"Фарёди бефарёдрас" – дардномаи миллат - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Понедельник, 05.12.2016, 23:35
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1809
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

"Фарёди бефарёдрас" – дардномаи миллат
Маҷмӯаи «Фарёди бефарёдрас» асосан шеърҳои дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва сарсониҳои халқи тоҷик навиштаи Лоиқ Шералиро дарбар кардааст. Ин маҷмӯа аз 30 шеъри гуногунмавзӯъ, 88 ғазал, қисматҳои «Аз «ҷоми Хайём», «Идомаи «Резаборон», «Хурдаҳо ва такбайтиҳо» ва «Рӯи одамҳо» иборат буда, аксари шеърҳо таърихи эҷод доранд. Шеърҳои «Соқиномаи имрӯзин», «Зангӯлаи бедорӣ», «Барои соҳибназарон», «Алорағми маҳалгароён», «Зарафшон, модари зорам», «Хонаи шоир», «Ману ту», «Гӯри Дониш дар куҷост?», «Чашмони Олимпур» бо таърихи таълифашон иртиботи комил доранд. Шеъри «Илтиҷо аз камонмардон» декабри соли 1994 навишта шудааст ва дар Тоҷикистон ин айёме буд, ки ҳанӯз силоҳбадастон бо роҳнамоии хоҷагони худ рехтани хуни ноҳақро идома медоданд. Шоири озурдахотир силоҳбадастонро ҳушдор медиҳад, ки силоҳро ҳарчи тезтар ба замин гузоранд. Дар акси ҳол дер мешавад ва пушаймонӣ фоида надорад:

 

Камонмардон!..
Агар ҳоло намефаҳмед,
Рӯзе нек мефаҳмед, ки тир аз камон рафтаст
Ва рӯзе нек мефаҳмед ҳар тире, ки афкандед,
Ба мағзи устухони тоҷикон рафтаст.
Шумо як рӯз мефаҳмед,
Ки худ ёрӣ ба душман кардаед, эй вой!
Ки худ бунёди меҳан кандаед, эй вой!

Фоҷиаи ба сари мардум омада боис гардид, ки дар назми даврони истиқлолияти тоҷик марсиясароӣ мавқеъ пайдо намояд. Шеърҳои Лоиқ Шералӣ «Чашмони Олимпур», «Падарам, во падарам», «Марсияи ҷамшед», ки ба марги фоҷиавии ҳунарманди шинохта Муҳиддин Олимпур, рӯзноманигору вакили халқ Муродуллоҳ Шералӣ ва табиби ҳозиқ ҷамшед Осимӣ бахшида шудаанд, пурсӯзу ҷонгудоз мебошанд. Такрору хитоба, рамзу киноя ва тавсифҳои ҳузнангез қувваи ифоданокии марсияҳои мазкурро афзуда, ба хонанда таассуроти гароне боқӣ мегузорад:

 

Наъши хунини падар дар назарам,
Хоки олам ба сарам!
Ашки хунин бичакад аз басарам.
Тири ноҳақ, ки адӯ бар ҷигари ӯ зада буд,
Мехӯрад ҳар нафасе бар ҷигарам.
ҷавҳари маънии дунё, падарам,
Падарам, во падарам, во падарам!


Лоиқ Шералӣ кӯшиш намудааст, ки сабаби ба ин фоҷиа гирифтор шудани мардуми ҷафокаши тоҷикро муайян кунад. Дар тасвири шоир, падидаи номатлубе, ки боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардидааст, маҳалгароӣ мебошад. Маҳалгароӣ натиҷаи тафаккури маҳдуд ва сатҳи пасти ҷаҳонбиниву фаросати нокифояи гурӯҳи одамон буда, ғайр аз муноқиша, тафриқаандозӣ ва норозигӣ дигар самаре ба бор намеорад.
Моҳияти харобиовари маҳалгароӣ ва характери зиддихалқии он дар шеъри«Ману ту» хеле воқеӣ таъкид гардидааст. Шакли шеърии таркиббанд дар ифодаи фикр мусоидати комил намудааст:

 

Сухане ҳеҷ на аз фарри каёнӣ гуфтем,
Ту бадахшонӣ, хуҷандӣ, хуталонӣ гуфтем.
Ту самарқандӣ, зарафшонӣ, вахонӣ гуфтем,
Ту бухорӣ, ту ҳисорӣ, ту фулонӣ гуфтем.
Баски бегонапарастем, амон аз ману ту,
Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту.


Шоир дар чордаҳ банди шашмисраъгӣ тамоми паҳлуҳои харобиовари маҳалгароиро пеши назар меорад. Маҳалгароӣ аз ҳавсалатангӣ, даббаву дангӣ, гиҷу гарангӣ ва дурӯиву дурангӣ сар мезанад, нишонааш бефарҳангӣ, бегонапарастӣ, беҳунарӣ ва натиҷааш зиддият, қатлу ғорат, мӯҳтоҷӣ, сарсониву саргардонии халқ ва харобиву гирифтории мулк мебошад. ҷанг чун натиҷаи ниҳоии маҳалгароӣ зиддиятҳои тарафҳоро ба авҷи аъло расонда, роҳи оштӣ ва гузаштро ниҳоят душворгузар менамояд. Шоир бо сӯзу гудоз дилу дидаи кӯр, кӯтоҳии ақлу шуур ва бадхоҳии ҳамдигарии гурӯҳҳои маҳалгароро қайд намуда, ягона роҳи аз ин вартаи ҳалокат раҳондани халқу Ватанро дар оштиву аҳду паймони ҳамватанӣ медонад. Ин маънӣ дар байти ҷамъбастӣ таъкид гардидааст. Таркиби амон аз ману ту, ки 28 бор ба паҳлӯҳои маҳалгароӣ ва ҷудоиандозӣ ишора мекунад, дар байти мақтаъ тобиши дигар дорад:

 

Пас, биё, даст ба ҳам додаву паймон созем,
Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.
Дар ҳарими диламон маъбади имон созем,
На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке инсон созем!
То дигар бор нагӯем, амон аз ману ту!
То ба такрор нагӯем, амон аз ману ту!


Шоир падидаи маҳалгароӣ ва ба қисматҳои шимолию ҷанубӣ ҷудо кардани халқи тоҷикро ба сангҳои зерину болои осиё монанд кардааст, ки аз бархурди онҳо миллат соиш ёфта орд мешавад ва мавҷудияташ дар зери хавф мемонад.
Ҳолати рӯҳии устод Лоиқ баробари ба ифоқа омадани тарафҳои даргир болида мегардад ва аввалин шуда бо муборакномаи худ сулҳу оштии миллиро ба ҳамдиёрон табрик мегӯяд. Ин муборакнома, ки январи соли 1997 навишта шудааст, дар шакли ғазал буда, аз 12 байт иборат аст. Дар он шодиву хурсандӣ ва умеду орзуи мардуми тоҷик бо тамоми ифоданокӣ ва дилрабоӣ ба қалам омадааст:

 

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури Ҳақ бар диёри мо омад.
ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад…
Пири Канъоно, чашми ту равшан!
Юсуфи дилфигори мо омад.


Дар ин ғазал ҳар як калимаву ибора боиси афзоиши ифоданокии матн гардидааст. Вазну қофияву радиф, талмеҳу тазод ва ташбеҳу тавсиф барин санъатҳои бадеӣ дар ҳаёти мардуми ҷабрдидаи мо чи қадар зарур будани сулҳи деринтизорро талқин менамояд. Аз ҷумла, ба Пири Канъон (падари Юсуф) нисбат додани мардуми тоҷик ва ба Юсуф ташбеҳ кардани сулҳи деринтизори тоҷикон хеле табиӣ ва самимӣ мебошад. Чи хеле ки чашми аз ҳаҷри фарзанд нобино шудаи Яъқуб аз дидори Юсуф боз нур мегирад, мардуми тоҷик низ аз омадани сулҳи деринтизор файзбору шарафёб мегардад.
Масъалаи дигаре, ки дар ғазали мазкур ба миён гузашта шудааст, масъулиятшиносӣ ва нангу номуси ватандорӣ мебошад. Барқарор гардидани сулҳу оштии миллӣ масъулияти қаҳрамони лирикиро назди халқу Ватан меафзояд. ӯ аҳд мекунад, ки минбаъд халқашро аз шарри гурӯҳҳои ҷудоихоҳ эмин дорад. Ин нуктаро байти зерин басо ҷолиб ифода намудааст:
Кӯҳсоро, бубахш пастии мо,
Нангу ному виқори мо омад.
Қаҳрамони лирикӣ аз он қаноатманд аст, ки гурӯҳҳои даргири қавми тоҷик хатои худро зуд дарк намуда, чун мулки кӯҳсорашон боз бовиқору сарбаланд гардиданд. Ин ғазал эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти ватандории хонандаи ҷавонро тақвият медиҳад. Сухан кӯтоҳ, ашъори даврони истиқлолияти устод Лоиқ ба шароити давру замон мувофиқати комил доранд. Дар онҳо дарду ҳасрат ва орзуву ормонҳои халқи тоҷик ба таври возеҳ ба тасвир омадаанд.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (09.04.2013)
Просмотров: 623 | Комментарии: 1 | Теги: Фарёди бефарёдрас – дардномаи милла | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru