Четверг, 25.04.2024, 10:13
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Сaлмони Соваҷӣ
Сaлмони Соваҷӣ
 

Ҷамолуддин Хоҷа Салмон ибни Хоҷа Алоуддини Муҳаммад, мутахаллис бо Салмони Соваҷӣ, яке аз шоирони номдори форсу точик буда, соли 1300 дар шахри Соваи ҷануби Эрон таваллуд шудааст, соли 1376 дар Бағдод вафот кардааст. Илмхои расмии замон, махсусан илми шеър, забон ва адабиёти араб, хисобро бо ёрии падараш аз худ намудааст. Салмони Соваҷӣ шеърнависиро аз хурдсоли сар карда, дар айёми чавони дар байни ахли сухан обрую эътибор пайдо мекунад. Шухрати шоирии Салмони Соваҷӣ бо таълифи «Қасидаи маснуъ», ки дар чанд бахр ва истифодаи санъатхои гуногуни бадеӣ таълиф ёфта , ба номи вазири хонадони чалоири Хоҷа Гиёсуддин Муҳаммад (с-хои вазорат 1327-35) ба тарики мувашшах гуфта шудааст, бештар алокаманд аст. Салмони Соваҷӣ дар 18-солагӣ ба Бағдод рафта, ба хизмати вазири номбурда ва хонадони чалоири дохил шуда, бештари умрашро дар хизмати намояндагони ин сулола гузаронидааст. Сарфи назар аз он ки шоир бо мухити дарбори феодали пайвастаги дошт, зиндагии ӯ муътадил ва мувофики табъ намегузашт. Шоир агар аз як тараф, аз бадгуи, игвогари ва суханчинии хасудон азоби рухи кашида бошад, аз тарафи дигар, ба сабаби тангдасти ва нодорами машаккат кашидааст ва мачбур шудааст, ки ба шох, вазир ва амалдорони чалоири барои дастгири мурочиат намояд, вале хохишхои ӯ аксар бенатича мондаанд. Аз хамин сабаб Салмони Соваҷӣ ва ахли оилааш гох дар Бағдод, гох дар Сова ва баъзан дар Табрез умр ба сар мебурданд. Салмони Соваҷӣ дар доираи адабии ин шахрхо ва берун аз онхо макому мартабаи арзандаеро доро буд. Бо шоирони хамзамонаш, аз чумла, Убайди Зокони мушоира кардааст. Дар шеър пайрави Ҳофиз, Саъдӣ, Камолуддини Исмоил, Захири Форҳбӣ, Анварӣ ва Манучехрӣ буд. Осори адабии шоир – ғазалхо, қасоид, рубоиёт, китъахо, тарчеъбанду таркиббанд ва маснавихои ӯ, ки дар «Куллиёт»-аш гирд оварда шудаанд, дар хачми 16000 байт то замони мо расидаанд. Дар байни жанрхои лирикии осори Салмони Соваҷӣ ғазал ва Қасида чои намоёнро ишгол мекунад. Салмони Соваҷӣ хамчун шоири ғазалсаро эътибори калон дорад. У дар инкишофи минбаъдаи ғазал аз чихати шакл ва мазмуну мундарича дар баробари Хочуи Кирмони, Носири Бухорои, Хофизи Шерози ва дигарон хиссаи арзанда гузоштааст. Салмони Соваҷӣ дар достонсарой низ махорати хубе доштааст, ки «Чамшед ва Хуршед» (таълифаш 1362) «Фирокнома» (таълифаш 1369-70) гувохи ин гуфтаанд. Достони романтикии «Чамшед ва Хуршед» (3087 байт), ки онро А. Крымский ва Ян Рипка нусхаи дигари «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганчавӣ донистаанд (Салмони Соваҷӣ гуё танхо номи кахрамонхоро тағйир додаст), дар асл манзумаест, ки дар асоси достонхо ва ривоятхои халки эчод гардидааст. Достони Салмони Соваҷӣ аз достони Низоми, ки асоси сужети онро ашхос ва вокеахои таърихи ташкил доданд, ба кулли фарк мекунад. Ин фарк дар сужет, сохт, интихоби кахрамонхо ва фаъолияти онхо, гоя, услуби адаби ва гайра. ба назар мерасад. Салмони Соваҷӣ дар достонаш саргузашти Чамшеди чини ва киссаи ишқи уро ба духтари кайсари Рум - Хуршед хикоя кардааст. Дар «Чамшед ва Хуршед» мавзуи маркази тавсифи ишқи хакикиву софи инсон мебошад. Салмони Соваҷӣ баробари ин мавзуъ масоили мухими ичтимои ва ахлокиро аз кабили некиву некукори, дустиву рафокат, ростиву вафодори ба миён гузоштааст. Дар «Фирокнома» оид ба дустии ду чавонписар – Малик ва Махбуб сухан меравад. Салмони Соваҷӣ калимаи «ишқ» ва мафхумхои ба он мансубро ба маънии дустиву рафокат ба кор бурдааст, ки аз ин чихат «Фирокнома» дар таърихи достонсароии форс-точик асари аввалин аст. Дар ашъори Салмони Соваҷӣ маънихои дакик, мазмунхои баланд, ташбеххои пуробу ранг ва дигар латоифи шеъри фаровон аст. Аз ин рӯ пояи баланди шухрати ашъори шоир хануз дар замони зиндагиаш то ба чое расида будааст, ки устодони сухан ба сехри сухани ӯ тан додаанд.

Аз ғазалиёт
 

Мастию ишқ аз азал пешаву оини мост, 
Дини ман ин асту бас кист, ки бо дини мост? 
Хоки дари мастаба з-оби Хизир бехтар аст, 
Чашмаи нушини мо чуръаи душини мост. 
Риндию майхораги кисми ман имруз нест, 
Одати дерини дил, пешаи пешини мост. 
Бистару болини ман то нашавад хоку гил, 
Хоку гили мастаба бистару болини мост. 
Кунчи харобот агар маскани мо шуд, чи шуд? 
Ганчи ду олам ба накд дар дили мискини мост. 
Накшу нигори чахон хеч мабин дар ҷахон, 
К-он чи назар мекуни, нақши нигорини мост.

То зи моҳи талъатат тарфи никоб афтодааст, 
Ларза аз акси рухат бар офтоб афтодааст. 
Рахмате фармо, ки аз борони ашки чашми ман 
Мардуми бечораро дар хона об афтодааст. 
Мекашад мискин дилам тоби таноби турраат, 
Чун кунад дар гардани у ин таноб афтодааст. 
Хайли хунхори хаёл атрофи чашми ман гирифт, 
Он чунон к- аз дидаи ман рохи хоб афтодааст. 
Хамдаме дорам азиз аз ман чудо хохад шудан, 
Лочарам мискин дилам дар изтироб афтодааст. 
Чашми мастат дидаам pузе, дар он масти хануз 
Дар хароботи мугон Салмон хароб афтодааст.

Дар азал акси маи лаъли ту дар чом афтод, 
Ошики сухтадил дар тамаи хом афтод. 
Чомро аз шакари лаъли лабат нукле кард, 
Рози сарбастаи хум дар дахани ом афтод. 
Холи мушкини ту дар орази гандумгун дид, 
Одам омад зи пайи донаву дар дом афтод. 
Бод зуннори сари зулфи ту аз хам бикушуд, 
Сад шикаст аз тарафи куфр бар ислом афтод. 
Ишк бар куштани ушшок тагофул мекард, 
Аввалин куръа, ки зад бар мани бадном афтод. 
Ишкам аз руйи тамаъ пардаи такво бардошт, 
Табл пинхон чи занам, ташти ман аз бом афтод. 
Душ Салмон ба калам шархи гами дил медод, 
Оташ андар вараку дуд дар аклом афтод.
 

Аз рубоиёт

Бар бод дилам гуфт, ки бодо, бодо, 
Бо ёр бигу, ки хар чи бодо, бодо, 
К-он кас, ки маро зи сухбатат кард чудо, 
Шаб бо гаму ранчу руз бодо, бодо.

Гуфтам, ки магар ба иттифоки асхоб 
Дар мавсими гул тарк кунам бодаи ноб. 
Булбул зи чаман наъразанон дод чавоб, 
К-эй бехабарон, тарки гулу тарки шароб!

То нолаи булбулам ба гуш омадааст, 
Дил бо сари айшу ною нуш омадааст. 
Раг аз тани хушки чанг бархостааст, 
Хун дар тани чоми ман ба чуш омадааст.

Хохам, ки маро мудом омода бувад: 
Чоми маю шохиде, ки озода бувад. 
Чандон бихурам бода, ки гар хок шавам, 
Ин косаи сар хануз пурбода бувад.

Абр аст гухарбору хаво анбарбез, 
Ошик зи хаво чун кунад, охир, пархез? 
Соки сипехр бар кафи наргиси маст 
Бинход пиёлае, ки «кач дору марез».

Сармояи дину дил ба горат додам, 
Суди ду чахонро ба хасорат додам. 
Савганд зи май хазор пай хурдаму боз, 
Май хурдаму имон ба кафорат додам.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (09.04.2013)
Просмотров: 1636 | Комментарии: 1 | Теги: Сaлмони Соваҷӣ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru