Суббота, 20.04.2024, 14:26
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Огўши модар-бихишти инсон - Иншо
Оѓўши модар-бињишти инсон.
                                                                    
     Як шаба он ранљ, ки модар кашид,
    Бо ду љањонаш натавон баркашид.

         Модар  ќиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муњаббати бекарон, њимматбаландтарин шахси башарият аст. Мањз  мењри  бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Зањмати шабонарўзї, бедорхобї, пурбардории  ў танњо ба худаш хос буда, касро ба њайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кўдакї ба воя мерасему аз  ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзем. Канори  модар худ мактаби аввалини  њаёти мост. Ба зери болини кўдак гузоштани  китоб ё муќаддасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоњад, ки тифлаш бенуќс сабзида, мададгори даврони пирии ў гардад. Оре, модар мисли замин танњо ва яктост. Ба ин маънї шодравон Лоиќ хуб њам фармудааст:

                Ту монанди замин танњої, модар,
           Ту монанди замин яктої, модар.

    Инсон баъд аз рањо гаштан аз оѓӯши гарми модар ќимати  ўро хубтар дарк мекунад. Зеро баҳри  фарзанд мисли канори модар бињиштосо  макони дигаре нест. Барњаќ, шоир  фармудааст:
   Тифлию домони модар хуш бињиште будааст,
    То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.
    Модар дар њама њолат, чї њозиру чӣ дар ѓоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сињатї ва хушгуфтории фарзандро дида, аз шодї меболад. Аљаб дунёи рангину зебо ва беназир дорад, модар…
   Мутаассифона, на њама ваќт мо ба ќадри ин ганҷи нодир мерасему иззату эњтиромашро ба љо меорем. Ҳолатњое мешаванд, ки  дар дарёи пуршўри ҷавонї ва ишќу њавас  завраќ меронему модарро бо он њама дилсўзию мушфиќиаш, бо он њама мењру муњаббаташ ба коми фаромўшї  месупорем ва гоњњо носипосиҳоеро бањраш раво медорем. Аммо баъд, аз кирдор ва рафтори хеш пушаймон мешавем, ки кайњо дер шудаасту дигар ўро пайдо карда наметавонем. Моро тарк гуфтани модар дар ин дунёи бевафо фољиаи хеле гарон аст:

          Модар, модар, каси бањиммат бошад,
          Дидори шарифи ў ѓанимат бошад.
          Аз махзани панди он бигир арзонї,
          Фардо чӣ кунї, ки ганљи ќимат бошад. 

     Љои шакку шубња нест, ки такя дар пањлўи модар ва хоб дар рўйи зонуи модар бењтарин  лањзаи умри мо буду  њаст:

       Такя дар пањлўи модарљон, ѓанимат будааст,
       Хоб дар зонуи модарљон, ѓанимат будааст.

    Оре, давлати фарзанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт маќоми  хоса касб кардааст. Пайѓамбарону анбиё ва шуаро симои воќеии ўро дар сухан нишон дода, номашро то ба фалак баровардаанду дар наздаш сари таъзим фуруд овардаанд. Дар њадиси Расули акрам (с) омадааст: «Љаннат дар зери ќудуми модарон аст». Шоири тавоно ва сӯфии беназир Шайх Аттор ин њадисро дар пироњани назм пешкаши хонандагон ќарор додааст:

    Љаннат, ки ризои мо дар он аст,
     Дар зери ќудуми модарон аст. 

    Бемуњобот, модар ба чунин ќадрдонї сазовор аст. Зиндагии мо худ каломи мавзун аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи мубораки он њусни анҷом мепазирад. Ана њамин бузургию шањомати  ўро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд.  Њар фарзанде, ки ќимати модарро донад, бо дуояш  сарсабзу хушбахт ва шўњратёр мегардад:

        Сад љону дил фидои як муддаои модар,
        Фатњу кушоиш орад дасти дуои модар.
        Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,
         Як бор ношунида  њарфи ризои модар…

   Њама  пайѓамбарону анбиё, олимону шоирон, њунармандону косибон парвардаи боѓи  муаттари дунёи њавасњои модаранд. Аз ин рў, њар кас бояд ќадри ин ганљи бебањоро донад. Байти зебои устод Лоиќ чароѓи равшани олами гуфтори мост:

…Аз сарвату зи шўњрат гар бар фалак занам  сар,
  Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.    Зињї, модарам. Зињї, давлати бедорам.  Зињї,  модарам, ки бо ҷону дил  дўсташ медорам. Зињї, модар!

Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 6458 | Теги: ОГЎШИ МОДАР-БИХИШТИ ИНСОН - ИНШО | Рейтинг: 1.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru