Пятница, 26.04.2024, 07:11
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 7
Гостей: 7
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Сайидои Насафӣ
Дар фикри дона мўрчае буд даргузар,
Омад ба шеру гуфт, ки: Ай Рустами замон!
Аз иттифоқи мўрчагон ғофилӣ магар
В-арна чаро ҳақир шуморию нотавон? (Сайидои Насафӣ)

 

Насаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбҳои ҳунармандӣ пешаи бофандагӣ ривоҷ дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосвориҳои арзонбаҳое тайёр мекарданд, дар он рўзгор соҳибиззат буданд. Касби бофандагӣ меҳнати душворро талаб мекард. Бесабаб нест, ки халқ бо дили пурдард дар бораи сахтию душвориҳои бофандагӣ сурудҳо эҷод кардааст:

 

Дилакам зардоб шуд аз чақ-чақи бофандагӣ,
Чашмакам пуроб шуд аз риштаҳои кандагӣ.
Аз саҳар то шом почак мезанам дар чаҳ-чаҳак,
Қоматам дар тоб шуд аз кору бори зиндагӣ.

Миробид Сайидои Насафӣ барои таъмини рўзгори хеш пайваста нозукиҳои касби меросии бофандагиро меомўзад ва дар баробари касбомўзӣ Сайидо дар мактаб низ таҳсил мекард. Ин буд, ки тадриҷан хату савод бароварда, эҷодиёти пешиниёнро меомўхт. Ашъори Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасан, Ҳофизу Камол ва бисёр дигаронро ҳифз мекард ва худ низ аҳён-аҳён шеър мегуфт. Муҳаббат ба мероси маънавии гузаштагон, санъати волои суханварӣ, ҳунари нотакрори ҳар як эҷодкор ўро кайҳо мафтун намуда буд. ҳамин дилбастагӣ ўро водор сохт, ки роҳи Бухороро пеш гирад. Ў ба Бухоро омада, таҳсили олии худро дар мадрасаи Лаби ҳавзи Нодир – девонбегӣ пеши олимону донишмандони бузурги замон давом медиҳад. Пас аз дарс Сайидо бештари вақти худро барои омўхтани ашъори пешгузаштагону муосиронаш сарф намуда, нозукиҳои каломи бадеъ, сирри ҳунари эҷодро меомўхт. Илова бар ин, ба табақаҳои ҳунарманди ҷомеаи онрўзаи Бухоро пайваста дар иртибот буд. Аз миёни тоифаи мазкур дўстони зиёде пайдо мекунад ва он ёрону дўстонаш дар мавридҳои зарурӣ ва Сайидо ёрии моддӣ мерасонанд, то ки ў таҳсилашро давом бидиҳад. Чун вазъи зиндагӣ имконият дод, ки Сайидои Насафӣ таҳсили мадрасаро бомуваффақият ба анҷом расонад ва дар айни замон маҳорати суханварию нуктасанҷии худро такмил диҳад. Беш аз ин дар ҳаёти адабии шаҳр ширкат варзад.
Сонитар ҳаёти оилавӣ Сайидои Насафиро маҷбур месозад, ки дар рўзгори ҷавонӣ пешаи бофандагиро давом бидиҳад. Ў дар ғазали «Мекунам бофандагӣ» аз ноҷўриҳои аҳди худ шикоят менамояд:

 

Дар баҳор аз фоқа ранги заъфарон бошад маро,
Пораҳо бар дўш аз барги хазон бошад маро.
Баҳри рўзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,
Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.
Гаштаам аз фоқа ҳамчун тири бепар гўшагир,
Хонаҳои хушку холӣ чун камон бошад маро.
Чун фалак аз меҳру маҳ бар суфра дорам нони қоқ,
Рўзу шаб шармандагӣ аз обу нон бошад маро.


Сайидои Насафӣ бо мақсади раҳоёбӣ аз мушкилоти рўзгор бо баъзе соҳибмансабони замонааш ҳоҷидодхоҳ ва Раҳимбӣ Юз наздикӣ пайдо мекунад. Шоир ҳатто бахшида ба ҳокимони давр Абдулазизхону Субҳонқулихон ва Убайдуллоҳхон бо нияти дарёфти инъому эҳсон чандин шеърҳо менависад. Сайидои Насафӣ ашъори ҳадафноки мадеҳавии худро камарзиш дониста, ба ин восита аз миёни сарватмандону соҳибмансабон дигар муттакоҷўиву мураббикобӣ намекунад, зеро ба ў асрори дарбору дарбориён то андозае ошкор мегардад, ки зимомдорони давр камхираду бедонишанд. Аз ин рў, дур будан аз эшонро авлотар меҳисобад. Ин аст, ки Сайидо мегўяд:

 

Дар аҳди мо ривоҷ ба аҳли ҳунар намонд,
Имрўз обрўй ба лаълу гуҳар намонд.
Аз ҳеҷ хонае набаромад садои ҷуд,
Дар рўзгори мо зи каримон асар намонд.
Гардуни сифла беҳунаронро ривоҷ дод,
Азбаски эътибор ба соҳибҳунар намонд.


Ҳол он ки ашъори Сайидо ҳанўз дар замони худи ў на танҳо дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон,ҳатто дар қаламрави Эрону ҳиндустон паҳн гардида буд. Шоир ба ин маънӣ мегўяд:

 

Ба мулки Исфаҳону ҳинд мехонанд ашъорам,
Зи Туркистонаму ҳаргиз надорам эътибор ин ҷо.


Чун зимомдорон аз аҳли шеъру адаб, илму фарҳанг қадршиносӣ намекарданд, бисёре аз фарҳангиёни замони шоир ҷалои диёр карда буданд ва бештари онҳо ба сарзамини ҳинд мерафтанд. Шоир ба ҳолати мазкур чунин ишора менамояд:

 

Ҳамраҳон рафтанду ман по дар ватан дорам ҳанўз,
Такя чун сурат ба девори бадан дорам ҳанўз.


Аз як тараф, заъфи пириву дурии роҳ ва аз тарафи дигар, бебизоатию тангдастӣ ба Сайидо имкони сафар карданро намедод, ки азми сафари ҳиндро ихтиёр бикунад:

 

Аз тиҳидастӣ чу сарви боғ поям дар гил аст,
Рахт мебандам, агар зоди сафар бошад маро.


Кўшишу такопўҳои Сайидо бенатиҷа поён ёфт ва ин ҳолатҳо шоирро рўҳан азият медод. Ин буд, ки шоир раҳоӣ аз ин ҳолати пешомадаро дар гўшанишинӣ, канораҷўӣ пайдо кардан хост ва ин роҳро низ пеш гирифт. Муддате узлатшинӣ намуд.
Гўшанишинӣ аҳволи Сайидои Насафиро боз ҳам вазнинтар, ҳолоти рўҳии ўро заъифтар намуд. Чуноночи, шоир мегўяд:

 

Он ки мегиряд ба ҳолам, чашми хунини ман аст
В-он ки бардорад Сарам аз хок, болини ман аст.


Ин буд, ки шоир аз рўи эҳтиёҷоти рўзгор боз рў ба миёни мардум меорад ва ғалати худро фаҳмида дар як муддати кўтоҳ ислоҳ менамояд:

 

Ҳосил нашуд зи гўшанишинӣ муроди ман,
Худро зи хона бар сари бозор мекашам.


Ў на танҳо азоби эҷодиро аз сар мегузаронду тоқат менамуд, балки меҳнати ҷисмонӣ-бофандагӣ мекард ва дар ин роҳ худро ба Фарҳоди кўҳкан ҳамсангу монанд медонист. Ба ин маънӣ ишора намуда мегўяд:

 

Ба зўри дасту бозў мехўрам, ай Сайидо, рўзӣ,
Маро чун кўҳкан хуни ҷигар бошад беҳ аз ширам.


Аз баъзе тасвирҳои иҷтимоии шоир бисёр лаҳзаҳои рўзгори ўро метавон пеши назар овард, ки барои барқарору пурра намудани зиндагиномаи Сайидо ёрӣ мерасонад. Масалан, ба ин тасвири иҷтимоии шоир агар таваҷҷўҳ карда шавад, аҳволи иҷтимоии адиб боз ҳам равшантар мегардад:

 

Видоаш карда мерафтам ба хона,
Таваҷҷўҳ зад қадам бар остона.
Даре дидам ба нокомӣ кушода,
Ба роҳам дидаи во истода.
Фиғон ногаҳ зи қуфли дар баромад,
Ки : «Имшаб турфа дузде бар сар омад.
қавичангол гурге тезхашме,
Ба бозу филзўру тангчашме.
Сари ўро зи дор андешае не,
Ба ғайр аз дуздӣ ўро пешае не».
Ман он ҷо то саҳар дар хоби роҳат,
Кушода дузд ин ҷо дасти ғорат.
Даруни хонаам ҷуз бўрё не,
Ба зери пой ғайр аз нақши по не.
Зи беасбобиям дар сина чок аст,
Матои хонаи ман обу хок аст.
Чӣ гўям ман ба рўи хонаи худ,
Шудам шарманда аз кошонаи худ.
Шудаш тороҷи ў кунҷи фаромўш,
Зи дасти дузд гаштам хонабардўш.
Туро бод, ай фалак, даврон мусаллам,
Ба як шодӣ кунӣ омода сад ғам.


Дар ин ҷо асосан вазъи хонаводагии шоир, аҳволи иҷтимоии Сайидо рўи тасвир омадааст. Зимни он норизоии шоир аз низоми давлатдории соҳибдавлатону мансабдорони даврони худ ҳатто бо қавитарин оҳангҳои эътирозӣ мушоҳида карда мешавад. Хусусан, берҳмию ҷафопешагии дуздон, ки онҳо аз низоми сустии давлатдорон истифода бурдаанду заррае тарсу ҳарос надоранд, хеле хуб ба тасвир гирифта шудааст. Поёни умри Сайидои Насафӣ низ дар Бухоро гузаштааст ва ў тахминан соли 1711 дар ҳамон ҷо вафот кардааст.

 

Мероси адабии Сайидо
 

Осори адабии Сайидои Насафӣ, ки «Куллиёт»-и ўро фароҳам овардааст, дорои 8500 байт мебошад. Дар осори маҳфузмондаи шоир ҷои аввалро ғазал ишғол менамояд, ки миқдори он 4600 байт аст. Мухаммас бошад пас аз ғазал дар ҷои дуюм буда, 1050 байтро ташкил медиҳад. Эҷоди онҳо низ хеле ҳунармандона аст.
Инчунин, Миробид Сайидои Насафӣ ба ҳунармандон, намояндагони ҳунарҳои мухталиф як силсила шеърҳо бахшидааст. Сайидо чанд маснавии дигар низ дорад, ки ҳаҷми онҳо аз 16 то 68 байтро дар бар мегиранд. Яке аз чунин маснавиҳои ў «Дар мазаммати дузде, ки хонаи шоирро ғорат кардааст»-ном дорад, хеле ҷолиб буда, дар баробари арзиши адабӣ – эстетикӣ аҳамияти иҷтимоию шарҳиҳолӣ низ дорад. Дигар аз асарҳои Сайидо, ки то ба ҳадде шўҳрати эҷодии шоирро таъмин мекунад, «Шаҳрошўб»-и шоир аст, ки ў ба эҷоди ин асари худ, аз як тараф, анъанаи адабиро давом дода бошад, аз тарафи дигар, авзои ҳунару фарҳанги замони худ, ривоҷи касбу ҳунарҳо ва тарзи зиндагии муосирони хешро ба таври бадеӣ баён кардааст. Ин асари Сайидои Насафӣ оид ба ҳунару пешаи 212 нафар ҳамзамонони ў ва ҷузъиёти ҳунарию хусусиятҳои дигари фаъолияти мардуми меҳнаткаш маълумот медиҳад. Аз ҷумла, доир ба намояндагони касбу корҳои мухталифи давр: заргару бофанда, кўлолу мўзадўз, деворзану кабобпаз ва ғайра васфу тавсифҳои рангин ба назар мерасад. Теъдоди ашъори мазкур низ басо ҷолиб буда аз як то се-чор байтро фаро мегирад.
Шеърҳои ба ҳунармандон бахшидаи Миробид Сайидои Насафӣ аз нигоҳи истифодаи авзон низ гуногун буда, аз «Шаҳрошўб» бо он фарқ мекунанд, ки дар ашъори ба аҳли ҳунар ихтисосдода ҳаҷву ҳазв хеле малеҳ дида мешавад.
Маснавии тамсилии Сайидо, ки «Баҳориёт» ё «ҳайвонотнома» ном доранд, шўҳрати шоирро дар эҷоди ин навъи адабӣ таъмин менамояд.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (09.04.2013)
Просмотров: 3623 | Комментарии: 2 | Теги: Сайидои Насафӣ | Рейтинг: 4.0/3
Всего комментариев: 1
1 Terrybycle  
0
Как помыть машину?

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru