Муаллим аз хар як норасоиву носазоихо ва беахмиятии шогирдони худ ба изтироб меафтад. Куввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дарег намедорад. Мекушад, ки бо вучуди машаккатхои зиёду бепоён шогирд ба воя расонад ва сохибмаълумот гардонад.
Хулоса, муаллим касест рохнамою хидояткунанда, мунису гамхор, дусти бегаразу ислохкори хамон норасоиву нуксонхои инсон. Муаллим пешвою омузандаи алфози неку тачассумгари ростию росткорист, ки машхуртарин бузургони руи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омухтааст:

Сари таъзим меорам ба номат ман,
Ки аз ту гаштаам шогирди донное.
Ки аз ту гаштаам умре ба қиммат дар хама чое,
Ки аз ту фахр дорам ман, кй буди солхо омузгорй мехрафзое.

Барои чуброни мехнати пурмашаккату  дили саршори мехру   мухаббати   бузурги   муаллим   аз   осмон   ситора овардан, аз каъри замин ганч бурун овардан, куххоро паст сохтан, замину замонро гулзор кардан кам аст кам... 

Хар кй накард хурмат устоди рохнаморо, 
Аз аклу дину имон уро хабар набошад.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 1806 | Комментарии: 1 | Теги: МУАЛЛИМ - САРВАРУ САРКОРИ ИНСОН - И | Рейтинг: 5.0/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru