Пятница, 29.03.2024, 02:28
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

РОСТГУИ КАМОЛИ ИНСОНИСТ - Иншо
 РОСТГУИ КАМОЛИ ИНСОНИСТ

Ростиро набувад хеч заволе ба миён.
 Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад.

Оре, ростию ростгуй ва росткорй фазилатхои хуби инсонианд. Агар инсон дорой ин хислатхои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию сохибиззатии хешро аз даст -нахохад дод. Ростгуй ва росткориро ягон амали дигар панох карда наметавонад. Хақиқат дар хамаи мавридхо рузе боло мебарояд. Ростй, яъне хақиқат хамеша манбаи осудахолй, ободй, озодй ва салохият аст. Завол ёфтани ростй ба завол ёфтани дунёи азалй баробар аст. Яъне агар хакикат вучуд дошта бошад, то даме, ки зиндагию хаёт вучуд доранд, он низ завол намеёбад.
Ростиро ба сарв ташбех додаанд, ки хатто дар холати хушкиаш боз ба асо, ки афсурдагонро қудрати рохравй, пиронсолонро мадор мегардад. Пас, ростй занчири пайвастаи ногусастанист, ки аз хар гузашти айём, аз хар беэътиноие канда намешавад, завол намеёбад, Росткорй ва ростгуй албатта, хислати шахсиятхои бузургу бофахм ва озодандешу бофазилат аст. Ин гуна шахсиятхо дар хонадонашон, дар тарбияи фарзандонашон, дар кучое, ки набошад, росткоранд. Албатта, фарзандонашон низ ин хислатхои бузурги инсониро чонибдорй намуда, дар байни табакахои гуногуни одамон фарқ карда меистанд:

Поктинат агар аз хок ба афлок расад,
Равиш аз даст надихад, вазъ дигаргун накунад. 

гуфтаанд, ки басо барчост.
Инсоне, ки дар мухити дурусту бофазл ба воя расидаасг, хамеша росткору поктинат ва бузургдилу бофазилат аст. Асоси фазилатхои хуб дар мухити хуб ва оилаи солим ба вучуд меояд, дар хуну дили кас чой мегирад ва хамин хел то дами пирй ёвару рохнишондихандаи каси бохирад мегардад:
Мутаассифона, дар баъзе оилахо фарзандон на дар рухияи ростию росткорй, балки дар мухити баду носолим ва бемаърифатй ба камол мерасанд. Дуруггуянду бемаърифат, бетарбияанду разил, ки чунин хислатхои бад, албатта, касро бо рохи качу бехосил ва зишгу табох бурда мерасонад, ки хеч гох ба пешравй ноил намегарданд. Камолиддин Биной бар хак фармуда:

Ростонро баду бало нарасад, 
Марди качрав ба хеч чой нарасад.

Ростгуй хислати басо бузургест, ки хоси хар кас буда наметавонад. Каси ростгуй вичдону имони пок, калбу рухи покро дороет. Ростгуиву росткорй ба хони кас таровату нур, файзу саховат ва баракату хушй меорад. Каси ростгуй мисоли гулу гиёхи рухбахш ва оби мусаффо халоватбахш аст, ки баробари шунидани харфи росту бамавридаш аз дили поку беолоишаш гувохй меорад. Ба дили кас рох меёбад, писанд мегардад, мафтун мегардонад. Валек дуругу беэътиной табъи касро хираву хотирро ошуфта сохта, эхтиромро нисбати гуяндааш дур мегардонад.

Салохи мардумон дар ростгуист, 
Ки дар кизбу качй беобруист.
 
Ростгуиву росткорй рисолатхои инсони асилу бомаърифатанд. Инсоне, ки рисолаташро ба чо намеорад, дар катори хайвонхо карор дорад. Ростгуй мисли пирохани зебо касро, ботини касро, вучуди касро ороставу пероста ва зебову пурнур мегардонад. Ростгуй хамеша сохибиззат, баобруй ва сохибкудрат аст. Амали некаш хамеша уро ба муваффакият, ба иззати баланд мерасонад. У то дами марг ва хатто баъд-аз марг низ дар дилу дидаи мардум чой мегирад.
Ростгуй камоли инсонй, нишонаи бомаърифатй ва тачассумкунандаи хиради волост.

Бузург он касе, к-у ба гуфтори нек,
 Забонро биорост, кажжй нахост, 
Агар хохй аз хар ду сар обруй, 
Хама ростй кун, хама ростгуй.

Хулас, хамеша бояд кушид, ки аз дуруг забон барбаст, аз бадй канор чуст. Хамеша чахд мебояд, то дар хамаи корхо росткору ростгу ва росткавлу рохнамой буд, зеро фазилати бузурги инсони асил ростиву ростгуист. Аз бадиву дуруг, фитнаву фасод дур мебояд буд, то рохнамо гардид. Дар ноободихо ободй, дар зулмат нур, дар чахолат шодкомй ва дар зиндагй покию роста ва осудахоливу хушй мебояд чуст, ки хама аз росткори падид оянд.


Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 5038 | Комментарии: 1 | Теги: РОСТГУИ КАМОЛИ ИНСОНИСТ - ИНШО | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru