Четверг, 25.04.2024, 22:51
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

РОГУН - ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР - Иншо
РОГУН - ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР

Хар шаб зи худат бипурс агар ту мардй,
 К-имруз чй хизмате ба мардум кардй.

Хак ба чониби Лохутист: Хар як инсон бояд дар зиндагй як амали хайре, як кори неке, як ёдгоре аз худ боқй монад. Вакте ки шахс аз дунё мегузарад, ягон амали некаш ёди уро зинда мегардонад. Албатта, хамаи одамон мирандаанд, вале агар аз кас ягон амали хубе боки монда бошад, хар боре ки ба он менигарй, беихтиёр захмати бепоёни у номи он шахсро зиндаёд мегардонад, зеро бузургон гуфтаанд:
Шахсияти арзанда дар дунёи равшан аз худ се чизро боқй мегузорад:

Садақаи ч,ория - бунёди бог.
Илми кофй - яъне офаридани асаре.

3. Фарзанди солим ба дунё овардан, ки боиси ифтихору болидагист.
Агар инсон ягон амали номбаршударо ичро накарда бошад, пас он шахс умр барабас гузаронд ва ранни бефоида бурд.
Имруз миллати тоник рохбару рохнамо, рохбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти бузурги давлат Эмомалй Рахмонро дорад, ки як миллати бузургро рохбаладй мекунад. Имруз миллати точик давлати абарқудрат, демократй, дунявй, созанда ва хукукбунёд дорад. Имруз ин миллат мукаддасоти бузурги давлаташро эътироф мекунад. Имруз мардуми точик ба бунёди иншоотхои бузурги аср ба мисли  Неругохи Барки Рогун машгул аст.

Эй хамватан, Рогуни худро бино кунем. 
Бошад китоби маьнии барчаста во кунем. 
То имтихони мо шавад аз буд хам қадим. 
Имруз кохи Рогуни дилхо бино кунем.

Хар як нидои ин марди накуном бар дили хар як ватандор ору номус, вичдону саховатмандй бедор кард. Точикистони кучаки мо имруз иқтидори бино намудани чунин як иншооти бузургро пайдо карда наметавонист, агар пиру барно, марду зан, корхонаву муассисахо ва оилахои чудогона, ки узви ин миллати таърихан бузурганд, аз як гиребон сар бароварда ин иншоотро обод намудан доранд.
Хар ки Рогун мекунад бунёд, 
Хонаи хешро кунад обод. 
Хар як ватандор шабро шаб, рузро руз нагуфта, кору фаъолият мекунанд, карзи ватандорй адо карда истодааст. Дар бунёди ин иншооти бузург сахм гузошта, сахмияхо харида. маблагхо мегузаронанд. Имрузхо модарони точик кулчаи   ширмоли   худро   ба   коргарони   НБО-и   Рогун мефиристанд. Имруз хар як пиру барной миллат бо кадом рохе ки набошад, дастгири ободонии НБО-и Рогун аст. Имруз Рогун майдони захматхои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори сохибватанон, хастии шучоату мардонагй  ва шарафмандии миллати точик  гаштааст. Имруз ин миллати бузург шохсутуни маъбади бузурги мехру мухаббатро бино мекунанд. Имруз хар як харфи ин иншоот ифодакунандаи як мафхуми бузург гаштааст.
Имрузхо барои мардуми точик давраи исботи ору номус,    вичдону    химматбаландй.    исботи    точдорй расидааст. Миллати химматбаландро фурсати исботи химмати баланд омадаст. Нахустин бор Президенти давлат   Эмомалии   Рахмон   ба   халк   бобати   кумаку дастгири бахри сохтмони ин иншооти бузург мурочиат кард, ки ин мурочиати у ба кулли мардуми ин сарзамин қобили қабул гашта, хамагон онро хуб пазируфтанд, дастгири намуда истодаанду хамагй чонибдоранд. 
Хуфтаро бедор бинмуд бо су хан, 
Бо нидояш хамгиро халки Ватан. 
Миллати точик аз кадимулайём сохиби хираду идрок ва мехнатдусту пургайрат аст. Он хамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург хамеша кушиш бар он менихад, ки ба касе дастнигару эхтиёчманд набошад. Душвориву мамониагхоро бо захмати бузурги худ паси сар намояд.
Дар чахон болу пари хеш кушодан омуз, 
Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.
 Точикони баору номус имрузхо пайи ободии ватани азизанд. Имрузхо бо чахди бузург бо иттиход санг бар болои саге нихода, Рогунро обод мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон бошад. То модари точик бо сарбаландй аз пайи рафъи мушкилихои рузгори хеш ба осонй баромада тавонад. То Точикистони азиз дар байни дигар кишвархои дунё сарбаланду номдор бошад.

Бар Рогуни мо нигар, ки ид омадааст, 
Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст. 
Чун миллатро сарвари фархунда накуст, 
Хамфикрй зи иттиход падид омадааст. 
Бедор бишуд хуфта зи харфу суханаш, 
Сарчамь хама ба иттифоки ватанаш. 
Имруз хама пиру чавон даст ба даст,
 Созандаи ноби Рогуни хамватан аст.

Рогун хамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми точик ва хатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз чой гашта, нест точике, ки ин сохтмонро дастгиру мададгор нагардида.
Имруз миллати точик кохи нуру маърифати точикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблаги ба арақи чабин бадастовардаи хеш бино карда истодаанд, ки Худованди мутаол ба хар яки ин мардуми барнодил азму субот ва кувваи бузург бахшида.
Хулоса, иншооти Рогун хамчун неругохи баркй -обй на танхо барои миллати точик нуру зиё, балки баракату фаровонй, якдигарфахмй, эхтироми миллат ва хамбастагиро ато фармуд. Бо огози ин иншооти бузург миллати точик боз аз сохибточй, бузургдилй, саховатмандй ва хунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, хамчун маъхази гарон баробари ба анчом расидану қад афрохтан кулли хушихои олам, хамчун эхсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро хувайдо мегардонад, зеро он аз иттиходи бузурги миллати баору номус ва аз сахми хурду бузурги ин сарзамини офтобй ба авч сар кашида.


Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 10065 | Комментарии: 1 | Теги: РОГУН - ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР - ИНШО | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru