Пятница, 26.04.2024, 01:07
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

САРКОНУН - САНАДИ МУКАДДАСУ ТАКДИРСОЗИ МИЛЛАТ - Иншо
 - 
САРКОНУН - САНАДИ МУКАДДАСУ ТАКДИРСОЗИ МИЛЛАТ

«Хадафи сиёсиси мо барпо кардани давлати демократию хукукбунёд аст. Дар ин чода, Сарконуни Чумхурии Точикистон хамчун санади воломакоми миллат ва шохсутуни устувори сулху вахдат, рахнамои хамешагии мо хохад буд», - гуфтааст Президенти кишварамон мухтарам Эмомалй Рахмон. Яке аз дастовардхои бузурги даврони Истикдоли Ч,умхурии Точикистон кабули Сарконуни Чумхурии Точикистон мебошад, ки соли 1994 сурат гирифтааст.
Акнун дар Сарконун низ чун тагйиротхои чомеа тагйиротхои куллй ба вучуд омад. Албатга, сабаби ба вучуд омадани ин руидоди бузурги таърихй такозои замон, пешравии чомеа ва сохибистиклолии кишвари азизамон Точикистон гардид.
Сарконуни Чумхурии Точикистон, ки хамчун санади меьёрню хукукй эьтибори олии хукукй дорад. арзиши олии миллат хисобида мешавад. Мувофики ин конун хукук, озодихои инсон ва шахрвандонро давлат эътироф, риоя ва хифз менамояд. Хукуку вазифахои инсон аз чониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад. Тибки талаботи Сарконун хеч як макомоти давлатй ва шахсони мансабдори давлатй ҳақ надоранд, ба ягон вачҳ ба кадру кимати инсон бирасанд. Масъалаи дигари мухими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инхо мебошад.
Сарконун асосан шиносномаи давлату миллат хисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорй ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он хамеша конуни асосии давлат хисобида шуда, сарчашмаи хамаи конунхо мегардад. Он барои хама баробар дониста мешавад.
Бо шарофати кабули Сарконуни Точикистон чун субьекти комилхукуки муносибатхои байналмиллалй, халки Точнкистонро чун мардуми бунёдкор, сулхпарвар ва фархангй шинохтанд. Ин санади мукаддас ва такдирсоз чун чароги фурузон рохи рушди давлати сохибистиклоли точикон ва мардуми онро барои садсолахо мунаввар мекунад.
Бо шарофати Ичлосияи ХУI Шурой Олии Чумхурии Точикистон барои омодасозй ва кабули Сарконуни давраи нав ба амал омад. Дар натича 6 ноябри соли 1994 ин конститутсия ба тарики райпурсии умумихалкй аз чониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рузи таърихй дар Точикистон рузи Конститутсия мукаррар гардид.
Сарконуни Чумхурии Точикистон аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Конститутсия хуччати муътабару муътамади такдирсози хар як миллат аст.
Сарконун тавонист ифодагари манфиатхои халки точик бошад, омоли мехнаткашонро инъикос намояд, точиконро дар арсаи олам муаррифй бисозад. Сарконун барои сулху салох ва вахдати комил расидани точикон накши мухим бозид. Ин хуччати такдирсоз аз чониби коршиносони байналхалкй дар шумори панч Конститутсияи бехтарину мардумитарин давлатхои узви Созмони Амният ва хамкорй дар Аврупо номбар гардид.
Албатга, дар тахия ва омодасозии Сарконуни даврони истиклоли Точикистон нақши Президенти мамлакат Эмомалй Рахмон нихоят зиёд аст. Инак Сарконуни Чумхурии Точикистон 16-сола мегардад ва мардум бо камоли ифтихор 6 ноябрро хамчун рузи Кабули Сарконуни Чумхурии Точикистон хамасола кайд менамоянд.
Хулоса, боиси ифтихор аст, ки Сарконуни кишвар дастгиру рохнамои мардуми точик гардид. Вазифаи хар як шахрванди чумхурй аз он иборат аст, ки Сарконунро эхтиром намояд.


Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 11576 | Теги: САРКОНУН - САНАДИ МУКАДДАСУ ТАКДИРС | Рейтинг: 3.3/10
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru