Пятница, 19.04.2024, 20:52
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

НОН НЕЪМАТИ БЕБАХОСТ - Иншо
НОН НЕЪМАТИ БЕБАХОСТ

Дар хама дунё ба хар давру замон, 
Эхтироми нон бувад аз хад колон. 
Он зи чумла нозу неъмат бехтар аст, 
Кадри нон болотар аз симу зар аст.

Нон киматтарин ганч, бебахотарин амвол ва мукдддастарин ганчинаи пурарзишу бебахост. Бе нон хаёт нест. Бе нон фарзанди инсонияти бузург арзи хастй карда наметавонад. Нон аст, ки умр пойдор аст, нон аст, ки зиндагй идома дорад. Нон аст, ки офаридаи бузурги инсоният арзи хастй мекунад. Арзиши ин мукаодасоти бузург дар ягон давру замон дигаргун намегардад. Дар зиндагй хамаи хастихо бузурганд, хамаи неъматхо пояндаанд, аммо неъмати бебахои руи замин «нон» аст, ки нихоят пояндаву барчост. Кучактарин ва бузургтарин офаридаи Офаридгори бузург махз тавассути истеъмоли ин ганчинаи бебахо харакат мекунанд, хастиву чон мегирад. 

Нон бувад чун чони одам, 
Куввату дармони одам. 
Зеби дастурхони одам, 
Нони гандум, нони гандум.

Ин муъчиза касро тавоноиву мадор мебахшад. Кудрату матонат, зуру тавони хар як банда ба нон вобастагй дорад. Истеъмоли ин гизои бузург хурдонро бузург, нотавононро кудрат, бузургонро хираду фаросати зиёд мебахшад.
Пушида нест, ки осон ба даст овардани ин муъчизаи бузург танхо имруз бароямон муяссар аст. Замоне буд, ки ба даст овардани нон хамчун гизо нихоят душвор буд. Аз офаридахои Турсунзодаи бузург:

Гуш мекардам садои марди хирманкубро,
Мешунидам зарбахои говрона чубро.
Побарахна, дилгурусна, сар-сари куху адир,
Хурчин дар даст мегаштам, чу як марди факир. 

Ана, ба хамии гуна захмаги фаровону машаккати зиёд пораи нон ба даст меомад. Бечора мардону занон ва кудакони побарахнаву бепуштибои дар куху пуштахо бо мехнати дастй хушаи гандуме парварида, онро орд намуда, нон дастрас гардонида, истеъмол менамуданд. Натичаи ин гуна машаккати зиёд онхоро нотавону дардманд мегардонд.
Имруз бо шарофати даврони бузург ва пешравихои зиёди илмиву техники, ба даст овардани нон нихоят осон гардида. Имруз фарзанди инсоният бехтарин нонро истеъмол менамояд. Имруз мардум дар сохахои гуногуни хаёт фаъолият намуда, бегох хангоми баргашт ба хона хама гуна маводи нониро аз бозору растахо ба осонй ба даст оварда метавонанд.

Нонвои шахр меояд кунун дар пушти дар.
 Нони гарми хешро бардошта вақти сахар. 
Кучахоро пур кунад аз буи нони ширмол, 
Пур кунад хони арусон, дар шаби туи висол. 

Албатта, хамаи ин пешравию имкониятхо аз сулху субот, пешравию устуворихои давлату даврон гувохй медиханд. Мардуми точик аз кадимулайём фарханги бою ганй дошта, нонро хамчун мукаддасоти бузург эътироф мекунанд. Модари точик аз хурдй тифлашро эхтироми донаи гандуму пораи нон меомузонад. Тифли дилбанд   аз   хурдй   нонпораро   муқаддас   шумурда, бологузар медонад.

Қиммати нон аз хама волост дар руи чахон. 
Пиру барно рахравон гардида з-истеьмоли он. 
Кудрати волои он бахшида тифлонро хаёт,
 Дар дили хар фард бошад эхтиромаш дар нихон.

 Нон муъчизаи хаётофарину кувватдиханда ва воломаком аст. Аз истеъмоли як пораи нон дар дил куввату мадор ва хастиву матонат хосил мегардад. Пас, бевосита метавон нонро муъчизаи хаётбахш номид. Бе истифода аз ин муъчизаи бузург хаёт барои инсон гайриимкои аст. Чои онро ягон хастй, ягон кимати нодир иваз карда наметавонад.
Дуруст аст, ки китоб низ нихоят мукаддас ва гавхари дурахшони дурри маънист. Аммо дар холати гуруснагй фарзанди ннсоният онро зери по монда, аз баландие нонро гирифта истеъмол намудааст. Пас, мебояд нонро болотарин маъхаз ва асоситарин эхтиёчи махлукоти зинда шумурд. Онро азиз шумурда, болои дидагон чой кард:
Аз замин нонрезахоро чида мемолам ба чашм, 
Нони гарми мехнатиро дида мемолам ба чашм.

Хулоса, нонро хамеша эхтиром карда, кимати онро донистан карзи хар як инсони асил аст. Нон чун муъчизаи нодир хаётро офарида, инсониятро тавоноиву мадор мебахшад.

Нон бар мо давлати дунё бувад,
 Нон бар мо аз хама боло бувад.

Нон давлат, сарват, дорой, кувват ва асоси хастии мост. Нест ба чуз он муъчизаи ноёбу нотакроре. ки инсоният хар нафас ба он эхтиёч дошта бошад.


Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 12484 | Комментарии: 1 | Теги: НОН НЕЪМАТИ БЕБАХОСТ - ИНШО | Рейтинг: 2.4/5
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru