Пятница, 29.03.2024, 13:24
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ТАБИАТИ ЗЕБО МОЯИ ИФТИХОРИ ОДАМИЯТ АСТ - Иншо
ТАБИАТИ ЗЕБО МОЯИ ИФТИХОРИ ОДАМИЯТ АСТ

Инсоният дар кадом холате, ки набошад, дар кучое, ки зиндагй кунад, чи хурду бузург ба табиат ва ҳастиҳои он эхтиёч дорад. Бе ҳастиҳои табиат хаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро хастии хар як чисми зинда ба об, хок, боду хаво, гулу гиех, Набототу хайвонот ва растанихо сахт алокаманд аст. Бе об хаёт нест. Об хастии хаёт аст. Ягон гулу гиёх, набототу растанию хайвоноти зинда бе истифодаи об буда наметавонад. Сабзишу расиши хар як мавчудот ба об вобаста аст.
Хок чун хастии бузурги табиат, эхёгари тамоми мавчудоти олам аст. Ин сарвати бузург имконият медихад, ки хамаи хастихо аз он пурбор гардида, тамоми растанихо дар он руянду сабзанд, ба воя расида, гулу мева ва бор оранд. Ҳамчун пурбардортарин маъхази бузург тамоми хубию зиштихо ва ифлосихо хатто чисмхои фавтидаи одамону хайвоноти талафёфта низ дар каъри замин ниҳонанд, ки маро аз вайрон намудани боду хаво эмин медоранд.
Боду хавои тозаву озода манбаи осоиш самимии чисмхои зиндаи руи замин аст. Аз хавои тоза нафаси озодаву барохат мегирем, нашьунамо меёбем, тансихату осуда зиндагй мекунем. Бад будани хавою мухити атрофро ба беморихо оварда мерасонад. Ҳастиҳои табиати атроф низ ба тозагии боду хаво ниёз доранд. Бо сардии хаво дар хоби ноз мераванду бо фаро расидани фасли бахори дилангез аз нав бедор мегарданд.
Сарватхои зеризаминй низ яке аз захирахои бузурги табиатанд, ки инсоният пайваста аз онхо истифода мебараду хаёти хешро рангину нуртароват мегардонад.
Гулу гиёххо ки хамагй дар холатхои гуногун хамчун манбаи дору истифода мешаванд, аз хастихои табиатанд. Модоме ки ин хама номбаршудаҳо манбаъхои табиатанду ннсониятро бузурги мебахшанд, чй гуна метавон барои зиёд намудану озода нигох доштани онон чун фарзанди бузурги инсоният бетараф буд. Чй гуна метавон табиати нодирро чун атои Офаридгори бузург напазируфт. Чй гуна метавон дар ободии он  накушид,  ки хаёт саросар ба он  эхтиёч
дорад.
Хар як инсонро карзи бузурги инсонй он аст, ки хастихои табиати нодирро чун гавхараки чашм нигох дорад. Дар ободонй ва озодагии махали атроф кушиш намояд. Дар афзудани манбаъхои бузурги табий чахд кунад ва нагузорад, ки табиат ру ба завод оварад. Ободии кишвар ва тозагии мухити зист танхо ба одамон вобастагй дорад ва эхтироми табиату манбаъхои он карзи хар як инсонй асил аст.
Мутаассифона, дар зиндагй нафароне ёфт мешаванд, ки нисбати манбаъхои табиат беэътиной зохир мекунанд. Оби дарёву чашмахоро ифлос мегардонанд, дарахтонро решакан, гулу гиёххоро поймол мекунанд. Бо дуди сузишворихои гализ хавои гирду атрофро ифлос мегардонанд, хайвонотхои вахширо, ки дар чангалзорхо хаёт ба сар мебаранд, насли онхоро аз байн мебаранд.
Албатта, ин гуна одамон танхо барои манфиати худашон ба чунин корхо даст мезананд, аммо дар бораи ру ба талафот овардани табиати атроф фикр намекунанд. Ин гуна одамонро бояд хамеша назорат кард ва фахмонд, ки нисбати табиат ва боигарихои он мулохизакор бояд бошанд. Зебоии табиат, бузург будани он, самарабахшии хар як хастии табиат боиси хаёти осудахолона, тозагии мухит ва зебоии хар назари мост.
Агар атроф тозаву озода, муаттару дилнишин бошад, табъи кас низ болидаву хотир осуда мегардад. Набототу растанихо, ки асоси зебоии табиатро ташкил мекунанд,  хамеша ба  нигохубини дурусти  инсоният ниёз доранд. Агар мо хамчун инсонй комил онхоро хуб парвариш намоем ва аз зебоихои он истифода барем, хотирамонро болида мегардонанд. Агар обхоро чун сарвати бебахо сарфакороиа истифода барему тоза нигохашон бидорем, манбаи пайдоиши нуру зиё ва зебогии оламу одам мегарданд. Агар захирахои табиатро мукаддас хисобему онхоро сарфакорона истифода барем, зиндагиамон торафт ободу зебо ва хотирмону дилпазир хоҳад гашт. Агар хайвоноти вахшию хонагиро хубтару бештар парварем, бештар дар хаёти харрузаамон мададгорамон хоханд гашт.
Хулоса, табиат чун омили бузурги хастию хаёт дар тамоми давру замонхо ба дастгирии мо одамон ниёз дорад. Мо низ чун махлукоти зинда бе хастихои он озодона умр ба сар бурда наметавонем.
Кишвари азизамон Точикистон бисер табиати бузургу нодир дорад, ки барои васфаш китобхо лозим меоянд. Табиати атрофро ба чатри сояафкани бузург метавон ташбех, дод, ки инсониятро аз гармову боришоти зиёд эмин медорад, аз беморихо дур месозад ва дар панохи гулу гиёх ва дарахтони сарбаландаш мепарварад.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 8575 | Комментарии: 1 | Теги: ТАБИАТИ ЗЕБО МОЯИ ИФТИХОРИ ОДАМИЯТ | Рейтинг: 3.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru