Пятница, 19.04.2024, 03:48
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ОБ МАНБАИ ХАЁТ АСТ - Иншо
ОБ МАНБАИ ХАЁТ АСТ

Об асту хаёт пойдор аст. 
Об асту замину кишту кор аст. 
Махсули хама чахони хастй. 
Аз хастии оби файзбор аст.

 Оре, об манбаи хастии хамаи мавчудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки вокеияти он чахону зиндагониро таровату зебой ва сарсабзиву озодагй мебахшад.  Хастии гулу гиёх, хайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободй ва озодагиву пурбаракатй хама ба об, вобастагй дорад. Обро инсон барои нушидан, пухтани хурок, шуступгуи сохтани манзил, тозагии кучахо, обёрии заминхо истифода мебарад. Инчунин одам бо рохдои обй завраку киштй ронда, хар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинахоро ба харакат дароварда, чараёни электрики хосил мекунад. Бо кувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакхои обчувоз харакат мекунанд. Кори ягон сохаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводхо обро барои тайёр кардани махлули рангхо, охар додани матоъ, коркарди пуст, тайёр кардани когаз, собун, нонпазй, нушокихои гуногун истифода мебаранд.
Инсон бе об зиндагй карда наметавонад. Хатто кисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лахзахои хаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокй, аз бемориву дардхо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва хайвонотро, ки инсон хамеша бо онхо сарукор дорад, манбаи асосист. Хатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанй ва гулу гиёх намеруяд.
Мо, точикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд хамеша бифахрем. Точикистон аз захираи об бой буда, кариб 7000 пирях, 155 кули гуногунхачм, даххо хазор чашмаоби одию маъданй ва обанборхои зиёд дорад. Ин маъхази бузург, ки одамро асос аст, об аст. Бе об зиндагй пойдор буда наметавонад. Аз кадимулайём дар китобхои динй низ об чун манбаи асосии хаёт дониста мешавад. Чор унсур дар хаёт мукаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавчудоти олам ба онхо эхтиёч доранд.
Модоме ки асоси зиндагии хамаи мавчудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси хастй, чароги равшанидиханда, созгори дунёи хастй эхтиром намоем, тозаву озода нигох дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъчизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовхо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:

Зи чуе, ки хурдй аз он оби пок, 
Набояд фикандан дар он сангу хок,

Тоза нигох доштани об ва мукаддас шумурдани он, кимат донистани хар катраи ин муъчизаи бузург карзи хар як инсони асил аст, зеро об на танхо хамчун манбаи ободй, балки маъхази нуру рушной ва махсули шодихои олами хастист.

Об бошад гавхари кимматтар аз лаълу гухар,
Покии хар қатраи он покии хайрулбашар.

Об хаст ободй хаст, мегуянд. Об аст, ки кулли мавчудоти олам дар афзоишу рушду нумуъ ва пояндагй у карор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёх аз он рангу буй, таровату пояндагй мегиранд. Бе об хаёт маъно надорад. Зиндагиро аз хастии об асос аст. Мутаассифона бархе аз инсонхои беандеша ва номурод дидаю дониста обхоро ифлос мегардонанд. Дар дарёхо партовхо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорй истифода мебаранд, ки ин ба касодихо оварда мерасонад. Дар хамаи китобхои дини сарфаю сариштакорй хамеша тақозо карда мешавад ва тозаю озода нигох доштаии он. макрух накардани хар катраи он вазифаи мукаддаси хар як шахси мусалмон дониста мешавад.
Хулоса, аз гуфтаи Паёмбари бузург Расули Акрам «Об хакикатан поккунанда ва асоси хастист, ки чизе онро начис нагардонад».


Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 26439 | Комментарии: 2 | Теги: ОБ МАНБАИ ХАЁТ АСТ - ИНШО | Рейтинг: 3.5/20
Всего комментариев: 2
2 Абубакр  
0
еее гап нест рахмат ба авлодыт

1 shef  
0
ОФАРИН!!! Рахмат!!!

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru