Четверг, 18.04.2024, 20:23
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 10
Гостей: 10
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Мундариҷаи Ғоявӣ ва таҳлили образҳои асосии достони «Сиёвуш»-и Абулқосими Фирдавсӣ - Иншо

Мундариҷаи Ғоявӣ ва таҳлили образҳои асосии достони «Сиёвуш»-и Абулқосими Фирдавсӣ

Нақша:

Муқаддима

1.      Достони «Сиёвуш» ва ғояи асосии он

2.      Сиёвуш – рамзи ҳақиқатталабӣ ва ростгӯйӣ

3.      Ду зани дорои ду сифати ба ҳам зид

4.      Ду шоҳи аз ҷиҳати хислат ба ҳам наздик

5.      Хулоса

Фирдавсӣ дар таърихи адабиёт бо достонҳои безаволи «Шоҳнома» - и худ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб намудааст. Ӯ аз аҳли ашрофзодагони заминдори замони худ будааст. Абулқосим Фирдавсӣ соли 934 ба дунё омада, соли 1020 аз олам даргузаштааст. Фирдавсӣ тамоми ҳаёти худро ба навиштани «Шоҳнома» сарф намудааст. «Шоҳнома» достонҳои қаҳрамонӣ мебошад.

Достони «Сиёвуш» яке аз достонҳои машҳури «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ маҳсуб мешавад. Сарчашма ва асоси пояи ин достонро ривоятҳои қадимии гузаштагонамон ташкил медиҳад. Дар сарчашмаҳои  устуравии пешин, Сиёвуш ҳамчун худои наботот ва китзорҳо эътироф шудааст. Ӯ аз дасти қувваҳои бадӣ кушта мешавад.

Фирдавсӣ ин достони худро низ бо васфу ситоиши хирад оғоз менамояд:

Сухан чун баробар шавад бо хирад,

Равони сароянда ромиш барад.

Сиёвуш фарзанди шоҳ Ковус буда, дар назди Рустами паҳлавон ба воя расидааст. Ӯ даврони кӯдакиашро дар зери сарпарастии Рустами ҷаҳонпаҳлавон мегузаронад.  Дар симои Сиёвуш шоир тамоми хислатҳои неки инсонӣ, некӯӣ, росткорӣ, ҳақиқатпарастӣ, ҳақиқатгӯйӣ ва зебоиро тасвир намудааст. Ӯ муддате ба дарбори падар меояд, вале одобу ахлоқи дарбориён ба ӯ писанд намеояд. Ӯ аз фитнаву дасисаҳои дарбориён хабар меёбад.

Сиёвуш дар достон ҳачун ҷавони ҷавонпаҳлавон, хирадманд, далеру қавиирода ба қалам дода шудааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин далерию паҳлавонӣ, Сиёвуш шахси ҷангҷӯй нест. Ӯ,табиатан, ҷавони инсондӯст ва халқпарвар будааст. Сиёвуш тарафдори ободии ёру диёр мебошад. Умуман, шоир дар симои Сиёвуш хислатҳои неки инсониро монанди: хирадмандӣ, хоксорӣ, сулҳҷӯйӣ, ростқавлӣю росткорӣ, накӯйӣ ва зебойӣ ҷамъбаст намудааст.

Симои Пирон дар достон ҳамчун марди корозмуда, пири хирадманд ва шахси бомулоҳиза тасвир ёфтааст. Ӯ ҳамеша тарафдори сулҳу салоҳ буда, мехоҳад ҳамеша сулҳу сафо барқарор бошад.

Фарангис зани покдомани вафодор, зебо буда, ҳамчун симои зани оқилаву фарзона тасвир ёфтааст.

Судоба, баръакси Фарангис, зани бадахлоқу ҳиллагар, маккораву хиёнаткор инъикос ёфтааст. Судоба барои ба мақсади зишти худ расидан аз ҳеҷ як бадӣ рӯй намегардонад.

Ковус шоҳи ишратпараст, тезхашм зудбовар ва ҷангҷӯй аст. Ковус ба корҳои давлатдорӣ аҳамият намедиҳад. Ковус шоҳест, ки хун рехтану ганҷу сарват ба даст оварданро боиси шавкату шӯҳрати шоҳӣ медонад.

Афросиёб низ ҳамчун шоҳи хунхор, ҷангҷӯй, мансабпараст, ҷафокор, аҳдшикан ба қалам дода шудааст. Хулоса, шоир дар симои Ковус ва Афросиёб шоҳони сабукфикр, ишратпараст, ҷафокор ва аҳдшиканро тасвир намуда, таъкид бар он мекунад, ки шоҳ бояд адолатпеша, ҳақиқатҷӯй ва халқпарвар бошад.

Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар адабиёти форсу тоҷик яке аз бузургтарин сарояндаи достонҳои қаҳрамонӣ ба ҳисоб меравад. Фирдавсӣ дар навиштани достонҳои таърихиву қаҳрамонӣ истеъдоди беназире доштааст. Шоир дар достони «Сиёвуш» барои нишон додани хислат ва ҳолату лаҳзаҳои гуногун ҳаёти қаҳрамонҳо аз ҳама гуна воситаҳои тасвири бадеӣ устодона истифода бурдааст.

Достони «Сиёвуш» асари фоҷиавӣ буда, хонандаро мутаассир мегардонад. Фирдавсӣ ҳамчун шоири инсондӯст ва ватанпарвар ҳангоми тасвири ҳодисаву воқеаҳо аз бисёр фикру андешаҳои пешқадам ва аз панду андарзҳои судманду ибратбахш, ки барои тарбияи насли наврас аҳамияти бузург дорад, ба таври фаровон истифода намудааст. Достони «Сиёвуш» дар тарбияи ахлоқии ҷавонон беҳтарин намуна аст.

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (12.02.2013)
Просмотров: 1515 | Теги: Мундариҷаи Ғоявӣ ва таҳлили образҳо | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru