Пятница, 26.04.2024, 00:26
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

НАШЪАМАНДИ - ВАБОИ АСР - Иншо

НАШЪАМАНДИ - ВАБОИ АСР


Нафсу шайтон мебаранд аз разх туро. 
То биандозанд андар чах туро. 

Фармуда Фаридуддини Аттор. Кору кирдори ношоиста, амали номатлуб касро аз рохи дурусти хаёт гардонда, уро ру ба табохиву заволй меорад.
Нашъа низ чун моддаи мадхушкунанда, бадтаъсир ру ба маргу табохиоваранда инсонро ба касодй, носолимй ва беобругй мерасонад. Нашъаманд касест, ки аз обрую химмати худу наздиконаш руй гардонда, хастию чонро низ асос надониста шахсияти худро помол мегардонад, зеро носолим мегардаду качрав, ки ин хусусиятхо инсонро ба нести мерасонанд. Бехуда нагуфтаанд:

Ростиро баду бало нарасад, 
Марди качрав ба хеч чой нарасад.

 Нашъамандй чун як бемории гайриоддй ба тамоми узвхои инсони истеъмолкунандаи маводи нашъаовар, аз кабили асаб, гурда, дил ва дигар узвхои дарунй таъсир карда, беморро мачрух мегардонад.
Чун мавзуи матни навбатй «Нашъамандй - вабои аср» аст, охирхои асри XX ва ибтидои асри XXI буда, масъалаи глобалии тамоми чахониён гаштааст. Имрузхо касоне, ки ба ин кор даст мезананд, нихоят зиёданд. Онхо шояд бо сабабхои дур гаштан аз гаму дард, нуксону камбудихон хаёт ё бо сабаби ёр шудани беморй, шояд аз нодонй аз окибатхои он ё бо сабаби айшу рохат ба ин амали номатлуб даст мезананд. Имрузхо душвор нест дарёфт кардани нафароне, ки бе тарсу харос даст ба куштору дуздй мезананду хиёнат ба номусу чохилихо мекунанд. Албатта, ин гунна шахсон бевосита истеъмолкунандагони ин маводи зарароваранд, ки заррае аз кору кирдори кардаашон огахие надоранд, зеро он бехушу беёдашон мегардонад.
Барои ин гуна шахсон, ки халовати нашъамандиро медонанд, дарёфт кардани он ба кадом киммате, ки набошад, нихоят зарур аст. Дар натичаи дарёфт накардани маблаг онхо тамоми дороии хонаашонро фурухта онро мехаранд. Худро бехонумон гардонида, зану фарзандон ё волидони хешро хонабардуш мегардонанд. Дар натича, чамъият вайрону наздикон парешон ва оилахо бесаробону саргардон мегарданд. Худ низ дар кучаву хиёбонхо ба хайси нокасу беобруй ва хастадилу афгор то ба рузи марг овора мегарданд. Ба хору хаси замин баробар помол мегарданду наздикон аз хастиашон шармсору безор.

Ёри бад бехтар бувад аз мори бад. 
То тавонй бигурез аз ёри бад.

Бадбахтона, заноне низ ёфт мешаванд, ки ба ин амали номатлуб даст мезананд. Барои дарёфт кардан, ба истеъмол, парвариш ва фуруши ин маводи зиёновар дасг мезананд. Қадру манзалати бузурги зан, модарро, ки олихаи хусну зебой ва асоси хастии зиндагист, бештар паст мезананд. Бехабар аз он ки бузурге гуфта:

Чун шутурмург бидон ин нафсро,
 На кашад бору на парад ба хаво.

Албатта, ин амали номатлуб дар ягон давру замон поянда нахохад буд, пойдеворе, иморате, ки тавассути нашъачаллобй бунёд гаштааст, ноустувор ва бебақост.
Хулоса, кохи баландафрохтае, ки аз амали носазову маблаги номуроди нопок ба авч сар кашида, рузе валангор хохад гашт. Номуроде, ки аз пайи нашъамандист, рузе курбони кучаи ишрат ва айши нопок гашта, ру ба нестй меорад ва пайвандони хешро шармсор мегардонад.
Аминем, ки бо мурури айём нашъамандй чун офтоби қуллаи кухе рузе ру ба гуруб меорад ва гулхои аз ин бустон сар ба авч кашида, пажмурдаву помол мегарданд. Иффат, покдоманй, ростй, росткорй ва солимақлию мехнатдустии чавонони миллат пируз мегардад.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 7452 | Комментарии: 3 | Теги: НАШЪАМАНДИ - ВАБОИ АСР - ИНШО | Рейтинг: 3.0/3
Всего комментариев: 2
2 NODIRSHO KOSIMOV  
0
sd

1 м  
0
HJHUJH

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru