Пятница, 26.04.2024, 23:14
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

НАВРУЗ ВА РАСМУ ОЙИНХОИ ТАРКИБИ ОН - Иншо

НАВРУЗ ВА РАСМУ ОЙИНХОИ ТАРКИБИ ОН

 

Дар таърихи фарханги мардуми эронитабор хеч як анъана ва расму ойине чун чашни хучастапай ва фархуидаи Навруз азизу арчманд нест. Навруз пайвандгари насли имруз бо расму ойин,  арзишхои эстетики, мехру садокат ва анъаноти ниёгон мебошад.

Чашни Навруз аз кадимтарин ва густурдатарин идхои Мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панчхазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Навруз «рузи нав» маънй дошта, дар аввали соли нави хуршедй ба истикболи соли нав барпо мешавад. Навруз чашни фарорасии бахори нозанин, зиндашавии табиат, огози корхои кишоварзй ва богдорй, айёми баробаршавии шабу руз дар бахор мебошад. Аз нигохи хисоби ситорашиносй, Навруз рузест, ки офтоб ба бурчи барра (хамал) ворид мешавад ва дар хамон дакикаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар чаласаи 64-уми ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттахид, тахти фасли 49, ки унвони "Фарханги чахон”-ро дорад, карорномаи "Рузи чахонии Навруз” ба тасвиб расид. Он бо пешниходи кишвархои Точикистон, Эрон, Афгонистон, Озарбойчон, Казокистон, Киргизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасй карор ёфтааст. Дар карорнома гуфта мешавад, кй хамасола дар тамоми чахон 21-уми март хамчун Рузи байналмилалии Навруз тачлил гардад.

Навруз аз бузургтарин чашнхои мардумони эронитабор, аз чумла точикон ба шумор меравад, ки ба фарханги Кавму миллатхои дигари Осиёи Марказй низ бо хамин ном гузаштааст. Чашни Навруз нишебу фарозхои таърих, хаводиси сиёсию ичтимой ва маънавихои зиёдеро паси cap карда, то ба имруз омада расидааст.

 

Аз таърихи чашни Навруз. Рочеъ ба таърихи пайдоишу баргузории ин чашни куханбунёд дар сарчашмахои таърихию адабй ва бадей маълумотхои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони точику эронй ва хоричй дар асоси онхо маколоту рисолахои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумотхои мустаким ва пурахамиятро дар «Шохнома»-и Фирдавсй, «Наврузнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-бокия» ва «Ат-тафхим»-и Абурайхони Берунй, «Зайн-ул-ахбор»-и Абулсаиди Гардезй, «Ал-махосин вал аздод»-и Кисравй ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки ба иттифок Чамшеди   пешдодиро бунёдгузори чашни Навруз хондаанд. 


Х,аким Умари Хайём дар «Наврузнома» рочеъ ба бунёд! гузоштани чашни мазкур чунин навиштааст: «...аммо сабаби них,одани Навруз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки хар сесаду шасту панч руз ва рубъе аз 1 шабонаруз ба аввали дакикаи Хамал боз ояд, ба хамон вакту руз, ки рафта буд, бад-ин дакика натвонад омадан, чи  хар сол аз муддат хаме кам шавад. Ва чун Ч,амшед он рузро дарёфг, Навруз ном них,од ва чашн ойин овард ва пас аз он подшохон ва дигар мардумон бад-у иктидо карданд»

 

Абулсаид Абулхайи Гардезй дар китоби «Зайн-ул-ахбор» дар бораи Ч,амшед мегуяд: «Чамшеди Вангахон (Анвчахон) чун бар тахт биншаст бо девон харб кард ва дасти эшонро аз Мврдумон кутох, кард, эшонро зи ободихо барандохт ва андар дарёхову вайронихо шуданд ва эшонро корхои гароне фармуд, ки мардумон натавонистанд кардан. Ва осиёи сангин андар гардани девон афканд, ба руйи он нишаст ва уро андар хаво бибурд ва дуо кард то Худой азза ва чалл гармову сармо ва беморй ва марг аз мардумон баргирад. Худой азза ва чалл аз Пекусиратии вай дуои у мустачоб кард. Онро чашни Навруз бисохт ва девонро фармуд то конхо кананд ва чавохирхо берун оваранд, ба дарё фуру рафтанд ва гавхархо бароварданд ва ин мал ба мардумон биёмухтанд, чомахо ранг фармуд кардан» .


Дар дарбори подшохони сосонй Навруз хеле бошукух, ва дабдаба тачлил мегащт. Намояндагони 23 кишвар (тобеъони Эрон ва кишвархое, ки бо Эрон робита доштанд) ба хузури  шох мерасиданд ва аз тарафи кишвари худ хадяхо такдим  мекарданд. Аз ин тухфахо бахши бузурге ба хазинаи кишвар  ворид мешуд. Кисравй дар китоби «Ал-махосин вал аздод», дар  бораи такдими хадоё ва навъи чунин навиштааст: «Аз Х,инд фил, шамшер, мушку васоили кишоварзй, аз Тибету Чин мушку  анбар, абрешим ва ранг, аз савохили руди Синд товус ва тутй,  аз дарбори Рум фаршу порчахои алвон, эхтиёчи саворкороии  эронй, аз кишвархои хамчавор ва Миср асбхои зебо ва тезрав, - гусфанд, шутур, оху, хари вахшй ва зарофа ва сойири хадоёи - накдй». Такдим ва навъи ин хадоё дар накши Тахти Чамшед ба хубй нишон дода шудааст.

Марселиюс - бозаргони румй, ки дар даврони сосониён  ба Эрон сафар карда, худ шохиди нашни Навруз будааст, дар  сафарномаи худ менависад: «Дар аввалин рузи чашни Навруз ; духтарону занони пойтахт бо либосхои абрешими обию сабз  ва мардон бо чомахои навдухта дар сахни кох чамъ шуда ба  пойкубй ва ракс мепардохтанд. Дар дохили толори салтанатии  кохи Нигористони Кисрои Анушервон, ки шаш хазор метр ; масохат дорад, фарши заминай сафеди як китъаи музайян ба  чавохироти хафтранг бар кафи толор густурда шудааст. Ин  фарш манзараи бахору табиатро менамояд. Дарахтони ин фаршро бо зумурад ва шукуфаи дарахтон бо забарчад ва акики  сафед ва сурате ёкути сурх, мучассамаи шутуре аз нукраи хом ва  асбе аз тиллои ноб бо зин ва барги чавохир нишон бар зинати толори шоханшохй афзудааст.

Дар интихои толор пардаи марвориддузе бо абрешими обй ва овезахои зарбафт овезон аст. Дар миёни толор бо мева ва ширинй ва ошомиданй аз шодбошгуяндагон дар Наврузи хосса ва омма борёфтагон пазирой мекарданд ва ромишгарон хозирони толор ва мардумеро, ки дар сахни бог чамъ шуда буданд, ба шодмонй ва сурур меоварданд...» .

Тачлили чашни Навруз дар даврони хукуматдории Сомониён бо шукухи тоза идома ёфтааст, ки дар ин бора донишмандон дар сарчашмахои адабй ва таърихи ёдовар шудаанд.

Шоирони забардасте чун Рудакию Фирдавсй, Дакикй оид ба чашни Навруз бо мехру мухаббат сухан гуфтаанд ва тасвири зебои бахорро ба калам додаанд.

Дар тули садсолахо Навруз ва ойину маросимхои марбути он вобаста ба идеологияи давлатхои хукмрон борхо ба тагйиру дигаргунихо мувочех, шудааст ва мардуми точику халкхои дигари эронй дар хама давру замонхои душвору пур аз чангу офатхо аз тачлили ин чашни зебои ниёгони худ даст накашидаанд.

Ойину суннатхои точикон дар айёми Навруз инхоянд, ки аксари онхо то ба имруз роичанд.

Гулгардонй. Аз омадани Навруз пеш аз хама бачагон бо ичрои аньанаи гулгардонй ба дигарон хабар медиханд. Онхо як ду хафта кабл аз Навруз гурух шуда, ба куху пуштахо рафта гулхои бахорй: бойчечак, сиёхгуш ва гули зардакро чида ба деха меоранд ва хона ба хона гашта, ба мардум сурудхонон муждаи омадани Наврузро мерасонанд. Сохибхонахо гулхоро буй кашидаву ба чашм мемоланд ва ба бачахо кулчаю канду мавиз, дар баъзе чойхо гандуму нахуд медиханд. Яке аз сурудхое, ки дар им маросим месуруданд, ин аст.

 

Гул овардем ба мехмонй,

Ту кадри гул намедонй?

Агар донй, мусулмонй.

Бахори нав муборак бод!

 

Гул овардем аз он поён,

Хаварат мекунем, дехкон,

Буте галла ба гулгардон,

Бахори нав муборак бод!

 

Гули зардак сано мега,

Саной кибриё мега,

Ба хар пахлу дуо мега,

Бахори нав муборак бод!

 

Гули сиёхгуш хафтрангай,

Хуроки кавки дилтангай.

Хамеша бар саруш чангай.

Бахори пав муборак бод!

 

Дар замонхои пеш то солхои 1950-ум дар дехахои нохияи Х,исор як гурух бачахои 10-15 сола дар аввалхои фарорасии бахор ба дашту адир рафта гули сиёхгуш чида меоварданд. "Ана гули бахорй баромадаст", гуфта шоди мекарданд. Баъд гули сиёхгушро ба нуги як чуби дарози як метра баста хона ба хона мегаштанд. Аз кафои онхо як гурух кудакон хамрох буданд. Онхо гулро аз дархо ба хона дароз карда суруди гулгардониро мехонданд.

 

Гули сиёхгуш сувор омад,

Гули зардак катор омад,

Ба дехкон вакти кор омад,

Бахори нав муборак бод!...

 

Сохибони хона гулро зиёрат мекарданд, сипас ба бачахо кандалоту гулингу мавиз медоданд, баъзехо гандуму нахуду  лубиё медоданд. Бачахо ин чизхоро бурда дар дашт, яъне, берунтар аз деха гандумкуча пухта мехурданд.    

Дар нохияи Точикобод бачахо гули наврузиро чида хона  ба хона гулгардонй мекарданд. Х,ар як сохибхоназан гулро гирифта зиёрат карда мсгуфт: «Бисмиллохи рахмони рахим, сабукихои ту аз они ман, вазнинихои ман аз они ту». Сипас ба кудакон канду ширинихо медод.

Чуфтбаророн. То солхои 1950-ум дар нохияхои минтакаи Сугд, Хатлон, водии Хисор ва баъзе вилоятхои точикнишини Узбекистон дехконон то фарорасии чащни Навруз маросими чуфтбаророн барпо мекарданд. Рузи аввал дехконон дар хонае чамъ омада, дастчамъона оши палав пухта мехурданд ва аз Куръопи шариф сурахо тиловат мекарданд ва ба хакки Бобои Дехкон ва арвохи гузаштагон дуою фотиха мехонданд. Сипас онхо ба сари замии рафта ба шоххои барзаговхо равгани загир мемолиданд ва ба сару бадани говхо орд мепошиданд, ки рамзия хайру баракат ва фаровонии хосилро ифода мекард. Рузи аввал

каме шудгор мекарданду яке аз муйсафедони калонсоятарини деха ба тарики рамзй  ва муборакии кор чанд мушт гандум мепошид. Он руз бармегаштанду кори асосй аз рузи дуюм огоз мешуд.

 

Фолгири. Ойини дигар, пешбинй кардан бо рохи сабзонидани 12 навъи галладона: гандуму чаву нахуду бокило, загир, наск, мош ва гайраро мебошад. Ин галладонахоро  дар зарфхои гуногун  дар шароити хона месабзониданд ва аз суръату кайфияти сабзиши онхо фол мегирифтанд, ки кадом навъи галладона дар ин сол нашъунамой хуб карда хосили фаровон хохад дод.

Дар замони шоханшохии Сосониён 25 руз кабл аз чашни Навруз аз хишт 12 сутун сохта, даруни онхоро ба хок пур карданд, ин 12 сутун рамзи 12 мохи сол хисоб мешуд. Дар дохили  ин сутунхо анвои галладонаро кошта аз равиши сабзидани онхо муваффакиятхои кишоварзии соли ояндаро пешгуи мекарданд.

Хонабуророн. Мардум як хафта пеш аз фарорасии Навруз курпаву палосхоро аз хона берун бароварда, хонаро руфтаю тамиз мекунанд, курпахою пардахоро мешуянд ва хушбуй мезананд. Тамоми палосу курпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода метаккониданд. Девори хонахоро сафед намуда, тозаву озода месозанд. Дегу зарфхоро шуста тоза мекунанд. Зеро хонаву дари тоза рамзи соли наву икболи нав аст. Мардум бовар доранд, ки агар соли навро дар хонаи тозаву ороста пешвоз бигирй, хамон солро бо хушу хурсандй мегузаронй.

Чахоршанбесури. Маросими Чахоршанбеи охирон, ки онро Чоршанбе сурук низ меноманд, дар чоршанбеи охирони сол (мувофики такдими эронй-хуршедй) гузаронида мешавад. Дар чоррахае алав афрухта хурду калон аз болоящ мечахиданд ва ба оташ мурочиат карда мегуфтанд: ранчурию ранги зарди ман аз они ту, сурхию хуррамии ту аз они ман. Бо ичрои ин амал онхо бовар доштанд, ки дар соли нави оянда онхо тандуруст хоханд буд. Мувофики бовари дигаре, агар аз болои оташ чахида гузарй, гуноххоят мерезанд.

Дар нохияй Х,исор то нимахои садаи гузашта дар рузи чоршанбеи охирони мохи сафар занхо чамъ шуда дар куча ё богхо се гулхани начандон калон меафрухтанд. Маротибаи аввал аз болои онхо бонавбат чахида мегузаштанду аз он тараф боз чахида бармегаштанд. Маротибаи саввум чахида мерафтанду сипас ба кафояшон нигох накарда меомаданд ва ягон зарфи кухна, лабшикаста, чаговарда, ё сирпаридаро ба санге зада мешикастанду ба хона бармегаштанд.

Дар асри гузашта хамин гуна маросим дар Истаравшану Хучанд ва Самарканду Бухоро ва дигар шахрх,ои точикон мушохида шудааст.

Маросимн обрезон. Аз даврахои хеле кадим дар байни мардумони ориёй ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав - Навруз мардум шустушуй намуда, худро поку озода мекарданд.

Тибки навиштахои фолклоршиноси маъруфи точик Рузи Ахмад, сардори оила субх пеш аз баромадани офтоб ба даст куза, ё ягон зарфи обро гирифта, ба лаби чашма ё руди об мерафт. Баъди шустушуй зарфро пури об карда, сипас аз болой об се маротиба чахида: «хар чй дарду бало дорам, об бибар», - мегуфт. Оби тозаро оварда ба остонаи дарвозаву дари хонаи худ мерехтанд ва баъзе амалхои рамзомезро ичро мекарданд.

Мардумони Самарканди бостонй дар арафаи соли нав ба руди Обирахмат рафта, занхо дар рузхои муайян дар чои аз назар пинхони руд ва мардхо дар чойхои дигари сайргох ин суннати ачдодиро ба чо меоварданд.

Дар дехахои Рушони Бадахшон пеш аз тоза кардани хона ва пухтани хурокихои идона сохибхоназан ё мард сахарии барвакт ба чашма барои об меравад. Х,амон касе, ки барои оббиёрй меравад, бояд аз хона то сари чашма ё даре ва аз он чо то хона ба касе сухан нагуяд. У хангоми обгирй ба даруни сатил чанд то сангча меандозад, ки ин саягчахо рамзи бобаракат шуданро ифода мекунанд. Обро ба хона оварда як кисмашро ба хамир меандозанд ва як кисми дигарашро барои пухтани боч - навъ хуроке, ки аз каллаву почаи гусфанд ва рудахои он бо гандум нимкуфта ва бокило пухта мешавад, истифода мебаранд ва аз бозмондааш хамаи ахли хонавода кам-кам менушанд, ки он шугуни нек хисоб мешавад.

Ойинхои мазкур ба он далолат мекунанд, ки об дар контексти чашни Наврузи мардуми точику эронй аз даврони бостон ба гайр аз корбурди маишй, инчунин мазмунхои асотириву рамзй доштааст. Обро мардум дар катори оташу бод ва хок хамчун як унсури мукаддаси табиат, дорои неруи поккунандаи айбу гуноххо, нопокихо ва зиштхо медонистанд. Об рамзи хаёти поку беолоиш ва оромиву сулху субот низ мебошад.

Суманакпазй. Суманак навъе аз хуриши наврузи аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эхёи табиат ва зебогию осоиштагии хаёт ба шумор меравад.

Тарзи тахияи сабза ва пухтани суманак дар байни мардуми точик чунин буд. Гандумро 3 руз дар оби чуй ё оби борон тар карда мемонданд. Баъде ки гандум неш мебаровард, ба кавли мардум руда  мешуд,  онро гирифта дар табаке хамвор мегузоштанд ва руяшро бо докаи тоза мепушонданд. Рузе, ки борон меборид ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хонае, касе бегона ба он чо надарояд, мегузоштанд. Вакте ки гандум сабз шуд, бояд хеч кас онро набинад, зеро ки «пай» меафтад. Ё худ дар вакти пухтан кушиш мекарданд, ки ягон каси нопок ба болои дег наояд, зеро пай мегалтид ва суманак дар дег парак-парак садо мебаровард ва аз дег заррахои суманак берун мепарид, ки рафта рафта махсули дег кам мешуд. Одамон дар ин гуна холат мегуфтанд, ки суманак дар дег намеистад, пай галтидааст, чашми кадом нопок расидааст.

Акидаи дигаре хам буд, ки хар касе аз дустон ё хамсоягон агар дар вакти пухтан ба назди суманакпазон ояд, бояд то пухтани суманак, яъне то ба сахар хамрохи онхо бошад. Омадану рафтан ичозат набуд.

Одамони азодор набояд гандум сабзонанд. Тибки бовархо, агар шахси азодор ё мотамдор гандум сабзонад, решахои сабза мисли хун сурх мешудааст, ки онро «сабза вайрон шуд», гуфта, мепартофтаанд.

Рузи муайяни суманакпазй 3-4 нафар занхои хамсоя бо машварат дар хонаи яке аз хамсоягон чамъ мешуданд. Маьмулан онхо бегохй чамъ мешуданд ва суфраеро боз карда, сабзахоро мегузоштанд, онхоро зиёрат мекарданд, сипас ояте аз Куръони карим тиловат карда, дар хакки Пири Пухта[гар] дуо мехонданд ва сабзахоро мебуриданд. Дар бегохирузй сабзахои порашударо ба дег меандохтанд, то чашми касе бегона набинад, то ки пай наафтад.

Баъд занхо ба таги дег оташ меафрухтанд, бонавбат дегро бо кафча ё кафгир мекофтанд. Дар дег хафт адад сангча меандохтанд, ки рамзи бобаракат шуданро ифода мекард. Онхо  дар назди алав нишаста, барои хобашон набурдан афсонагуйй, чистонёбй ва сурудхонй мекарданд.

Субх, вакте ки суманак тайёр мешуд, мардумро даъват, мекарданд, раксу бозй мекарданд, духтарон хойпарй ва бачахо  гуштингирй менамуданд.

Занхову духтарон хам сурудхонй, раксу бозихо ва хазлу хандахо мекарданд. Зеро боваре хаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонй пешвоз гирй, хамон сол пурра ба хуррамию шодй зиндагй хохй кард.

Бинобар иттилооти наврузшинос Р. Ахмад, дар дехаи Каратог ва дигар махалхои водии Х,исор тарзи пухтани суманак чунин ичро мешуд. Гандум хамин ки бо оби борон дар муддати 5-6 руз сабзида, барои ширагирй омода шуд, пиразане сабзаро бо корд бурида, аввал «Бисмилохи рахмони рахим» гуён онро ба хован меандозад. Сипас хонумхои чавонтари кавй онро куфта, об зада, шираашро мегиранд. Баъдан кадбону дегро шинонда, ба он об рехта, се бор «Бисмилохи рахмони рахим» гуён равган меандозад. Дар баъзе дехахо пеш аз шираро ба дег андохтан бо нияти шод гардонидани «арвохи пирхо» чалпак! мепухтанд ва нукча мегузоштанд. Нукчаро дар атрофи дег дар замин насб карда, фурузон мекарданд. Инчунин пиру пайгамбархоро ёдоварй намуда, аз онон кушоиши кор ва мадад  металабиданд. Сипас шираи сабзаи гандумро бо орд махлут намуда, ба дег меандохтанд ва дегро бо кафлес мекофтанд. Бонувони дигар низ бо навбат дегро мекофтанд. Хангоми кофтани дег таронаи «Суманак дар дег, мо кафча занем»-ро месуруданд.

Дар аксари махалхо, дар аглаб маврид хангоми суманакпазй мардонро ба назди дег рох намедоданд, ки суманак «вайрон» мешавад. Ба деги суманак хафт дона чормагз ва баъзан хафт сангча меандохтанд, ки он ракам хафт фариштаи хафт табакаи осмонро ифода мекард. Шаби суманакпазй занхо намехобиданд. Таомхои гуногун пухта вакти худро хуш мегузарониданд. Аз аввали шаб то субх даф зада, раксу бозй ва таронасарой мекарданд. Рисолаи суманакро кадбону мехонд, дигарон бо кироати рисола бо таваччухи зиёд гуш медоданд. Хонуме аз иштирокгарони маросими «Суманакпазй» бихобад, занхои шух ба рую абрувони у сиёхии дегро молида, уро мазок мекарданд ва билохир бедораш менамуданд.

Пеш аз дамидани субх оташи дегро хомуш карда, болояшро бо латтаи тоза ё сарпуш мепушониданд. Субхи содик хамин ки хонумхо чамъ омаданд, кадбону «Бисмилохи рахмони рахим, дасти ман не, дасти азизон» - гуён сарпуши дегро мебардошт, аввал як табак барои ахли масчид мекашид ва бокимондаи суманакро ба ахли маросим ва хамсоягону кухансолони табаррук таксим мекард.

Суруди маъруфи занхои суманакпаз, ки хангоми пухтани ии гизои рамзии Навруз бо доиранавозй ба тарики умумй хонда мешавад, дар ин чо зикр мекунем.

 

 

Суманак дар чуш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

 

Суманак буи бахор аст,

Суманак овчу барор аст,

Мелаи шабзиндадор аст,

Иди Наврузй муборак!

 

Суманак дар чуш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

 

Суманак ширинии ёр аст,

Суманак ачаб нигор аст,

Суманак зеби бахор аст,

Иди Наврузй муборак!

 

Суманак дар чуш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

 

Хурокхои наврузй. Хурокхои анъанавии наврузй аслан гизохоянд, ки аз галладона пухта мешаванд. Дар нохияи Хисор аз гандуми куфта, нахуд, лубиё ва баъзе гиёххои хуштаъм ба монанди райхон, пудина, шулха, чаъфарй, пиёз ва гайра гандумкуча мепазанд, ки оиро дар дигар минтакахо далда (Кулоб), кашк, боч (Бадахшон), куча (дар Панчакент) оши куча (Шахринав) ва гайра меноманд. Хурокхои гандумй рамзи фаровонии соли пав ва гизои солимро ифода мекунад.


Аз нушокихо бештар зардолуи хушк ё гулингро дар оби чушида тар карда, нушобаи гулингоб тахия мекарданд ва нушидани онро дар субхи Навруз савоб медонистанд.


Дар даврони кадим хурокхои наврузй, асосан, аз махсулоти сафед - хурокхои аз ширу бирйнч тахия шуда, гушти парранда  ва мош иборат буданд.


Сайри наврузй. Дар айёми Навруз мардумон чашни бахорро дар богу чаманхо, лаби чашмаву рудхонахо, ки бо номхои : «идгох,» ва ё «сайргох» маъруф будаид, тачлил мекарданд. Ин гуна идгоххо дар Самарканд мавзеи Оби Рахмат, дар Бухоро - Чашмаи Аюб, дар Кулоб - Тамошотеппа, дар Хисору Хучанд ва Истаравшану навохии дигар лаби рудхонахо ва атрофи чашмахои маъруфу чойхои хушобухаво интихоб шуда буданд.

Дар нохияи Ашт дар айёми Навруз занхо дар яке аз богхо чамъ омада суманак ва бо галладона дигар хурокхои миллй мепазанд. Чавонон бо рубобу дафнавозй ба раксу бозй машгул мешаванд. Баъзе аз духтарон ба гуш кардани мусикй ва тамошои ракси чавонон меоянду бархе дигар дар дарахтон аргамчин баста, аргунчаксаворй мекунанд. Аз фурсат истифода бурда бисёр чавонон ба худ арус мекобанд. Духтарон низ бо нозу карашма дили чавононро об мекунанд. Дар ии руз бисёр чавонону духтарон ба якдигар дил мебанданд ва хамсархои ояндаи худро интихоб мекунанд. Калонсолон аз рафтори чавонон огох, буда, монеъ намешаванд ва баръакс хамин гуна шароит фарохам месозанд.

Оштикунонй. Ойини дигаре, ки аз замонхои хеле кадим анъана шуда омадааст, оштикунонии кахрихо мебошад. Дар огози соли нав набояд касе бо касе кахрию ногап бошад. Маъмулан одамони калонсол дар байн даромада, шахсони ба хам кахриро оштй мекунонданд. Ин ойин холо хам дар байни мардуми Ягноб роич acт.

Бозихои варзиши. Як бахши чашни Наврузро бозихои суннатии варзишй ташкил медиханд. Дар айёми Навруз мусобикоти пахлавонон дар намудхои гуштингирй, аспдавонй, пойгах (давидан), бандкашй, чавгонбозй (дар Ягноб, Бадахшон), аммо аз хама мусобикаи маъмултарини наврузй ин гуштингирй аст, ки хеле пахн шудааст. Дар хамаи дехаю шахрак ва шахрхои калон мусобикоти наврузии гуштингирй барпо мегардад. Кабл аз хама ду муйсафед рамзан ба майдон меоянд ва бо раксу гирди майдон чархзанй мусобикаро огоз ва чашни некфол мегардонанд. Ба голибон тухфахое ба мисли чома, колину палос, телевизору видеомагнитофон, мошини сабукрав, гусфанду барзагову асп аз тарафи созмондихандагон - хукуматхои махаллй такдим карда мешавад

Дар гузашта дар Каротегину Дарвоз дар маъракаи гуштингири пахлавони довталаб ба майдон омада мешишт ва дар табаке назди у хурок мегузоштанд, ки онро «табаки пахлавони» меномиданд. Хар нафаре ки бо ин пахлавой зурозмои кардан мехост, меомаду дар пахлуи у нишаста аз табаки пахлавонй хамрохи у таом мехурд. Сипас ба хардуяшон дуо дода, ба майдон даъват мекарданд.

Дар Кулоб 15-20 руз пеш аз Навруз, ба ибораи мардум сайди соли нав, пахлавонон аз дехахои дурдаст ва навохии атроф омада, дар хонахои дустонашон истикомат карда, ба машку тамрин мепардохтанд. Дар ин айём ба зиёрати мазорхои бузургворон рафта оёту фотиха мехонданд. Аз пирони бо тадбир ва рухониёни сохибмартаба дуо мегирифтанд.

Ба гайр аз гуштин, дар дехахо мусобикаву бозихои тухмчанг, хурусчанг, кабкчанг, чиликандозй, дастхобонй ва монанди инхо барпо мешавад. Хар касе, ки чонвараш ё тухми мургаш пируз шуд, моли маглуби харифро мегирад.

Бузкашй як навъи варзишии маъмул буда, дар айёми Навруз бо тантана барпо мешавад. Ин мусобикаи халкй дар байни халкхои гуногуни Осиёи Марказй вассъ пахн гаштаасг. Дар баробари бузкашй бо асп навъи дигари мусобика - харкашй ё Нарбузкашй низ дар байни мардуми Каротегину Дарвоз, Кулоб, Тавилдара ва гайра маъмул буд, ки бештар чавонон ба он майл доштанд. Онхо ба чои буз пусти онро ё умуман ягон пусти хайвонро дар бозй истифода мебурданд.

Дар баъзе минтакахо мусобикаи пиёдакашй низ гузаронида мешуд. Чавонмардони пуркувват ба ду даста таксим шуда талош мекарданд, ки порам матои 2-3 метраро ба даст оваранд.

 Навъхои дигари бозихои варзишии наврузи инхо буданд: сараспа - тирандозон аз болои аспи давон ягон нишони дар харакатбударо (буз ё мургро аз  пояш баста cap медоданд) тирандози мекарданд.

Наизаандозй - дар водииии Хуф аз болои аспи давон тухми дар замин бударо бо найза зада мебардоштанд. Инчунин аргамчинкашй, тирандозй, лаклакбозй, бандпарй чахидан aз болои аргамчин ва чанде дигар дар айёми фарорасии Навруз ичро мешуданд.

Таронахои наврузй. Дар байни мардуми точик рубоиву сурудхои зиёди наврузй вучуд доранд, ки асосан дар айёми Навруз суруда мешаванд. Яке аз гояхои асосии рубоиву таронахои наврузй ин мукобилгузории фаслхои зимистону бахор мебошад. Мардум бо рафтани зимистон ва омадани бахор ва иди Навруз шодию хуррамй мекунанд, аз ин хотир чашни Навруз дар таронахои мардуми бо огози бахор ва як навъ озодй айният дорад. Ин чо аз рубоихои мардумй якчанд намуна меорем.

 

Навруз расиду шоду хуррам гаштем.

Аз рафтани дай чумла бегам гаштем.

Дидему шунидем сад мехнату гам,

Охир ба гули бахор хамдам гаштем.

 

Дар рубоии дигар гуянда дар гурбату мехнат афтодааст ва бо хасрату ормонхо ёди ёру диёр кардааст.

Рузи Навруз асту булбул дар чаман,

Аз фироки баргу гул гуяд сухан.

Хар сахар мо ёди ёрон мекунем,

Синамон сад чок аст бахри Ватан.

Дар рубоии дигар гуянда аз ин ки дар замонхои пеш шогирдон ба устодон дар иди Навруз хадяхо медодаанд, ёдрас шуда, кадрдонй кардан ва гирифтани дуою хидояти устодро яке аз сабабхои маъруфшавй медонад.

 

 

Оби рахмат омаду Навруз шуд,

Бог сабзу лола дилафруз шуд.

Хар кй аз чон хидмати устоз кард,

Ёфт илму дар чахон фируз шуд.

 

Чойи дигар, гуянда афсусу дарег мехурад, ки инсонхои фавтида ба мисли гулу гиёхои дар бахор дубора намесабзанд, зинда намешаванд.

 

Иди Навруз омиду гул бо чамоли нозанин,

Сабзаю гулхои олам сар барорад аз замин.

Хар гиёхе хушк бошад, сабз гардад дар бахор,

Хайфи тухмй одамй, харгиз наруяд аз замин.

 

Дар як катор рубоихо зебогихои фасли бахору Наврузй хучастафол тавсифу тасвир гашта, шодию нишоти гуяндагон ва умуман кулли мардум баён шудаанд.

 

Фасли Навруз омаду сахро хама шуд лолазор,

Шодмонй дар дили пиру чавон шуд баркарор.

То шавад рохат муяссар мардуми бечораро,

Бо каланду чуфт дехкон мешаванд машгули кор.

 

Фасли Навруз аст, айёми бахор,

Гул шукуфту гашт олам лолазор.

Дашту сахро сабзу хуррам гаштааст,

Аз насими соф, хавои бегубор.

 

Иди Навррз асту фасли навбахор,

Халка дар гуш карда, наргцс косадор.

Сумбулу савсан баромад аз замин,

Чехра бикшод хамчу ёри махчабин.

 

Фасли Навруз омаду олам ,хама гулзор шуд,

Арсаи офокро гулхо ба чойи хор шуд.

Куху сахро гашт рангин, тозару шуд навбахор,

 Булбули шуридаро вакти фигони зор шуд.

 

Навруз шуду гул ба чаман чилвагар омад,

Аз мугчаи хар шох нидои самар омад.

Навррз шуду чумла чахон гашт муаттар,

Аз буи гулу сабзаву райхону санавбар.

 

Наврузро инчунин дар адабиёти китобй кариб хамаи шоирони форсу точик, cap карда аз устод Рудакй то ба шоирони муосири точик васфу тасвир кардаанд. Х,оло дар Точикистон такрибан шоире нест, ки дар мавриди ин чашни зебои ниёгон шеъре нагуфта бошад.


Х,амин тарик, Навруз аз маъруфтарин ва махбубтарин чашнх,ои мардуми точик ва дигар халкхои эронитабор ба шумор меравад. Навруз - чойи вохурй ва муносибати мардум, чое, ки хам зану мард ва хам пиру чавон гирд меоянд, шодию хурсандй мекунанд, лаззати эстетики мебаранд, ёдоварй аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 18819 | Комментарии: 1 | Теги: НАВРУЗ ВА РАСМУ ОЙИНХОИ ТАРКИБИ ОН | Рейтинг: 4.6/5
Всего комментариев: 1
1 Дилшод Рахимов  
0
Ин мақолаи чопшуда аст, муаллифаш Д. Раҳимов.
Ниг.: Баргузории ҷашни Наврўз ва расму ойинҳои таркиби он // Олами ҳунар, январ-марти 2010. с.44-48.
Боинсоф бошед ва ҳуқуқи муаллифро поймол накунед!

Д.Раҳимов

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru