Пятница, 26.04.2024, 00:00
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Романи "Духтари оташ"
Романи "Духтари оташ"

Таълифи китобҳои «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» зиёда аз 15 сол давом мекунад. «Духтари оташ» воқеаҳои ибтидои асри ХХ то инқилоби Бухороро фаро мегирад. «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» ба воқеаҳои солҳои 1920-1922 оид мебошанд. Дар асарҳои сегона зиёда аз 300 персонаж фаъолият доранд. Бандубасти «Духтари оташ» дорои сужети мураккаб ва мавзўъҳои «Духтари оташ» гуногун мебошад. Нависанда солҳои зиёд вокеаҳои таърихии Бухорои ибтидои асри ХХ ва такдири таърихии занони тоҷикро дар ин давра меомўзад. Дар ин миён саргузашти Саломат ҷаҳонгирова ном зани муборизу далер таваҷҷӯҳи ӯро бештар ба худ ҷалб мекунад. Ин зани 76 солаи бухороӣ дар хурдӣ ҳамроҳи модаркалонаш - Дилоромканиз дар ҳавлии қарокулибой хизмат мекардааст. Баъди вафоти модаркалон рўзгори фоҷианокеро аз сар гузаронида, баҳри зиндагии арзандаи занони тоҷик талош мекунад. Саргузашти Саломат ҷаҳонгирова ба нависанда барои навиштани асари «Духтари оташ» роҳ мекушояд:
Аз ин рӯ, дар «Духтари оташ» як кисм образҳо шахсҳои таърихианд ва, баъзан, бо номҳои худашон дар асар ширкат доранд. Аз ҷумла, прототипи образи асосӣ – Фирӯза Саломат ҷаҳонгирова буда, Дилоромканиз бо номи худаш ширкат дорад.
Романи «Духтари оташ» аз се фасл иборат аст. Фасли «Дилоромканиз» аз ҳафт боб иборат буда, рӯзгори Дилоромканиз ва набераи ӯ – Фирӯзаро дар гузари Абдуллохӯҷаи Бухоро дарбар мегирад. Ин фасл саргузашти Дилоромкампири навадсола, ба мактаби Оймуллои Танбӯр даромадани Фирӯза ва моҷарои тӯйи ғаниҷон – бойбачаро фаро гирифта, бо марги Дилоромканиз анҷом меёбад.
Фасли дуюм «Дарбадарӣ» ном дошта, аз 16 боб иборат аст ва тақдири Фирўзаро баъди марги модаркалонаш фаро мегирад. Дар ин боб воқеа миёни образҳои мусбат ва манфӣ торафт шиддат меёбад ва Фирӯза бо ёрии Ҳайдарқул, Асо ва Аҳмадҷони Машкоб барин хешовандон ва эътиқодмандон аз дасти ғаниҷонбой ҷон ба саломат мебарад. Фасли «Дӯст ва душман» аз 14 боб иборат буда, фаъолияти Фирӯза ва ҳаммаслаконашро то инқилоби Бухоро фаро мегирад. Барҳам хӯрдани ҳукумати амирӣ барои Фирӯза барин заноне, ки ба ҳарамсарои амир хизмат мекарданд, ҳодисаи фараҳбахш буд. Умуман, дар романи «Духтари оташ» 130 персонаж мушоҳида мешавад ва ба воситаи амалиёт ва бархӯрди онҳо масъалаҳои бисёре мавриди тасвир қарор мегиранд. Образҳои Дилоромканиз, Фирӯза, Аҳмадҷони Машкоб, Оймуллои Танбӯр, Шамсия, Асо, Ҳайдарқул, Истад (мусбат), ғаниҷон бойбача, Абдурраҳмонбек, Мағфират, қароқулибой, Нусратулло (манфӣ) ҳар кадом дар ҳалли зиддиятҳои асар саҳм гирифтаанд.

Образи Дар байни мавзўъҳои гуногуни «Духтари оташ» мавзӯи зан занон мавкеи марказӣ дорад. ҷалол Икромӣ дар тасвири образи занон роҳу усулҳои ба худ хосро истифода кардааст. Нависанда зиндагии камбағалона ва ҳаёти ногувори табақаҳои поёни занони тоҷикро тасвир карда, пеш аз ҳама, масъалаҳои шаъну эътибори инсонӣ, иззати нафс, сарбаландӣ ва шарафу номусро ба миён мегузорад.
Дилоромканиз як умр хизмати боёну мансабдоронро ба ҷо овардааст. Ў бо азобу кулфат даврони ҷавонӣ ва миёнсолиро аз сар гузаронд ва шоҳиди беадолатию нобаробариҳои зиёде гардид. Хислати Дилоромканиз дар ҷараёни зиндагӣ такмил меёбад ва рафта-рафта ба дараҷае мерасад, ки назди қувваи иродаи вай ҳама забардастон ва шахсони мағруру худписанд оҷиз мемонанд. Кампир намегузорад, ки касе ӯро таҳқир кунад, обрӯю эътиборашро паст занад ва ягона набераашро ранҷонад. Дилоромканиз ба оқсақол, ки ӯро ноқисулақл меномад, чунин ҷавоб медиҳад:
– Ту, оқсақол, ҳанӯз ба собуни ман ҷомашӯӣ накардаӣ! – гуфт вай таҳдидомезона. --Ноқисулақл бошам ҳам, ҷавоби садта ту барин буғузаъламҳоро гуфта метавонам. Беҳтар, ки машмаша накарда, аз атрофи сари дегат бохабар шав!
Суханҳои нишонраси вай ҳар гуна рақиби тундмизоҷро ҳам мағлуб менамояд. Бойдухтари даҳанкалону ҳавобаланд Мағфират рӯзи тӯяш Фирўзаро меранҷонад ва ба ғазаби Дилоромканиз гирифтор мешавад. Ба суханҳои кампир: «Шӯхиатонро ба тайи чимилчиқ ҷамъ карда монед, пошшохон!» ё «бисёр телба нашавед, пошшохон, ба сӯзу гудоз вақт меёбед» Мағфират ҷавоб ёфта наметавонад. Дилоромканиз дар айни ҳол зани ҳалиму меҳрубон аст. Ў такягоҳ ва саробони наберааш Фирӯза, Оймуллои Танбӯр, Аҳмадҷони Машкоб, Асо мебошад. Ба Ҳайдарқул, ки қасоси зану фарзандашро аз ғаниҷонбой гирифтан мехост, маслиҳатҳои фоидаовар медиҳад.
Агар образи Дилоромканиз танҳо дар «Духтари оташ» ба назар расад, пас образи Фирӯза дар «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун» низ идома меёбад. Вале хислату шахсияти ин образ дар китоби аввали сегона инкишоф ва такмил меёбад. Баъд аз вафоти Дилоромканиз Фирўзаи 12-соларо Оймуллои Танбӯр ба тарбияи худ мегирад. Ин зани бомаърифат ва меҳрубон ба Фирӯза савод меомӯзад ва ўро ба пастиву баландиҳои зиндагӣ ошно месозад.
Фирӯза як муддат дар ҳавлии Ғаниҷонбой дар қатори канизони ӯ ҷой гирифт. Меҳнати вазнин ва муносибати дағалона дар ин даргоҳ боиси обутоб ёфтани характери Фирӯза гардид ва дар ниҳоди ӯ ҳисси кӯшишу талошро бедор кард: «Наход ки ман ҳам мисли Шамсия, мисли Савсан ҷавонмарг шавам. Не, ман бояд аз ин даргоҳ, аз ин варта наҷот ёбам». Хислатҳои сарбаландӣ, кордонӣ ва ҳақталошиҳои Фирӯза аз модаркалонаш ба мерос мондааст. ӯ дар охири асар чун зани собитқадам ва дорои иззати нафси баланд ба назар мерасад. Суханони зерини Фирўза симои ҳақиқии ӯро равшану возеҳ нишон медиҳанд: «Рафта ба амир ва Пошшобибӣ гӯед, ки, - гуфт бо овози баланд Фирӯза, - мо аз оташ, аз аҷал ва аз тиру туфанг наметарсем. Оташ ҳам, аҷал ҳам, тиру туфанг ҳам аз азобу уқубати бандагӣ, канизӣ ва дарбори шумо беҳтар аст! Сӯзаду хокистар шавад хонумонатон, ки хонумони моро сӯхтед». Дар китоби «Духтари оташ» ҳар як образ, хоҳ асосӣ бошад ва хоҳ ёрирасон, симои хоси худро дорад. Махсусан, образҳои Оймуллои Танбўр ва Шамсия ҷолиби диққатанд. Оймуллои Танбӯр ба таълиму тарбияи Фирўза ва Шамсия барин духтарон саҳм дорад ва шогирдонро чун фарзанд азиз медорад. Ин ҳолатро, алалхусус, аз тасвири лаҳзаи хатхонии Оймулло бармало мушоҳида кардан мумкин аст. Шамсия, духтари Абдурраҳмонбеки миршаб, чун нишонаи эътироз ба қувваҳои бадӣ худкушӣ мекунад ва пеш аз марг як порча хатти видоӣ менависад. Падар баъди ба хок супоридани духтараш Оймуллои Танбӯрро барои хондани хатти Шамсияи марҳум даъват мекунад.
Оймулло ҳангоми хондани мактуб чандин маротиба модарвор мегиряд. Аз ҷумла, баъди хондани байти зерин:
ғами замона хӯрам ё фироқи ёр кашам,
Ба тоқате, ки надорам, кадом бор кашам?
Оймулло боз ба зӯрӣ гиряашро фурӯ бурду гуфт:
– Саъдихонам, шеърдонам, шоираи ширинкаломам!
Мактуби видоии Шамсия басо пурсӯз ва ҷонгудоз буда, дар айни ҳол муносибати самимонаи устоду шогирдро ба таври возеҳ ошкор месозад. Шамсияи ноком дар охири мактуб аз падар хоҳиш мекунад:
«Шумо агар арвоҳи маро шод кардан хоҳед, Оймуллои азизамро мўҳтарам шуморед».
Дар асар нақши мардон низ назаррас аст. Образҳои мусбат Ҳайдарқул, Асо, Аҳмадҷони Машкоб, Ашрафҷон, Истад--ҳама мардони оқил, росткор, поктинат ва адолатхоҳ мебошанд ва дар ҷараёни зиндагӣ ботинан комилтар мегарданд. Нависанда мавқеи иҷтимоӣ ва муносибати шахсии онҳоро нозукбинона ба тасвир гирифтааст. Ҳайдарқул дар аввал танҳо баҳри қасосгирӣ аз ғаниҷонбой ва Саиди Маст бархоста буд: «Акнун ман танҳо барои як мақсад зиндагӣ мекунам: ниқор! Аз душманонам ниқори духтари нокомам, ниқори зани кулфатзадаам ва ниқори худамро мегирам». Вале баъдтар маҳдудии мақсади худро дарк намуда, баҳри озодӣ ва хушбахтии тамоми ҳамватанон талош меварзад.
Образҳои манфӣ низ боварибахш ва табиӣ ба тасвир омадаанд. Нависанда гоҳо персонажҳои манфиро ба андеша водор намуда, ҷаҳони ботинии онҳоро равшану возеҳ мекушояд. Масалан, дараҷаи баланди беномусӣ, гарданшахӣ ва ҷоҳилии Абдурраҳмонбеки миршаб аз андешаи зерини ӯ маълум мешавад: «Миршаб… хатро… ба кисабағалаш андохт ва… аз хаёлаш мегузаронид, ки ба ҳамаи ин ҳодиса ва фоҷиа, пеш аз ҳама, мактаб ва босаводӣ гунаҳгор аст, агар Шамсия босавод намешуд, агар шеърдону китобхон намебуд, ҳеҷ гоҳ ба чунин роҳ қадам намегузошт». Ҳамин тариқ, фаъолият, муносибат, муомила ва андешаҳои образҳои «Духтари оташ» воқеӣ ва табиӣ тасвир гардидаанд. Ин образҳо дар баробари таъсири бадеӣ доштан хонандаро водор мекунанд, ки ба ҷомеа ва одамон муносибати оқилона дошта бошад ва аз ҳар рӯйдоди зиндагӣ панде гирад.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (09.04.2013)
Просмотров: 7073 | Комментарии: 1 | Теги: Романи Духтари оташ | Рейтинг: 3.3/7
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru